- Диданд: 16
Рӯзи 16-уми августи соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳайат”-и шаҳри Душанбе Конференсия-фестивал-намоиши байналмилалии илмию амалии "Масъалаҳои ҳалталаби рушди гӯсфанди ҳисорӣ" баргузор гардид.
Дар кори конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои байналмилалӣ, олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои гӯсфандпарварӣ иштирок доштанд.
Инчунин, олимону мутахассисони соҳаи гӯсфандпарварии аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Белорусия ширкат варзиданд.
Идомаи Конференсия-фестивал-намоиши байналмилалии илмию амалии "Масъалаҳои ҳалталаби рушди гӯсфанди ҳисорӣ" санаи 17-уми августи соли равон дар шаҳри Ҳисор доир гардид.
Дар оғози намоши байналмилалӣ иштироккунандагон аз дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд. Сипас, иштирокчиён намоиши молҳои хоҷагиҳои пешқадам дар самти парвариши гӯсфанди зоти ҳисориро тамошо карданд.
Барои қадршиносии хоҷагидорон аз рӯйи номинатсияҳо вазнкашии гӯсфандон доир карда шуд. Ҳамзамон, музоядаи гӯсфандон баргузор гардид, ки нахри қӯшқору мешҳо аз 30 ҳазор то 50 ҳазор сомонӣ ба фурӯш бароварда шаванд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ин амалигардонии рушди минбаъдаи соҳа ва тақвияти фаъолият дар парвариш ва селексияи зоти гўсфанди ҳисорӣ, ки ҳамчун захираи ирсии дастоварди мардуми тоҷик мебошад, ба ҳисоб рафта, ҷиҳати қадршиносии хоҷагидорон озмун аз рӯи 4 номинатсия, аз ҷумла “Қӯшқори наслдеҳ” (ҷои 1, 2, 3), “Мешҳои зотӣ” (ҷои 1, 2, 3), “Тухлиҳои зотии 18-20-моҳа” (ҷои 1, 2, 3) ва 1 шоҳҷоиза барои “Чемпиони мутлақ (қӯшқор)” доир гардида, дар он гӯсфандони пешниҳодшуда аз рӯи ҷусса, синну сол, вазни зинда, намуди зоҳирӣ, раванди маҳсулнокӣ ва таркиби зот аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ карда шуданд.
Инчунин, барои иштироки фаъолона ва саҳм гузоштан дар рушди соҳаи гусфандпарварӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри ноҳияҳо ва хоҷагиҳои алоҳида бо Сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуданд.
Бояд гуфт, ки дар чорабинии мазкур хоҷагиҳои гӯсфандпарварии ноҳияи Рӯдакӣ низ ширкат варзиданд. Пас аз натиҷагирии фестивал Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо "Шоҳҷоиза", медали тилло ва Сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуд.
- Диданд: 496
Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 605 млн. 685 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 20,1 фоиз кам мебошад; аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 339 млн.402 ҳазор сомонӣ ё ин ки 32,5 фоиз коҳиш ёфта, чорводорӣ 266 млн.174 ҳазор сомонӣ ё ин ки 4,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Соли 2021 кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 22655 га гузаронида шуд.
Аз майдони кишти гузаронидашуда 14903 га. ғалладонагиҳо, аз ин гандум 11592 га, ҷуворимакка барои дон 640 га, шолӣ 30 га, зироатҳои равғандеҳ 1978 га, аз он ҷумла офтобпараст 169 га, зағир 1809 га, пахта 232 га, картошка 701 га, сабзавот 1010 га, полезӣ 137 га, зироатҳои хӯроки чорво 3220 га-роташкил менамояд.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 7671 тонна-97,0 фоиз. шир 26469 тонна- 95,1 фоиз, пашм 93,6 тонна - 93,6 фоиз, тухм 32,7 млн дона -160,1 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми истеҳсоли гӯшти моҳӣ 2,1 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2020 65,6фоизро ташкил медиҳад.
Соли 2021 тибқи Барномаи рушди соҳаи картошкапарварӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонии ноҳия дар майдони 327 га (нақша 400 га) кишти картошка гузаронида шуд, ки 81,5 фоизи нақшаро ташкил намуда.
Соли гузашта майдони умумии кишти пахта 232 гектарро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2020 121 га кам буда, мутаносибан дармавсими соли 2021, 381 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.
Соли 2021 12,0 га боғу токзори нав бунёд гардид.
Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар соли 2021 ба истифодабарандагони об ба миқдори 41 млн м3 оби полезӣ додааст, ки иҷроиши солона 79,6 фоизро ташкил медихад.
Дар соли 2021 аз ҳисоби заминҳои деҳоти Лоҳур ва Султонобод масоҳати 41,46 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд.
То санаи 1 январи соли 2022 дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонии ноҳия майдони 4728 гектар замин шудгор карда шуда, 3625 гектар кишти зироатҳои тирамоҳӣ гузаронида шуд.
Саҳифаи 1 аз 2