Кишоварзони ноҳия баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ, самаранок ва оқилона   истифода бурдани замин ва руёнидани ду-се ҳосил аз ҳар гектар замин сармашқи кори худ қарор дода, дар шашмоҳаи  соли 2018 ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд.

          Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 230 млн. 78 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешина 51 млн. 453  њазор сомон ё ин, ки 28,8 фоиз зиёд мебошад.

          Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ноҳия дар майдони 12575 гектар кишти зироатҳои баҳорӣ гузаронида шудааст, ки аз он ғалладона ва лӯбиёгиҳо бо  ҷуворимаккаи дон 7482 гектар, пахта 557 гектар, зағер 1950 гектар, полезӣ 51 гектар, картошка 634 гектар, сабзавот 885 гектар, хӯроки чорво 217 гектар, дигар намуди зироатҳо 799  гектарро ташкил додааст. Ин нишондодҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кишти баҳори ҳамагӣ 2414 гектар,   ғалладона ва лӯбиёгиҳо бо ҷуворимаккаи дон 1713 гектар, пахта 208 га, зағир 225 гектар, картошка 299 гектар, сабзавот 182 гектар зиёд буда, полезӣ 14 гектар кам мебошад.