Нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода

оид ба натиҷаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рӯдакӣ дар соли 2023

 

Рӯзи 9-уми феврали соли 2024 дар маҷлисгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ нишасти хабарии раиси ноҳияи Рӯдакӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар  соли 2023 баргузор гардид.

 

Дар нишасти хабарӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини аввал, муовинон, роҳбар ва кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок карданд.

 

Дар оғози нишасти хабарӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои шинос шудан бо натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2023 маълумотномаи мухтасар пешниҳод гардид.

 

Дар қисмати саволу ҷавоби нишаст хабарнигорон ба саволҳои хеш вобаста ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, роҳу коммуникатсия, саноату сохтмон, обёрии заминҳо ва таъмини оби ошомиданӣ, сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва дигар мавзуъҳои мавриди назар ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Бояд гуфт, ки дар нишасти хабарӣ хабарнигорон аз АМИТ "Ховар", рӯзномаҳои " Ҷумҳурият", "Садои Мардум", "Халқ овозӣ", "Омӯзгор", "Тоҷикистон", "Насими айём" ва телевизиони "Синамо" ширкат варзиданд.

 

Дар хотима раиси ноҳия ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои пайваста, инъикоси дастовардҳои ноҳия ва пайгирии камбудиҳои ҷойдошта изҳори сипос намуд.