Кишоварзони ноҳия баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ, самаранок ва оқилона истифода бурдани замин ва руёнидани ду-се ҳосил аз ҳар гектар замин сармашқи кори худ қарор дода, дар шашмоҳаи соли 2018 ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 230 млн. 78 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешина 51 млн. 453 њазор сомон ё ин, ки 28,8 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ноҳия дар майдони 12575 гектар кишти зироатҳои баҳорӣ гузаронида шудааст, ки аз он ғалладона ва лӯбиёгиҳо бо ҷуворимаккаи дон 7482 гектар, пахта 557 гектар, зағер 1950 гектар, полезӣ 51 гектар, картошка 634 гектар, сабзавот 885 гектар, хӯроки чорво 217 гектар, дигар намуди зироатҳо 799 гектарро ташкил додааст. Ин нишондодҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кишти баҳори ҳамагӣ 2414 гектар, ғалладона ва лӯбиёгиҳо бо ҷуворимаккаи дон 1713 гектар, пахта 208 га, зағир 225 гектар, картошка 299 гектар, сабзавот 182 гектар зиёд буда, полезӣ 14 гектар кам мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба миқдори 13255 тонна ғалладонагиҳо,15972 тонна картошка, 15157 тонна сабзавот ва 976 тонна мевагиҳо истеҳсол карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли картошка 2,4 баробар сабзавот 31,4 фоиз ва мевагиҳо 59,5 фоиз зиёд мебошад. Инчунин то ин давра дар майдонҳои аз кишти зироатҳои асосӣ холигашта кишти такрорӣ дар майдони 964 гектар гузаронида шудааст, аз он ҷумла зироатҳои ғалладона 395 гектар, офтобпараст 20 гектар, полезиҳо 6 гектар, сабзавот 92 гектар, дигар зироатҳои техникӣ 4 гектар ва макка барои силос 447 гектар мебошад.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №793 аз 30 декабри соли 2015-ӯм «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» аз ҳисоби маблағои худи дар ноҳия ҳамасола бояд дар майдони 46 гектарӣ, ҷамъ дар панҷ сол 230 гектар боғу токзор бунёд карда шавад. То ин давра бо дастгирии соҳибкорон ва хоҷагидорони деҳотҳои Зайнабобод, Лоҳур ва Қиблаӣ дар майдони 36,8 гектар боғу токзор бунёд намуданд. Бояд қайд кунем, ки дар се соли пешин дар ноҳия 428,7 гектар боғу токзор бунёд шуда, дурнамои барнома то соли 2020 барзиёд иҷро гардидааст.
Санаи 30 январи соли 2018 дар Боғи «Дусти»-и шаҳри Душанбе ҷашни Иди «Сада» баргузор гардид. Дар он намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагидорон, хоҷагиҳои ниҳолпарвар ва соҳибкорон фаъолона иштирок намуда, дастовардҳои кишоварзӣ, таъомҳои миллӣ аз қабили тандуркабоб, қурутоб, шакароб, ширкаду, далда, нахудшурак, маҳсулоти нонӣ, нону кулча, ҳунарҳои мардумии табақтарошӣ, сабадбофӣ, чӯбтарошӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ ва ғайра ба намоиш бароварда шуд.
Дар ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо, ки моҳи январ назди Боғи «Дустӣ»-и ш.Душанбе баргузор шуда буд, хоҷагидорону соҳибкорон зиёда аз 381 ҳазору 753 бех ниҳолҳои мевадиҳанда, ҳамешасабз, сояафкан ороишӣ ва гулу буттаҳоро пешкаши харидорон намуданд.
Тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе назди маркази савдои «Ёвар», маркази савдои «Меҳргон», назди бинои маъмурии «Тоҷикфилм», Боғи «Дустии Халқҳо», ҷамъ 37 ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд, ки дар он 241 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи аз 20 то 30 фоизи нисбати нархи бозор арзон пешкаши аҳолӣ гардонида шуд.
Бо мақсади таъмини аҳолии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он дар давраи зимистон ва аввали баҳор бо сабзавоти тару тоза, махсусан кабудиҳо, соли ҷорӣ дар майдони 10,5 гектар гармхона ва 19,0 га зери плёнка кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки майдони гармхона ва зери плёнка дар умум 29,5 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин майдонҳо ба миқдори 375 тонна сабзавоти тару тоза ҷамъоварии намуданд, ки аз он 144 тонна помидор ва 231 тонна дигар намуди сабзавот мебошад.
Баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №727 аз 1декабри соли 2014 «Дар бораи Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2019» дар ду соли охир дар ноҳия яхдону сардхонаҳо дар ҳаҷми 7800 метри мурабаъ барои захираи зиёда аз 2642 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бунёд карда шудааст, ки дар мавриди истифода қарор доранд.
Ҷиҳати сари вақт гузаронидани корҳои саҳроӣ ва таъмин будани хоҷагидорон бо техникамои кишоварзӣ дар нимамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 600 адад тракторҳои гуногунтамға, 26 адад комбайни ғалладаравӣ 173 адад ядакҳои тракторӣ, 34 адад тухмипошакҳо, аз он ҷумла тухмпошаки пахта 22 адад, 397 адад испорҳо ва дигар мошинолотҳо мављуд аст, ки тайёрии онҳо аз 57 то 91 фоизро ташкил медиҳад.
Бо мақсади дастгирӣ намудани деҳқонон ва сари вақт гузаронидани кишти зироатҳо, коркард ва ҷамъоварии ҳосил дар ноҳия 2 маркази хизматрасонии техникӣ фаъолият намуда истодааст, ки 1 ададаш аз мисоби КВДҶ «Тоҷикагролизинг» мебошад. Ғайр аз ин 23 хоҷагии деҳқонӣ ва шахсони алоҳида ба таври лизингӣ 27 трактор ва дигар мошинолотҳо гирифта истифода бурда истодаанд.
Аз тарафи ситоди ноҳиявӣ нақша – чорабиниҳои тартиб додашуда оиди бурдани мубориза бар зидди малах амалї шудаистодааст. Ҳамасола майдонҳои эҳтимолияти паҳншавии он муайян мешавад. Ситодҳои ҷамоати деҳоти Эсанбой ва деҳотҳои он ташкил карда шуда, мушоҳидачиён ва гуруҳҳои кори мавсимӣ амалӣ мекунанд.
Ба ҳисоби шашмоҳа аз ҷонибӣ МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»- и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳрхимикат – 382 литр, сузишвории дизелҳ – 510 литр, бензин АИ – 92 – 190 литр, либосҳои муҳофизавӣ – 18 ҷуфт, дорупошаҳои муҳаррикдор ва дастӣ – 8 адад. Трактори МТЗ -82,1 бо дорупошаки тос 2000 - 1 адад дастрас гардида, аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ демоти Эсанбой сузишвории дизелӣ – 280 литр, бензин АИ-92 – 100 литр ва барои хурокаи ёрдамчиён 650 сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд. Дар натиҷи кори дастаҷамонаи ситод то ин давра дар 1200 гектар майдони паҳншавии малахи марокашӣ коркард гузарониданд.
Саршумори чорвои калони шохдор 72521 сар, бузу гусфанд 107051 сар, асп 1813 сар ва парранда 185813 сар ташкил медимад, ки ин нишондод нисбати соли пешина чорвои калони шохдор 1276 сар, гусфанду буз 3999 сар, парранда 13271 сар зиёд буда, асп87 сар, кам мебошад.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия гушт 2690 тонна, шир 9384 тонна ва тухм 4 млн. 724 ҳазор дона, пашм 82 тонна, пилла 11,7 тонна истењсол гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 94 тонна гушт, 331 тонна шир 1094,0 ҳазор дона тухм, зиёд истеҳсол гардида, пашм баробари соли пешин мебошад. Пилла нисбати соли гузашта 4,4 тонна кам гардидааст.