Дар ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои таърихӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 корҳои муайянеро ба иҷро расонид.
Дар ноҳия 160 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд. Аз шумораи умумии муассисаҳои таълимӣ 121 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз ҷумла, 4 гимназия, 2 литсей, 1 мактаби дорои парваришгоњ, 2 мактаби дорои кӯдакистон), 32муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ (аз ҷумла, 2 мактаб – интернати ҷумҳуриявӣ) ва 7 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ фаъолият мекунанд.

Давоми соли 2017, масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва дониши хонандагон, дар фазои эҳсоси худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва волоияти арзишҳои фарҳангиву ахлоқӣ ба воя расидани ҷавонону наврасон таҳти таваҷҷуҳи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, қарор дода шуд.  

Дар  давраи ҳисоботӣ  160  муассисаҳои таълимӣ,  аз ҷумла, 121 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз он 5 Гимназия (3 гимназияи хусусӣ), 2 литсей,  1 мактаби  дорои парваришгоҳ, 2 мактаби  дорои кӯдакистон), 32 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 7 мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ, коллеҷҳои  фарҳангӣ, тиббӣ  ва техникӣ-омузгорӣ,  пурсамаҳсул  фаъолият  намуданд.  Аз ин шумораи муассисаҳо  дар 117 муассиса таҳсил бо забони тоҷикӣ, дар 23  муассиса таълим бо забонҳои    тоҷикию ӯзбекӣ, дар 3  муассиса  таълим  бо забонхои  тоҷикию русӣ ва дар 17  муассиса таълим  бо забони ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар таълимгоҳҳо 116063  нафар хонандагон  (аз ҷумла, 55869 нафар духтар)  ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли хониши гузашта  7351 нафар хонанда   зиёд мебошад. Дар  муассисаҳои таълимии ноҳия дар  53  синфҳои 10-11 аз рӯи равияи  ҷамъиятию гуманитарӣ ва дар  34 синфҳои 10-11 таълим  аз рӯи равияи табиӣ -  риёзӣ ба роҳ монда шуда аст.

Ҳоло дар муассисаҳои томактабии ноҳия, ки  шумораашон 12-то (аз ҷумла, 2- то хусусӣ)  мебошад, 1625 нафар кӯдакон дар 48 гурӯҳҳо тарбия меёбанд. Дар ин муассисаҳо барои таълиму тарбияи кӯдакон шароит фароҳам  оварда шудааст. Дар мавриди ҷалби ҳарчи бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, ҷиҳати бунёд, таъмиру муҷаҳҳазгардонӣ, таъминот   бо мутахассисон  ва таҳкими  заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои томактабӣ, рушди минбаъдаи кӯдакистонҳо, марказҳои  инкишофи кӯдакон ва ҷорӣ намудани шаклҳои нави кӯдакистонҳои  оилавӣ кори муайяне ба ҷо оварда шуда истодааст.

Мутобиқи  қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон № 9457 аз  4 октябри   соли  2011 «Дар  бораи   Барномаи   давлатии рушди  соҳаи  тарбияи  томактабӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои  2012 - 2016» ва бо мақсади   беҳтар  намудани   шароит,   сифати  таълиму  тарбия  дар  муассисаҳои   томактабӣ    ва ба  танзим  даровардани  системаи   тарбияи  томактабӣ,  нақшаи  чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия  ва мавриди амал қарор гирифтааст. 

Дар ин радиф муассисаҳои   томактабӣ марҳила ба марҳила аз таъмири  асосӣ   бароварда  шуда истода,  бо  таҷҳизот, аёниятҳои  таълимӣ, маводҳои   методиву  дастурӣ, бозичаҳо ва дигар ашёҳои зарурӣ таъмин  гардида истодаанд.  Сарчашмаи  асосии  таъминот  бо  маводи хӯрокаи муассисаҳои томактабиро  маблағҳои   буҷетӣ   ва  аз ҳисоби  волидон ташкил медиҳад.  

Дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро, ки дар  Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22 декабри соли 2016) баён намуданд, ба роҳбарӣ гирифта,  дар назди 14 таълимгоҳҳои ноҳия марказҳои инкишофи кӯдакон ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 367  нафар кӯдакони синни томактабӣ тарбия меёбанд. 

Мутаасифона, бо вуҷуди соли ҷорӣ оғоз гардидани бунёди як қатор кӯдакистонҳо, ҷараёни иҷрои нақшаи бунёди 30 кӯдакистонҳо, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси  қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи  Барномаи  рушди  муассисаҳои  таҳсилоти  томактабӣ  ва миёнаи  умумии  хусусӣ барои  солҳои  2014 - 2020  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  аз  3  майи   соли  2014, № 295  таҳия гардидааст, дар ноҳия бо сабабҳои мухталиф суст идома дорад.   

Соли 2017 даврҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ (ноҳияҳои тобеи марказ) ва ҷумҳуриявии  олимпиадаи хонандагон аз фанҳои таълимӣ баргузор гардид ва хонандагони синфҳои 9,  10 ва 11- и таълимгоҳҳои ноҳия 10 медали тилло, 14 медали нуқра ва 22 медали биринҷӣ гирифтаанд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии номӣ ва даставӣ бошад 23 нафар хонандагони таълимгоҳҳои ноҳия ширкат  варзида, соҳиби 1 медали тилло, 2 медали биринҷӣ ва се ҷойи ифтихорӣ шуданд.

Ба Маркази миллии тестӣ  2999  нафар хатмкунандагони синфи 11-и таълимгоҳҳои ноҳия  барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ  ҳуҷҷатҳояшонро супорида, дар натиҷа 1854 нафарашон (61.8%) донишҷӯ гардиданд.

Тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол 122 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии ноҳия, дар донишкадаю донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таҳсил карда  истодаанд, ки аз ин теъдод 63 нафарашон духтарон мебошанд. Соли ҳисоботи 19 нафар тибқи квота барои таҳсил фиристода шуд. 25 нафар омӯзгорон, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро тибқи квотаи Президентӣ хатм кардаанд, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия фаъолият доранд.

Дар ҷараёни тадбиқи ин барномаи компютеркунонии мактабҳо, таълимгоҳҳои  ноҳия бо 2011 адад компютер таъмин карда шуд. Лекин бо сабаби ҳамасола, ба ҳисоби миёна то 7000 нафар зиёд гардидани хонандагон, мактабҳо боз ба шумораи иловагии 550 адад компютерҳо ниёз пайдо намудаанд, ки дар ин самт тадбирандешиҳо идома доранд.  

Дар назди 19 таълимгоҳҳои  ноҳия лагерҳои истироҳатию фароғатӣ бо додани хӯрок  ташкил карда  шуда, бо ин мақсад аз буҷаи ноҳия 100000  сомонӣ ҷудо гардидааст. Ба ин лагерҳо дар мавсим (дар ду баст) 3000 нафар хонандагон фаро гирифта мешаванд.  Иловатан дар назди  дигар таълимгоҳҳо, бе додани хӯрок бо назардошти фаро гирифтани зиёда аз 4000 хонанда  лагерҳои истироҳатӣ ташкил карда шудаанд.

Давоми  соли 2017 дар ҳудуди ноҳия ду бинои нави муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, бинои нави таълимгоҳи №59 дар деҳаи Гулбуттаи деҳоти Чимтеппа барои 640 нафар хонанда дар як баст, бо 28 синфохона, ошхона барои 96 нафар, толори маҷлисгоҳ барои 360 нафар ва толори варзишӣ бо 120 ҷои нишаст аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Ширкати Чиноӣи ТВЕА ва бинои нави муассисаи таълимии №29-и деҳаи Хоҷабулбулони деҳоти Эсанбой барои 144 нафар хонанда дар як баст бо 6 синфохона, бо ҷалби сармояи хоричӣ (Сафоратхонаи Ҷопон) ҷамъ дар ду муассиса 1000 ҷоӣи нишаст, сохта ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон, сохтмони як муассисаи таълимии нав ва 7 биноҳои нав дар назди муассисаҳои таълимӣ дар умум барои 3272 ҷоӣи нишаст дар як баст идома дорад. Аз ҷумла; сохтмони бинои нави муассисаҳои таълимии №35 дар деҳаи Шаҳристони деҳоти Гулистон барои 640 ҷойи нишаст дар як баст аз тарафи ҶДММ “Мошинбозор”, бинои нави муассисаҳои таълимии №7 дар деҳаи Оби шифои деҳоти Чоргултеппа барои 640 ҷойи нишаст дар як баст аз тарафи ҶДММ “Бозори Корвон”, бинои нави муассисаҳои таълимии №144 дар деҳаи Иттифоқи деҳоти Султонобод барои 180 ҷойи нишаст дар як баст аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, бинои нави муассисаҳои таълимии №25 дар деҳаи Марғзори деҳоти Эсанбой барои 320 ҷойи нишаст дар як баст аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ идома дорад.

Дар ин радиф бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд дар назди муассисаҳои таълимии №№165, 79, 121, 9, 6 ва 41 15 синфхонаҳои иловагӣ барои 360 ҷоӣ нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуд.

Инчунин, сохтмони 100 синфхонаҳои иловагӣ барои 2400 нафар ҷоӣ нишаст дар як баст дар назди 24 муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҷумла, дар назди муассисаҳои №№2, 5, 36, 109, 28, 77, 177, 124, 69, 122, 137, 82, 128, 50, 49, 45, 61, 113, 132, 119, 105, 38, 114 ва 117   идома доранд.