ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №111

      Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 25-уми март бо иштироки раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №111, воқеъ дар деҳаи Буриёбофи ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

      Дар расми ифтитоҳи бинои иловагии муассиса кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳаи мазкур ширкат варзиданд.

      Бинои иловагӣ бо ташаббус ва саҳми соҳибкори маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуда, аз 5 синфхона ва 1 утоқи корӣ иборат мебошад ва барои таҳсили 240 нафар хонанда дар 2 баст пешбинӣ гардидааст.

      Қайд кардан ба маврид аст, ки дар муассисаи таълимӣ 430 нафар хонанда, аз ҷумла 202 нафар духтар, ба таҳсил фаро гирифта шудааст. То ин замон бо сабаби норасоии ҷойи нишаст дар муассиса дарсҳо дар се баст ҷараён мегирифт. Бо ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ аз ин пас дарсҳо дар муассиса дар ду баст гузаронида мешаванд. 

     Дар муассисаи таълимӣ 23 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 15 нафар зан ба таълиму тарбияи насли наврас машғул ҳастанд.