- Диданд: 82
Вохурии
муштараки сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бахшида
ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
Санаи 04 марти соли 2024 вохурии сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуќуќӣ» дар кӯчаҳои К.Маркс, Қ.Сардоров, Чоргултеппа, Роҳи нав, Низомии шаҳраки Сомониён бо иштироки муовини раиси ноҳия Бобошоҳзода М.С., раиси ҷамоати шаҳраки Сомониён Баротзода Х., иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Шарапова Ш., сармутахасисси бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия Нуров П. бо бо сокинони шаҳраки Сомониён оид ба амалисозӣ ва тавзеҳоти нуқтаҳои асосӣ аз Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 28.12.2023 ироа гардида, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соли маърифати ҳуќуќӣ эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, амалисозии «Стратегияи муќовимат ба экстримизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Стратегияи давлатии муќовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳодисаҳои худкушӣ ва суиќасд ба ҷони хеш дар давраи соли 2023 ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ гузаронида шуд.
- Диданд: 78
23-юми феврал дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Имсол аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол пур шуд.
Бахшида ба ин санаи муборак рӯзи 23-юми феврали соли 2024 дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ як қатор чорабиниҳо баргузор шуданд. Аз ҷумла, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода дар якҷоягӣ бо муовинон ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия бар пояи муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик - Спитамен гулчанбар гузоштанд.
Сипас, дар толори Қасри фарҳанг бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия, муовинони раис, мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони раёсати маориф, директорони коллеҷҳо, муассисаҳои таълимӣ ва афсарону сарбозон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории чорабинӣ раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода баромад карда, ҳозиринро бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуд. Дар рафти чорабинӣ муовини аввали раиси ноҳия - Аҳлиддин Шарифзода бо медали ҷашнии "25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва муовини раиси ноҳия - Муслима Саидмуродзода бо рутбаи ҳарбии навбатӣ - капитан қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, аз ҷониби раиси ноҳия як қатор афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ сарфароз гардиданд.
Дар хотимаи чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид.
- Диданд: 185
Нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода
оид ба натиҷаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рӯдакӣ дар соли 2023
Рӯзи 9-уми феврали соли 2024 дар маҷлисгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ нишасти хабарии раиси ноҳияи Рӯдакӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2023 баргузор гардид.
Дар нишасти хабарӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини аввал, муовинон, роҳбар ва кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок карданд.
Дар оғози нишасти хабарӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои шинос шудан бо натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2023 маълумотномаи мухтасар пешниҳод гардид.
Дар қисмати саволу ҷавоби нишаст хабарнигорон ба саволҳои хеш вобаста ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, роҳу коммуникатсия, саноату сохтмон, обёрии заминҳо ва таъмини оби ошомиданӣ, сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва дигар мавзуъҳои мавриди назар ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Бояд гуфт, ки дар нишасти хабарӣ хабарнигорон аз АМИТ "Ховар", рӯзномаҳои " Ҷумҳурият", "Садои Мардум", "Халқ овозӣ", "Омӯзгор", "Тоҷикистон", "Насими айём" ва телевизиони "Синамо" ширкат варзиданд.
Дар хотима раиси ноҳия ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои пайваста, инъикоси дастовардҳои ноҳия ва пайгирии камбудиҳои ҷойдошта изҳори сипос намуд.
Подкатегории
Саҳифаи 8 аз 64