- Диданд: 81
ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ
26-уми феврали соли 2024 раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода бо кормандони соҳаи маорифи ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд. Дар вохӯрӣ муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, намояндагони сохторҳои қудратӣ, кормандони раёсати маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ раиси ноҳия оид ба ҳолати кунунӣ, муваффақияту дастовардҳо ва камбудиву мушкилоти соҳаи маориф ёдоварӣ намуда, вазъи соҳаро дар ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Гуфта шуд, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаи хеш соҳаи маорифро самти афзалиятнок дониста, доимо таъкид менамоянд, ки ояндаи миллат ва фардои давлат ба наслҳои ватандӯсту ватанпарвар, бонангу номус, дорои ҳисси баланди миллӣ, соҳибмаърифату донишманд, забондон ва дорои ҷаҳонбинии васеъ вобастагӣ дорад”. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафт ва инкишофу ташаккули соҳаи маориф ва ба роҳ мондани таълиму тарбияи дурусти насли наврас беш аз пеш талош варзем.
Зимни таҳлили вазъи соҳа ба масъалаҳои фарогирии бештари кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, ҳалли мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи дурусти кабинетҳои фаннӣ, бартарафсозии норасоии кадрӣ, дастгирии омӯзгорони ҷавон, иштироки фаъолонаи хонандагону омӯзгорон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти сеюм (синфҳои 10-11), пешгирии ҳолатҳои аз таҳсил дур мондани кӯдакон, роҳ надодан ба таҳсилоти ғайриқонунии динӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯсиву ватанпарварӣ, диққати асосӣ равона карда шуд.
Дар рафти вохӯрӣ раёсати маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия вазифадор карда шуданд, ки иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647 “Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”-ро таъмин намоянд.
Супориш дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон дар асоси нақшаи чорабиниҳо боздиди дастаҷамъии хонандагон аз Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, донишгоҳҳои олии мамлакат ва дигар маконҳои таърихию фарҳангӣ ташкил карда шавад.
Дар хотимаи вохӯрӣ намояндагони соҳаи маориф ва омӯзгорон баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои хешро дар самти рушду пешрафти соҳа баён карданд.
- Диданд: 347
Амалиёти махсус нисбат ба саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович ва Раҷабов Зоир Кармамхудоевич гузаронида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуотии Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
- Диданд: 499
Амалиёти махсус нисбат ба саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович ва Раҷабов Зоир Кармамхудоевич гузаронида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуотии Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Саҳифаи 2 аз 4