Парчами миллӣ ифодаю тасдиқи нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи миллати куҳанбунёд ва соҳибаҷдоди тоҷик буда, он эҳсоси ватандорию ватанпарастӣ, худшиносию худогоҳии миллии ҳар як фардро баланд мебардорад ва фарҳангсозу соҳибтамаддун будани халқи моро исбот менамояд. Ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бисту чоруми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки он боиси ифтихори ҳар яке аз соҳибватанон мебошад. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи дарки муҳаббату садоқати ҳар яки мо ба давлатдории миллӣ аст ва мардуми сарбаланду меҳнатқарини диёр зери ливои муқаддаси давлати худ дар тамоми ҷодаҳои хоҷагии халқ шарафмандона кору фаъолият менамоянд. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Халқи тоҷик аз замонҳои  хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хоса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад. Оини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидона дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдати ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад.»                                        

      Дарвоқеъ, мувофиқи маълумоти дақиқи сарчашмаҳои таърихӣ қавмҳои ориёӣ аз давраҳои қадимтарин ба парчам эътиқоди бузург  доштаанд ва дар он мероси арзишманди фарҳангӣ, аҷдодӣ, роҳи пурифтихори тайкардаи худ ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлату давлатдориро инъикос намудаанд. Дар парчамҳои аввалини бани башар тасвирҳои ҳайвону паррандагон аз қабили шер, аждаҳо, уқоб, мор ва ғайра мунъакис мегардиданд, ки рамзҳои гуногунро ифодагар буданд ва онҳо дар давраҳои қадим бештар бо амалиёти ҷангӣ пайвастагӣ доштанд. Дар парчами Куруши Кабир уқоб акс ёфта будааст, ки он қудрату тавоноии давлатро маънидод менамуд. Ҳамчунин парчами Коваи оҳангар , ки аз пешдомани чармин бо 4 ситораи тилло, сангҳои қимматбаҳо, лентаҳои ороишии сурху зарду бунафш ороста шуда, Дирафши Коваёнӣ ном дошт, нишонаи ҷоннисориҳои аҷдодони сарбаланду меҳанпарасти гузаштаи мо мебошад. Парчами мо реша дар таърихи куҳани миллӣ дошта, мувофиқи далелҳои сарчашмаҳои муътамади илмию таърихӣ, аз ҷумла китобҳои қадимии «Авесто» ва «Таърихи Табарӣ» умри пурбаракату пандомӯзи он ба 7000 сол мерасад. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди ҳалқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодию истиқлолият шинохта мешавад. Мувофиқи маълумоти таърихнигорон Дирафши Коваёнӣ муддатҳои тӯлоние барои халқи сарбаланди мо мояи ифтихору ғурур ва илҳомбахши пирӯзиҳои ворисони Фаридун будааст.       

      Лозим ба ёдоварист, ки дар солҳои аввалини мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ давлати Тоҷикистон яке аз давлатҳои таркиби он буда,  дар соли 1924 парчами он сурхи якранг буд. Дар канори чапи он акси досу болға, ситора,  пахта  ва навиштаҷоти бо хати форсӣ-«Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!»- ҷой дода шуда буд. Дар соли 1953 парчами Тоҷикистон ба дигаргунӣ дучор шуда, сохтораш қисман содатар гардид, яъне аз боло ба поён ранги сурх,  дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз, дар гӯшаи чап, аз боло досу болға ва ситорача ҷойгир шуда буданд. Чунин тарҳи парчами Тоҷикистони шӯравӣ то 1991 мавҷуд буд.                                     

    Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида  шуда, рахи боло ранги сурх дорад ва паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад. Рахи сафеди мобайнӣ  якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст ва дар рӯйи рахи сафед, дар мобайни парчам бо зарҳал  расми тоҷи тансиқшуда, ба болои он ҳафт  ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст.          Дар парчами Ватани маҳбуби мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстию ватанпарастӣ, ҳимояи марзу буми муқаддаси мо таҷассум гардидааст.             

     Рангҳои Парчами миллӣ ифодагари роҳи таърихии тайнамуда ва арзишҳои маданӣ, маърифатӣ ва фарҳангии миллии тоҷикон мебошанд. Ранги сурх- рамзи муборизаву ҷоннисории халқи тоҷик барои озодӣ ва истиқлолияти миллӣ дар давоми ҳазорсолаҳо, ранги сафед- бахту саодат, покиву покизагӣ, умеду орзу ба ояндаи дурахшон ва ранги сабз нишони сарсабзиву шукуфоӣ , сарбаландию хуррамӣ мебошанд. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор рафта, бо дидани он ифтихори ватандорӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегирад. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта , меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаю фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар як шахс мебошад.                                         

      Парчами миллии Тоҷикистон пешгоҳи бинои Созмони Миллали Муттаҳидро  оро дода, диёри моро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва  ягонаю ҳуқуқбунёд муаррифӣ менамояд. Дар назди Парчами миллӣ аз кормандони сатҳи олӣ то сарбози қаторӣ рост истода, нисбат ба халқу Ватан савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ба ифтихори пирӯзии фарзандони сарсупурдаю шуҷои миллат дар майдонҳои илмӣ, техникӣ,  варзишӣ ва ғайра бардошта шуда, дар партави он Суруди миллӣ садо медиҳад. Парчами давлатии  Тоҷикистон пешгоҳи биноҳои мақомоти давлатиро зиннат мебахшад.                                  Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Ватани маҳбубамон мебошад, ки маҳз бо пешниҳоди Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи ноябри соли 2009 ҳамасола 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад ва ин маъракаи муҳимми сиёсӣ имрӯзҳо ба як ҷашни бошукӯҳи изҳори муҳаббату садоқат ба Ватан ва тантанаи адолату садоқат мубаддал гардидааст.                            

 МУҲАММАДВАЛӢ ШАҲИДУЛЛОЗОДА -- Прокурори ноҳияи Рӯдакӣ

 

            Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маркази ноҳия ифтитоҳ намуданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Сомониён дар пояи баландии 45 метр қомат афрохта, паҳноии матои он 7 метр ва дарозиаш 14 метрро ташкил медиҳад.

Баландии пояи Нишони давлатӣ, ки дар шафати Парчам сохта шудааст, 22 метр мебошад.

Дар баробари сохтмони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар атрофи ин ду муқаддасоти миллӣ гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст. Атрофи иншоот чароғон ва ободу зебо карда шуда, фаввораҳо низ сохта шудааст, ки аз ин пас ҷойи сайру гашти сокинон ва меҳмонони ноҳия мешавад.

Бунёди рамзҳои давлатӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошти муқаддасоти миллӣ сурат гирифтааст.

Лоиҳаи Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масулияти маҳдуди «Тоҷмаҳал-2010» таҳия гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам ободу зебо намудани атрофи иншооти мазкур ба масъулон дастуру ҳидоят доданд.

Дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама гӯшаву канори мамлакат корҳои созандагию бунёдкорӣ идома дорад. Бунёди парчаму нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия ва ба макони сайру гашти сокинон тадбил ёфтани ин мавзеъ туҳфаи арзишманд ба сокинони ноҳия ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ маҳсуб меёбад.

 

          25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар деҳоти Чоргултеппа ба фаъолияти корхонаи «Оҳангудозии Тоҷикистон» оғози расмӣ бахшиданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оҳангудозии Тоҷикистон» бо иқдомҳои созандаи Пешвои миллат ҷиҳати татбиқи бомароми ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати мамлакат, истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ ва ба роҳ мондани содироти он ба хориҷи мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо ин васила беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ бунёд шуда, аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ калонтарин корхона дар ҳудуди ноҳия ба ҳисоб меравад.

Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки самти асосии фаъолияти корхонаи навтаъсис коркарди оҳанпора ва истеҳсоли ду намуди масолеҳи сохтмонӣ – арматур ва ноқил бо андозаҳои гуногун мебошад. Барои идора намудани дастгоҳу технологияи замонавӣ ва банду басти маҳсулоти истеҳсолшуда 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб карда шудаанд.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 60 ҳазор тонна арматур ва ноқил буда, сифати маҳсулот дар асоси таҳлили мутахассисон ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Ашёи хом ба корхона қисман аз дохили ҷумҳурӣ ва хокаи кимиёвии он бошад, аз Ҷумҳурии Қазоқистон дастрас шуда, дуди ғализи он бо истифода аз дастгоҳҳои махсус коркард ва безарар гардонда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, дар самти амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ҷалби сармоя, бунёди корхонаҳои муосири саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба роҳбарият ва масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, барои бо сифати хуб истеҳсол шудани маҳсулоти корхона дастгоҳу технологияи муосир дар доираи ҳамкорӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб гардидааст, маҳсулоти ниҳоӣ арматур ва ноқил пас аз коркарди оҳанпора, истифодаи моддаи кимиёвӣ ва об кардан омода ва банду баст карда мешавад.

Дар саҳни корхонаи «Оҳангудозии Тоҷикистон» ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти саноатии ноҳия муаррифӣ гардид.

Маврид ба таъкид аст, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми соҳибкорони ватандӯст ва ҷалби сармояи хориҷӣ 13 корхона бо таъсиси 300 ҷои корӣ бунёд гардид, ки ин раванд ба боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид гузошт.

Татбиқи бомароми барномаҳои давлатӣ ва бунёду барқарорсозии корхонаҳои истеҳсолӣ имконият фароҳам сохт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия зиёд ва сатҳи иқтисодию иҷтимоии ноҳия сол то сол беҳтару хубтар гардад.

Дар 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 243 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил дод. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,3 фоиз зиёд мебошад.

Айни ҳол дар ноҳияи Рӯдакӣ 127 корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ фаъолияти пурсамар дошта, бо дарназардошти афзоиши талабот ҳаҷми истеҳсол ва номгуи маҳсулот марҳила ба марҳила зиёд карда мешавад.