- Диданд: 923
Ноҳияи Рӯдакӣ пораест аз сарзамини куҳанбунёди тоҷикон ва водиест басо хушманзараи Тоҷикистон. Пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе дар оғуши ноҳия маъво гирифта, табиати пурнакҳаташ ба дилҳо фараҳ, насими гулафшонаш руҳро болида медорад. Куҳу барзанаш сабзпӯш асту пурфайз, ҳар пораи сангаш ҳар ваҷаб заминаш зархез асту ҳуснофарин. Бе муболиға ин мавзеъ диёрест биҳиштосо ва ҷонбахш. Ва дар муддати таърихи тулонии беш аз 800- ҳазорсола дузахиёне ҷарроҳу бе раҳм; ҳасуду ҷанговарин ҷо роҳ ёфта, паӣ вайрониаш даст заданд, вале онро ба нестӣ расонида натавонистанд.
Доманакӯҳҳои сабзу хуррам, дарёҳо, майдонҳои васеъи киштзор дар ҳамсоягӣ бо вилояти Хатлон, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Варзоб ва дар марзи водии зарнигори Ҳисор ҷой гирифтану атрофи пойтахти мамлакати азиз - шаҳри Душанберо иҳота намуда дар шафати кишвари ҳамфарҳанги Узбекистон будан, барои зисти мардумони диёр шароити мусоид фароҳам овардааст.
Мавзеъҳои нотакрори ҳавзаи Кофарниҳон, шаршараи Мағмуруд, чашмаҳои Шуриён, обу боғҳои «Бибихурум» ва деҳаи Гулзор, ҷангалзорҳои ғори «Чилтан», «Нови паҳн» - и қаторкӯҳҳои Ғозималик, бӯстонсаройҳои Сарикиштии поёну боло, ангури ҷавси Роҳатӣ, меваҳои Рангон, сабзавоти Ќуштеппа, гӯсфандҳои зоти тоҷикии «Эсанбой», аспҳои хоҷагии «Асппарвар»-и Султонобод, гармхонаю гулҳои «Россия» ва Чимтеппа низ ба ифтихороти мардуми ноҳия мансубанд.
Сарчашмаҳои таърихию бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки аксари минтақаҳои ноҳия ба мисоли Масҷиди Мавлоно Яқуби Чархӣ, Теппаи Самарқандӣ, Чоргултеппа, Тоҷхон, Бачамазорсой, Масҷиди сангӣ, Ќарияи Камар, Кӯктош, Чортеппа, Мортеппа, Шайнак, Кампирқалъа, Эсанбой, Хоҷабулбулон, Ќалъаи Кофарниҳон, Хоҷа Бехоб ва «Намозгаҳ» мавҷудияти ҳазорсолаҳо ва таърихи бою қадима доранд.
Сарчашмаҳо исбот мекунанд, ки дар гузашта Чоргултеппа (вайронаҳои ин шаҳр дар ҳудуди шимоли Ғарбии шаҳраки Сомониён), Тоҷхон (Дар Ҷанубу Шарқии шаҳраки Сомониён) воқеанд, дар гузашта шаҳрҳое буданд ободу зебо. Комплекси археологии Стаханов, ки номи қадимаю аслиаш Санги Кабуд (Кӯктош) аст, шаҳодат ба макони зист будани ин мавзеъ ва густариши феодализм дар асрҳои IV-VIII аст. Бузургтарин осори таърихии он даврон санги мазори ин деҳа аст, ки ҳоло бо номи Санги Кабуд (Кӯктош) вуҷуд дорад.
Аз ноҳия осорҳои таърихие ба даст омадаанд, ки онҳо ба давраҳои гуногун: аз замонҳои хеле қадиму асрҳои миёна ва давраи наву навтарин дарак медиҳанд. Сарнайзаҳои сангӣ, оҳанӣ, тангаҳои мухталиф ва ғайра асрори дунёи қадимаанд.
Донистани таърихи ватани худ ифтихорест ба кори аҷдодон ва ҳифзи ҷойҳои муқаддасу таърихи аз хусусиятҳои беҳтарини ватандӯстонаи кишвардорӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ҳамин лиҳоз кӯшиш шуд, ки андаке бошад ҳам, маълумотҳоеро пешкаш намоем, то бидонанд чӣ касоне буданд гузаштагони ноҳия, чӣ қисмату сарнавиште доштанд ва чихел ҳокимон ҳукумронӣ кардаанд ва чигуна диёру мулке буд ноҳияи Рӯдакӣ дар гузашта … Ва боз дар ин перомуни барқароршавии сохти Шӯравӣ, муборизаҳои қувваҳои куҳану ҷадид, барпо намудану сохти колхозӣ, айёми пуртаҳлукаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд.
Зиёда аз ҳаштод сол – ин давраи ҳамчун ноҳияи мустақил ташкил шудани он дар назар дошта шудааст, вале дар асл ин сарзамин таърихи чандинҳазорсола дорад. Сарчашмаҳои таърихию бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки ин сарзамин ҳанӯз дар давраи ибтидоӣ манзили зисти одамон буд. Дар хусуси аз аҳди бостону миёна мисолҳои зиёд овардан мумкин, вале мо ба шарҳи комплексҳои орхеологии дар ноҳия мавҷуд буда ва баъзе маълумотҳое, ки шарҳи аҳвол, сарнавишт ва қисмати халқи ин марзу бум аст, қаноат намудем. Итминон дорем ки хонандаи бофарҳанг аз аснодҳои роҷеъ ба ёдгориҳои таърихӣ ва сарнавишти мардуми он овардаи мо дарк хоҳад, ки ин сарзамин чӣ таъриху тамаддуне дорад. Ёдгориҳои таърихӣ баёнгари онанд, ки аҷнабиён борҳо ба ин мулк лашкар кашида, беҳтарин қасру кӯшкҳои бо заҳмат бунёдкардаи халқро ба хок яксон карда бошанд ҳам, руҳияи қавии халқро шикаста натавонистанд. Аҷнабиён агарчӣ дар ҷанг пирӯз мешуданд, вале дар пеши фарҳангӣ мо сари таъзим меоварданд.
Дар ҳама давру замон дар ноҳия зиндагии мардум аз худ нақше мегузошт ва ин нақш ба наслҳо меърос мемонд. Бахусус даврони Инқилоби Октябр ва салтанати Иттиҳоди шуравӣ бо ҳама камиву костагияш нақши неке дорад. Дар ин давра миллатҳои гуногун бо ҳам он қадар қарин ва дӯсту бародар гардидаанд, ки назир надорад. Имрӯзҳам ноҳияи Рӯдакӣ сарзамини дӯстию бародарии безаволи халқҳо буда, намояндагони тамоми минтақаҳои мамлакат ва миллатҳои гуногун ҳамчун фарзандони як оила зиндагӣ мекунанд.
Ноҳияи Рӯдакӣ 17 сентябри соли 1927 бо номи Лақай -Тоҷик дар ҳайати вилояти Ҳисор таъсис ёфт. 21 январи соли 1935 ноҳияи Лақай-Тоҷик барҳам хурда дар асоси он ноҳияҳои Кӯктош, Султонобод ва Эсанбой таъсис дода шуданд. Соли 1939 ноҳияи Кӯктош ба ҳайати вилояти Сталинобод дохил карда шуд. Шаҳраки имрӯзаи Сомониён ба маркази маъмурии ноҳияи Кӯктош табдил дода шуд. Соли 1960 дар заминаи ноҳияҳои Кӯктош ва Варзоб ноҳияи Ленин таъсис ёфт. Бо Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2003 номи ноҳияи Ленин ба Рӯдакӣ тағйир дода шуд.
Масоҳати ноҳия 1812 километри мураббаъ буда, аҳолиаш ба 1 январи соли 2016 зиёда аз 482 ҳазор нафар мебошад. Аҳолӣ дар 16 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар 190 деҳаҳо сукунат дорад. Дар ноҳия 44 халқияту қавмҳо зиндагӣ мекунанд. Тоҷикон 76,6 фоиз, ӯзбекон 21,3 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд. Шумораи дигари миллатҳо 7040 нафар ё худ 2,0 фоиз мебошад. Ноҳия бо ноҳияҳои Ёвон, Хуросон, Ќубодиёни, вилояти Хатлон, ноҳияҳои Ҳисор Варзоб, шаҳри Ваҳдат ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст.