Дар давоми 11 моҳи соли 2020 шӯъбаи «Рӯдакӣ-Варзоб» Қонун ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулгардидаи соҳаи нақлиётро мавриди дастурамал қарор дода, мутобиқи нақшаи кории тасдиқгардида ва фармону супоришҳои  роҳбарияти Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақиёт корҳои назаррасеро ба анҷом расонид.

    Ҷиҳати ба танзим даровардани нақлиётҳои мусофирбар дар хатсайрҳои ҳудуди фарогири шӯъба, нозирон ҳамкории пайваста ва қавӣ  бо мақомотҳои дахлдор ба роҳ монда, баҳри баланд бардощтани дониши ҳуқуқии ронандагон ва сатҳи хизматрасони ба аҳоли бо ронандагон санҷишҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ  гузаронидаанд.  Бо дастури Шумо муҳтарам Раис  сар карда аз 26 ноябри соли равон баҳри тағйир додани нуқтаҳои аввалу охири ҳама хатсайрҳои мусофирбар ба Терминали ноҳия нозирони шӯъба дар ҳамбастаги бо нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ  саъю  кӯшиш намуда истодаанд.        

     Инчунин дар ин давра, ки хатари бемории сироятии коронавирус бештар аст ва барои пешгири аз чунин паёмадҳо нозирони шӯъбаи «Рӯдакӣ-Варзоб» хамарӯза баромади воситаҳои нақлиётҳои мусофиркаши ҷамъиятҳои фарогири шуъба ва муассисаи нигоҳдории роҳҳо ва дигар корхонаҳои нақлиётиро зери назорат гирифтаанд.

   Дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ  329,1 км роҳҳои атомобилгард, ки аз ин 24,6км роҳҳои байналмиллали, 150 км ҷумҳуриявӣ ва 154,5км маҳаллӣ меошад. 5 адад ҷамъиятҳои мусофиркашу боркаш, 48 адад нуқтаи хизматрасонии техникӣ, 21473 адад нақлиётҳо мавҷуд буда 21283 адади онҳо фаъолияткунанда(аз ҷумла 2456 адад дар истеҳсолот) мебошанд.

    Дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ як терминали мусофиркашони ҶДММ ЛТД «Анвар» фаъолият менамояд, ки иҷозатнома кунонида шудааст ва то  соли 2025 эътибор дорад. Ҷамъият дорои 4 хатсайри мусофирбар буда,(хатсайри №85 ш.Сомониён то деҳаи Тоҷикобод, №268 ш. Сомониён то поёни пули 46-ум, 268 А Пули 46-ум то бозори автомобилҳо, №258 Ҷамоати М. Турсунзода то Тоҷикобод) бо 273 адад нақлиётҳо ба аҳолии ноҳия ва меҳмонон  хизматрасони менамояд. Аз ин шумора 111 адад бо рақамҳои зарди ТТ ва боқимонда бо рақамҳои сафед. Инчунин ҷамъият бо 60 нафар ронандагони нақиётҳои боркаш шартномаи  хамкори дорад, ки маълумотҳоро мутаасифона ба мо пешниҳод  намекунад.

       ҶДММ «Сумаё» дорои чор хатсайри мусофирбар буда, №265 ш. Сомониён то Терминали Чимтеппа бо 41 адад нақлиёт, №259  А ш. Сомониён то деҳаи Лоҳур  ва №259 ш. Сомониён то деҳаи Галахона бо 43 адад нақлиёт ва №145 Терминали Чимтеппа то Терминали ш. Ҳисор бо 28 адад нақлиётҳо шартномаи ҳамкори доранд ва ба мусофирон хизматрасони менамоянд. Инчунин чамъият бо 186 адад нақлиётҳои боркаш шартномаи хамкори дорад.

       ҶДММ «Ҷассур-Т» бо 120 адад нақиётҳои сабукрави «такси» ва 200 нафар ронандагони нақлиётҳои боркаш шартномаи ҳамкорӣ дорад.

      ҶДММ «Билол-Транс» дорои як хатсайри мусофибар №143 ш. М.Турсунзода то деҳаи Истиқлол 5 буда, бо се нафар ронандаи нақлиёти мусофирбар шартнома бастааст, ки аз сабаби бе  таъмир будани роҳи болозикр хатсайр фаъолият накарда истодааст. Инчунин чамъият бо 167 ронандаи нақлиёти боркаш шартномаи ҳамкори дорад.

       ҶДММ «Идриссохтмон» бо 51 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти сабукрави «такси» шартномаи хамкори дошта ба аҳолии деҳаҳои Шайнак, Чимтепа, Сомон, Пахтакор ва гайра хизматрасони менамояд.

    Дар давоми 11 моҳи соли 2020-ум 25-адад нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ ва таъмири  чархҳо аз санчиш гузаронида шуд, ки нисбати 19 нафар соҳибкор бо моддаи 510 қ 2 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмури тартиб дода шуданд.  Барои дағалона вайрон намудани қоидаҳои мусофиркашонӣ, бе иҷозатнома фаъолият намудан, дар роҳ шустани нақлиёт, бе болопӯш кашонидани бори пошхӯранда,  бори вазнину андозааш аз меъёр зиёд ва ғайра, нисбати 1320  нафар ронандагон ва соҳибкорон протоколҳои ҳуқуқвайронкуни маъмуриӣ ба маблаги 263784 сомонӣ  аз ҷумла бо моддаҳои 510-172 адад, 511-98 адад протокол тартиб дода шудааст, ки барои баррасӣ намудан ба судҳои мавқеи зисташон равон карда шудаанд. Бо моддаҳои 290-80 адад,  291-7 адад, 322-680 адад, 323/1-213 адад,  311-54  адад ва 324-16 адад протокол тартиб дода шудааст.

       Агар нисбати 11моҳи соли 2019 гирем 30 адад протокол  ба маблаги   68369  сомонӣ зиёд  мебошад. Дар давоми 11 моҳи соли 2020 аз ҳисоби протоколҳои тартибдодашуда 263784 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст, ки 147608  сомониаш ба буҷа ворид гардидааст. Аз ҳисоби протоколҳои тартибдодашудаи соли 2019 бошад, 49530 сомони ба буҷа ворид гардидааст.

      Дар 11 моҳи соли 2020 кормандони шӯъба бо дастгирии дигар шӯъбаҳои Раёсат фаъолияти муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Рӯдакиро зери назорат қарор дода, дар рӯзҳои барфу яхбандиҳо аз вазъи ағбаҳои Фахрободу Султонобод ба Вазорат  ахборотҳо пешниход намуданд.

       Инчунин тибки супориши протоколии Муовини Сарвазири ҶТ таҳти №6/27-80 аз 03.10. соли 2017 «Оиди ба ҳолати садамави карор гирифтани пулҳои роҳи автомобигарди РҶ043 «Душанбе-Рудакӣ» дар  км 9,8 ва 11-ум нуқтаҳои назоратии доимоамалкунандаи шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст, ки дар амалишавии он  саҳми нозирони шуъба назаррас мебошад. Дар ин давра нозирони шуъба барои бартараф намудани камбудиҳо ба 25 нафар шахсони воқеи ва ҳуқуқи алалхусус ба ҷамъиятҳои мусофирбар барои сару либоси ягона «Огоҳинома»-ҳо додаанд, ки аксарияташон  ҳалли худро ёфтаанд.

       Кормандони шӯъба дар корҳои ҷамъиятӣ, ободонӣ ва хайриявӣ фаъолона иштирок намуда ва  кӯшишу ғайрат менамоянд, ки ҳамаи супоришҳои аз тарафи Хадамоту Раёсат ва Ҳукумати ноҳия дода шударо  сарбаландона иҷро намоянд.

            

      

Оид ба таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгарди ноҳия бояд қайд кард, ки дар тавозуни муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 3 адад мошинаҳои автопогрузчик, 1 адад автогрейдер, 5 адад автомашинаҳои боркаш, 2 адад автомашинаҳои сабукрав, 3 адад тракторҳо, 1 адад автобус, 1 адад крани борбардор ва 1 адад погрузчики хурд дар ҳолати коршоям қарор дошта, муассиса дар 326.1 км роҳ, аз ҷумла: 24.6 км роҳҳои байналмиллалҳ, 150 км роҳҳои ҷумњуриявӣ ва 151.5 км роҳҳои маҳаллӣ хизматрасонӣ мекунад. Аз ҷумла ду ағбаи асосӣ Фахробод ва Султонободро нигоҳмубин ва нигоҳдорӣ намуда,баҳри таъмини бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами нақлиёт дар роҳҳои байналмиллалӣ 21 адад, ҷумҳуриявӣ 1125 адад ва дар роҳҳои маҳаллӣ 773 адад аломатҳои роҳ  хизматрасонӣ  намуда, дар ағбаҳо ва минтақаҳои хавфнок монеъаҳои бетонии огоҳкунанда гузошта шудаанд.