Оид ба таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгарди ноҳия бояд қайд кард, ки дар тавозуни муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 3 адад мошинаҳои автопогрузчик, 1 адад автогрейдер, 5 адад автомашинаҳои боркаш, 2 адад автомашинаҳои сабукрав, 3 адад тракторҳо, 1 адад автобус, 1 адад крани борбардор ва 1 адад погрузчики хурд дар ҳолати коршоям қарор дошта, муассиса дар 326.1 км роҳ, аз ҷумла: 24.6 км роҳҳои байналмиллалҳ, 150 км роҳҳои ҷумњуриявӣ ва 151.5 км роҳҳои маҳаллӣ хизматрасонӣ мекунад. Аз ҷумла ду ағбаи асосӣ Фахробод ва Султонободро нигоҳмубин ва нигоҳдорӣ намуда,баҳри таъмини бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами нақлиёт дар роҳҳои байналмиллалӣ 21 адад, ҷумҳуриявӣ 1125 адад ва дар роҳҳои маҳаллӣ 773 адад аломатҳои роҳ хизматрасонӣ намуда, дар ағбаҳо ва минтақаҳои хавфнок монеъаҳои бетонии огоҳкунанда гузошта шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди ноҳя пули деҳаи Сароби деҳоти Зайнабобод, роҳи автомобилгарди Улҷабой-Қиблаиро бо маблағи умумии 48 ҳазор сомонӣ таъмиру барқарор намуда, таъмиру барқарорсозии пули деҳаи Хуҷабулбулони роҳи автомобилгарди Лоҳур-Эсанбой-Сайёд аз тарафи муассиса идома дорад.Ҳамзамон, аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ роҳи автомобилгарди деҳаи Дарёободи деҳоти Гулистон бо дарозии 1.0 км мумфарш карда шуда, корҳои азнавбақароркунии роҳҳои автомобилгарди кучаҳои шаҳраки Сомониён аз ҷумла; И.Сомонӣ дар масофаи 3300 метр, С.Шерозӣ дар масофаи 750 метр, Рӯдакӣ дар масофаи 750 метр ва Маърифат 480 метр бо ҷойгир намудани 371 адад обравҳои бетонӣ дар паҳлуи роҳ ба маблағи умумии 9,8 миллион сомонӣ, ки бомаблағгузории Дирексияи сохтмонҳои иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.Инчунин, таъмиру тармим ва васеъшавии роҳҳои кӯчаҳои И.Сомонӣ маркази ноҳия бо маром идома дошта, роҳҳои автомобилгард ва пиёдароҳҳо инчунин, аз ҳисоби бартарафсозии иншоотҳои худсарона сохташудаи аҳолӣ роҳҳои кӯчаҳои И.Сомонӣ, маҳаллаи 5-ум, Озодӣ то гардиши кӯчаи Бустон, Бедил аз варишгоҳ то гардиши кӯчаи Навруз, Гагарин, Ҷавонон аз буриши кӯчаи Рӯдакӣ то гардиши кӯчаи Маърифат васеъ гардидаанд.Ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёту пиёдагардон ва пешгирии тамбашавии роҳҳои автомобилгарди шаҳраки Сомониён, дар шаҳраки Сомониён 4 чароғакҳои роҳ (замонавӣ) насб карда шуда, 3 таваққуфгоҳи нақлиёт аз ҷумла, дар шафати бинои Раёсати маорифи ноҳия, дар назди бозори “Ганҷ” ва назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар сохта ва мавриди истифода қарор дода шудааст.Дар ҳудудуи ноҳия дар давраи ҳисоботӣ Сохтмони Лоиҳаи таҳдиду барқарорсозии роҳи байналмиллалии автомобилгарди Душанбе-Қурғонтеппа бо маром идома дошта, 82,4 км роҳҳои ҷумњуриявӣ ва 23,7 км роҳҳои маҳаллӣ таъмиру тармим гаштаанд.Марбут ба масоили хизматрасонии муассисаҳо ба аҳолӣ бо оби нӯшокӣ бояд қайд намуд, ки корхонаи сохтмони истифодабарии оби нушоки деҳот ва чарогоҳҳои ноҳия дар тавозуни худ 5 қубури обкаши ва 11 обанбор дошта, ба 2737 муштарӣ хизматрасоӣ намуда, танҳо дар шаш мони аввали соли ҷорӣ шумораи муштариёни идора 1357 адад зиёд гаштааст.Минтақаи истеҳсоли техникӣ, обтаъминкуни ва канализатсияи ноҳия бошад дар тавозуни худ 4 воситаҳои нақлиёти коршоям, 8 қубури обкашӣ ва 4 обанбор дошта, ба 5323 муштарӣ хизматрасонии об ва ба 1394 муштарӣ хизтматрасони канализатсия мекунад. Аз ҷумла, шумораи муштариёни буҷҷавӣ 40, корхонаҳои худмаблағгузор 19 ва корхонаҳои хусусӣ 74 адад мебошад. Минтақа дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ системаҳои обтаъминкунии кучаҳои Бедил ва як қисми кучаи Наврӯзи шаҳраки Сомниёнро тамиру барқарор намуда, аз аввали соли ҷорӣ шумораи муштариён об 612 адад зиёд шудааст.Дар арафаи оғози қатъномаи Маъмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид доир ба «Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» ва бо мақсади таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва дастрасии аҳолӣ ба оби тоза давоми соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия Лоиҳаи таъмини аҳолии деҳаи Меҳрободи деҳоти Чоряккорон аз тарафи ташкилоти хайриявии «Ситораи Файзбахш» ба маблағи умумии 2 млн. сомонӣ амалӣ шуда, Лоиҳаи таъмини аҳолии деҳаи Ганҷинаи деҳоти Эсанбой аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии «Глобал-партнер-Тоҷикистон» ба маблағи умумии 50 ҳазор сомонӣ амалӣ гардид, Лоиҳаи таъмини аҳолии деҳаи Боғаки деҳоти Эсанбой аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии «Глобал-партнер-Тоҷикистон» ба маблағи умумии 50 ҳазор сомонӣ идома дорад. Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои сармояи хориҷи барои барқарорсозии шабакаи бо оби нушокӣ таъминнамоии аҳолии шаҳраки Сомониён дар асоси Нақшаи генералӣ аз xониби Бонки Рушди Аврупо корҳо идома дошта таҳти назорат ва ҳамкорӣ ќарор дорад. Хусусияти хоси барномаи зикргардида дар он аст, ки иншоотҳои тибқи Нақшаи генералӣ сохташаванда бо арзиши нисбатан камтар ба инфрасохторҳои муҳандисӣ пайваст мегарданд.Дар тавозуни КДФ “Хоҷагии манзилию комунналӣ”-и ноҳия 4 автомашинаи партовбарор, 1 адад мехлапата, 1 втомашинаи болобардор (гидрорука), 1 обпошак ва 2 автомашинаи сабукрав дар ҳолати коршоям қарор дошта, ба 13 назору 600 нафар аҳолӣ, 246 субектҳои хусусӣ, 30 корхонаҳои буҷавӣ ва 31 адад нуқтаҳои партовҳо хизматрасонӣ мекунад. Дар давраи ҳисоботӣ идора дар кучаву паҳлуҳои пиёдагард ва дигар ҷойҳои сераҳолӣ 157 назору 760 адад гулҳои гуногуни мавсимӣ шинонида, 42 км ҷуйборо пиёдагардро тоза намудааст. Шабакаҳои барқи ноҳия дар мувозинати худ 22 зеристгоҳҳои барқӣ дошта, дар ҳудуди ноҳия 1720 трансформаторҳо хизматрасонӣ мекунанд, ки 288 адади он шахсӣ буда, 1432 адади дигар дар мувозинати идора қарор доранд. Шумораи умумии муштариён 85214 адад буда, аз ин 82864 аҳолӣ ва 2350 ададро корхонаҳо ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи шабака иваз намудани 3 твансарматорҳои сербору 6,5 км симҳои сербор, иваз намудани 60 адад оиқҳои корношоям (изалятор), иваз ва таъмир намудани 18 адад симчубҳои корношоям, иваз намудани 76 ҳудокунакҳои барқӣ ва гузоштани 15 адад зерпояи оҳану бетонии симчубҳо амалӣ карда шудаат. Дар шашмоҳаи аввали соли лоиқ ба биноҳҳои навбунёдгардидаистодаи муассисаи таълимии №7-и деҳаи Оби шифои деҳоти Чоргултеппа ва муассисаи таълимии №35-и деҳаи Шаҳристони деҳоти Гулистон трансформаторҳои аз рӯи лоиҳаи пешниҳодгардида бо талаботи тавоноии 400 кв ва ИТМШ бо шумораи умумии 10 симчуб дастрас ва насб карда шудаат. Сохтмони массисаҳои таълимии мазкурро ҶДММ бозори “Корвон” ва ҶДММ “Мошинбозор” зимни вохӯрӣ бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар маросими ба истифода додани бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-и ноҳияи Рӯдакӣ аз 3-юми октябри соли 2017, ба уҳда гирифтаанд. Дар ин давра ду нуқтаи иловагии пардохти маблағҳои истифодаи неруи барқ бо дастгирии бонки миллии “Амонатбонк” дар мавзеи мошинбозори деҳоти Лоҳур ва деҳоти Роҳатӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, бинои маъмурии шабакаҳои барқи ноҳия таъмиру тармим карда шуд ва дар паҳлуи идора таваққуфгоҳи нақлиёт барои муштариёни пардохткунандаи маблағҳои неруи барқ баистифода дода шудааст. Дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои ободониву зебонигорӣ ҷараёни мунтазам гирифта, симои меъмориву зоҳирии маҳаллаҳои аҳолинишин рӯз то рӯз хубтару зеботар гардида истодааст. Оид ба масъалаи ободониву зенбонигорӣ бояд қайд намуд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 3-юми январи соли 2018, №24 «Дар бораи таъсис додани Ситоди ноњиявї оид ба корҳои кабудизоркунӣ» ба тасвиб расида, дар замимаи он Нақшаи чорабиниҳои кори Ситод тасдиқ карда шудааст. Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017, №74-ф оид ба тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии боғу гулгаштҳо ва сохтмони майндончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба корҳои ободониву зебонигорӣ ва тармиму барқарорсозии иншооту хатҳои обгузар ва боғу роҳравҳои Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Умари Хайёми шаҳри Душанбе вобаста шудааст, аз ҷумла ба корҳои ободониву зебонигорӣ ва тармиму барқарорсозии мавзеи амфитеатр, тарабхона, аквапарк, шоҳфантан, ҳавзи калон ва боғу роҳравҳо, ки масоҳати умумии қитъаи замини он 5 га-ро ташкил медињад. Вобаста ба ҳар ҷузъи таъмирталаб оид ба муайян намудани ҳаҷми корҳои таъмиру барқарорсозӣ санадҳои нуқсонӣ, нақшаи чорабиниҳо ва ҷадвали вобаста намудани ташкилоту муассисаҳо таҳия ва мавриди иҷроиш қарор дода шуда, аз он ҷумла дар таъмири тарабхона-17371 сомонӣ, таъмири системаи обёри-52429, њавзи қаиқрони-35426 сомонӣ, рангубор ва таъмири майдони амфитеатр бо фаввораҳо-35704 ва аквапарк-127493 ҷамъ бо маблағи -268423 сарф гардида,дигар корҳои таъмиру барқарорсозӣ идома ёфта истодааст. Дар доираи иҷроиши корҳо таъмиру рангубор намудани девори паҳлуи арчазор, таъмири пурраи нишастгоҳҳои амфитеатр, тарабхона, аквапарк, бандари қайқҳо ва баровардани партову шинонидани гулу гулбуттаҳо ва дигар корҳои ободониву зебонигорӣ амалӣ карда шуд. Дар радифи корҳои ободонию зебонигорӣ, шинонидани гулу гулбутта, рангу бор, ба тартиб даровардани ниҳолу иншоотҳои ду тарафи шоҳроҳҳо, баровардани партовҳо ва шинонидани дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода қабл аз маъракаи сиёсии сафари кории Президенти Ҷумҳурии Белоруссия ва шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дар арафаи ҷашни Наврӯзи мавриди амал қарор гирифт. Таъмири ҷории бинои маъмурии суди ноҳия ва кӯчаи ҳамшафати бино бо маблағи 40 000 сомонӣ корҳо иҷро гардида истода, дар таъмири варзишгоҳи марказии ноҳия низ, корҳои зиёде ба анҷомрасонида шуда, таъмиру барқарорсозии равшанидиҳии симчубҳои кӯчаи марказии шаҳраки Сомониён ба маблағи 128 ҳазору 890 сомонӣ амалӣ шудааст.Ҳуҷҷатнигории сохтмони 82 синфхонаҳои иловагӣ дар ҳудуди 14 муассисаҳои таълимии ноҳия таҳия гардида, назорати техникии сохтмони муассисаҳо зери назорат қарор дорад. Дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо нақлиёти автомобилӣ 1 млн. 39,9 ҳазор тонна бор кашонда шуда, бо ҳамаи намудҳои нақлиёти мусофиркашонӣ, новобаста аз шакли моликияташон 8 млн. 950 нафар мусофир кашонда шудааст, ки боргардиш дар ҳамин давра 38,0 млн. тонна- километрро ташкил медиҳад.