Рӯзи 16-уми августи соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳайат”-и шаҳри Душанбе Конференсия-фестивал-намоиши байналмилалии илмию амалии "Масъалаҳои ҳалталаби рушди гӯсфанди ҳисорӣ" баргузор гардид.

 

     Дар кори конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои байналмилалӣ, олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои гӯсфандпарварӣ иштирок доштанд.

 

     Инчунин, олимону мутахассисони соҳаи гӯсфандпарварии аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Белорусия ширкат варзиданд.

      Идомаи Конференсия-фестивал-намоиши байналмилалии илмию амалии "Масъалаҳои ҳалталаби рушди гӯсфанди ҳисорӣ" санаи 17-уми августи соли равон дар шаҳри Ҳисор доир гардид.

      Дар оғози намоши байналмилалӣ иштироккунандагон аз дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд. Сипас, иштирокчиён намоиши молҳои хоҷагиҳои пешқадам дар самти парвариши гӯсфанди зоти ҳисориро тамошо карданд.

      Барои қадршиносии хоҷагидорон аз рӯйи номинатсияҳо вазнкашии гӯсфандон доир карда шуд. Ҳамзамон, музоядаи гӯсфандон баргузор гардид, ки нахри қӯшқору мешҳо аз 30 ҳазор то 50 ҳазор сомонӣ ба фурӯш бароварда шаванд.

      Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ин амалигардонии рушди минбаъдаи соҳа ва тақвияти фаъолият дар парвариш ва селексияи зоти гўсфанди ҳисорӣ, ки ҳамчун захираи ирсии дастоварди мардуми тоҷик мебошад, ба ҳисоб рафта, ҷиҳати қадршиносии хоҷагидорон озмун аз рӯи 4 номинатсия, аз ҷумла “Қӯшқори наслдеҳ” (ҷои 1, 2, 3), “Мешҳои зотӣ” (ҷои 1, 2, 3), “Тухлиҳои зотии 18-20-моҳа” (ҷои 1, 2, 3) ва 1 шоҳҷоиза барои “Чемпиони мутлақ (қӯшқор)” доир гардида, дар он гӯсфандони пешниҳодшуда аз рӯи ҷусса, синну сол, вазни зинда, намуди зоҳирӣ, раванди маҳсулнокӣ ва таркиби зот аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ карда шуданд.

      Инчунин, барои иштироки фаъолона ва саҳм гузоштан дар рушди соҳаи гусфандпарварӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри ноҳияҳо ва хоҷагиҳои алоҳида бо Сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуданд.

      Бояд гуфт, ки дар чорабинии мазкур хоҷагиҳои гӯсфандпарварии ноҳияи Рӯдакӣ низ ширкат варзиданд. Пас аз натиҷагирии фестивал Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо "Шоҳҷоиза", медали тилло ва Сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуд.