Дар ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои таърихӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 корҳои муайянеро ба иҷро расонид.
Дар ноҳия 160 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд. Аз шумораи умумии муассисаҳои таълимӣ 121 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз ҷумла, 4 гимназия, 2 литсей, 1 мактаби дорои парваришгоњ, 2 мактаби дорои кӯдакистон), 32муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ (аз ҷумла, 2 мактаб – интернати ҷумҳуриявӣ) ва 7 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ фаъолият мекунанд.
Аз ин шумораи муассисаҳо дар 117 муассиса таҳсил бо забони тоҷикӣ, дар 23 муассиса таълим бо забонњои тоҷикию ӯзбекӣ, дар 3 муассиса таълим бо забонҳои тоҷикию русӣ ва дар 17 муассиса таълим бо забони ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар таълимгоҳҳо 116063нафар хонандагон ( аз ҷумла, 55869 нафар духтарон) ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 7351нафар хонанда зиёд мебошад.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар 53 синфҳои 10-11таълим аз рӯи равияи ҷамъиятию гуманитарӣ ва дар 34 синфҳои 10-11 таълим аз рӯи равияи табӣ - риёзӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ноҳия 3 мактаб – интернат фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 2032 нафар хонандагон таҳсил менамоянд. Аз онҳо 343 нафарашон дар мактаб – интернати махсуси ҷумҳуриявӣ барои бачагони кар, 214 нафарашон дар мактаб – интернати махсуси бачагони деркаршуда ва шунавоиашон суст ва 1469 нафарашон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и дорои парваришгоҳ таҳсил менамоянд.
Дар ноҳия ба масъалаи бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Боиси қайд аст, ки ин масъала ҳалли мусбии худро асосан ёфта истодааст. Ҳоло ба хонандагони таълимгоҳҳо 5458 нафар омӯзгорону мураббиён дарс медиҳанд.
Аз шумораи 5458 нафар омӯзгорон 3555 нафарашон таҳсилоти олӣ (65,1%), 1708 нафарашон таҳсилоти миёнаи касбӣ (31,3 %), 195 нафарашон таҳсилоти миёнаи умумӣ (3,6%) доранд.268 нафар омӯзгорон дар риштаи омӯзгории шуъбаҳои ғоибонаи донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил мекунанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки 160 нафар омӯзгорони дорои таҳсилоти миёнаи касбии таълимгоҳҳои ноҳия дар шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент таҳсил карда истодаанд.
Дар ноҳия 12 муассисаи томактабӣ фаъолият менамояд, ки 9- тои он дар тобеияти раёсати маориф, 1- тоаш дар тобеияти хоҷагии «Ӯлҷабой» ва 2-тои дигараш хусусӣ мебошад. Дар 12 муассисаи томактабӣ 1500 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дар кӯдакистонњои ноҳия 49 нафар мураббияҳо фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 14 нафарашон дорои таҳсилоти олӣ, 15 нафарашон дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 20 нафар дорои таҳсилоти олии нопурра мебошанд. Барои баланд бардоштани савияи дониши касбии мураббияҳо ва сифатнокии таълиму тарбияи кӯдакон тадбирҳо андешида мешаванд. Кӯдакистонҳо ҳуҷҷатгузорӣ (коргузорӣ)-и худро мувофиқи талаботи асноди меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондаанд. Реҷаи рӯзи кормандони тиббии кӯдакистонҳо дар асоси меъёрҳои тасдиқкардаи Вазорати тандурустҳ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ба талаботи барномаи таълимию тарбиявии «Рангинкамон» мебошад. Ба мураббияҳои кӯдакистонҳои №№1,2,3,4,5,6,7, назди таълимгоҳҳои №№ 14,15, кӯдакистонҳои хусусии «Ҳаёт» ва «Ояндаи дурахшон» барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва дуруст ба нақша гирифтани реҷаи рӯзи кӯдакон дастурҳои методӣ дастрас карда шудаанд, ки он боиси беҳтар гаштани хуҷҷатгузории (коргузории) онҳо гардид. Дар кӯдакистонҳои
№ 2,6,4 кабинетҳои методӣ ташкил гардиданд, ки онҳо бо мавод ва дастурҳои методӣ таъмин гардидаанд. Ғайр аз ин, дар муассисаҳои томактабии №№ 2,3,4 ва 6 утоқҳои бойгонӣ барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ташкил кардаанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2018 дар муассисаи томактабии №2 барои 4 гуруҳи тарбиягирандагон ҳуҷраҳоро таъмир намуданд ва ба ошёнаи 2-юми бинои кӯдакистон хатти оби ошомиданӣ бароварданд. Дар ин давра бинои муассисаи томактабии №6 пурра аз њисоби волидайн аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Инчунин, дар кӯдакистони № 4 майдончаи варзишӣ аз ҳисоби волидайн таъмир карда шуд.
Айни замон, сохтмони муассисаҳои томактабии хусусӣ дар шаҳракҳои Сомониён (барои 140 нафар кӯдак), М.Турсунзода (барои 120 нафар кӯдак) ва Ҷамоати деҳоти Лоҳур ( барои 40 нафар кӯдак) идома дорад.
Тањлили вазъи кӯдакистонҳои ноҳия нишон медиҳад, ки шумораи тарбиятгирандагон дар муассисаҳои томактабӣ сол ба сол зиёд гардида истодааст. Аммо аз сабаби кам будани муассисаҳои томактабӣ ва нарасидани ҷой қисми зиёди кӯдакон ба таълиму тарбияи аввалия фаро гирифта намешаванд. Айни замон дар асоси аризаи волидон дар кӯдакистони №1 255 нафар, дар кӯдакистони №2150 нафар ва дар кӯдакистони №3 275 нафар кӯдакон дар навбатанд. Мутаассифона, вазъи иҷрои Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014- 2020 ҳоло қаноатбахш нест.
Маблағгузорӣ ба соҳаи маориф сол то сол зиёд мегардад. Соли 2016 барои соҳа 94 млн. 323 ҳазору 180 сомонӣ, соли 2017 99 млн. 289 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд. Соли 2018 бошад, барои соҳаи маориф 118102225 сомонӣ ҷудо гардидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки музди меҳнати кормандони соҳаи маорифи ноҳия барои моҳҳои январ – марти соли 2018 пурра пардохт карда шудааст ва ҳоло раёсат аз музди меҳнати кормандони соҳа қарздор нест.
Дар ноҳия ба мустаҳкам кардани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар нимсолаи аввали соли 2018 муассисаҳои таълимии ноҳия 265 ҷуфт мизу курсӣ барои хонандагон, 19 адад тахтаи синфӣ, 15 адад мизу 47 курсӣ барои омӯзгорон, 16 адад ҷевон, 12 адад компютер, 1 адад принтер ва 1 адад проектор ( бо экранаш) гирифтанд.
Ҳоло сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таълимии №№7,25,35,43,87,144, таълимгоҳҳои нав дар ҷамоатҳои деҳоти Чортеппа (деҳаи Ҷўибодом), шаҳраки М.Турсунзода (деҳаҳои Турдиев ва “Истиқлол-3”), барои 2004 ҷойи нишаст, синфхонаҳои иловагӣ дар назди таълимгоҳҳои № 84 ( 2-то), 137 ( 2-то), 82 (4-то), 28 ( 3-то), 50 (7-то), 124 (4-то), 5 (4-то), 45 (2-то), 113 (8-то), 114 (2-то), 17(4-то), 165(2-то), 161(3-то), 72(2-то), 38 (4-то), 105 (4-то), 107(6-то), 109 (6-то), 42 (4-то), 43 (6-то), 128 (3-то), 22 (2-то), 92 (1-то), 6 (2-то).5, 50, 69, 82, 84, 109, 113, 121, 128, 137 барои 742 ҷойи нишаст, толорҳои варзишӣ дар муассисаҳои таълимии №106, №3, муассисаҳои томактабии хусусӣ дар шаҳракҳои Сомониён, М.Турсунзода ва Ҷамоати деҳоти Лоҳур идома дорад.
Ҳамчунин корҳои таъмиру барқароркунӣ, ободонию кабудизоркунӣ мутобиқи санадҳои нуқсонии тартибдодаи комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар 71 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 1 муассисаи томактабӣ идома дорад.
Барои бо омӯзгорони соҳибихтисос таъмин кардани муассисаҳо ҳар сол тибқи квотаи Президенти ҷумҳурӣ аз 18 нафар то 23 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия барои хондан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ фиристонида мешаванд.
Бояд гуфт, ки соли ҷорӣ барои 10 нафар духтарон ва 9 нафар писарон – хатмкунандагони таълимгоҳҳои ноҳия квотаи Президенти Ҷумҳурии Тољикистон барои дохил шуданашон ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ҷудо гардид. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни довталабони квота 86 нафар довталабон- хатмкунандагони синфи 11-и таълимгоҳҳои ноҳия-ғолибони даври ноҳиявии озмун ширкат варзида, аз онҳо 10 нафар духтар ва 9 нафар писар ғолиб омаданд ва ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ дохил гардиданд.
Масъалаи бо компютерњо таъмин кардани таълимгоҳҳо дар маркази диққати кормандони раёсати маориф меистад. Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии ноҳия бо компютер бо ҷалби маблағҳои буҷаи ноҳия, соҳибкорон ва шахсони алоҳида ба таълимгоҳҳои ноҳия 2077 ададкомпютерҳо дастрас гардидааст. Ғайр аз ин, дар таълимгоммои номия 23 тахтаи электронӣ, 31 дона видеопроектор мавҷуд буда, 41 муассиса ба шабакаи Интернет пайваст карда шудааст.
Барои пурра бо компютер таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия боз зиёда 500 адад компютери дигар зарур мебошад. Сабаби нарасидани компютер дар он аст, ки ҳар сол шумораи хонандагони ноҳия то 6 – 7,5 ҳазор нафар зиёд мешавад.
Рӯзҳои 24-25-уми феврали соли ҷорӣ 96 нафар хонандагони синфҳои 11-и таълимгоҳҳои ноҳия ғолибони даври ноҳиявии олимпиада дар даври минтақавии (ноҳияҳои тобеи марказ) иштирок намуда, дар маҷмӯъ, соҳиби 21 медал, аз ҷумла, 6 медали тилло, 6 медали нуқра, 9 медали биринҷӣ ва 12 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Ҳамагӣ дар даври минтакавии (ноҳияҳои тобеи марказ) олимпиадаи фаннӣ хонандагони таълимгоҳҳои ноҳия 60 медал ва 55 ҷойи ифтихорӣ ба даст оварданд.
Дар 54 муассисаи таҳсилоти умумӣ устохонаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд, ки онњо бо дастгоҳҳои гуногуни коркарди чӯб ва металл таҷҳизонида шудаанд. Дар қисми зиёди онҳо омӯзгорон пас аз дарсҳо ба хонандагон касбҳои коркарди чӯб, металл, тайёр намудани асбобҳои хоҷагидориро меомӯзонанд. Дар баробари ин, дар 45 муассисаи таълимӣ 55 адад мошини дарздӯзӣ мављуд аст ва духтарон касби дӯзандагиро аз худ менамоянд.
Ба муносибати “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018 дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ, пазандагӣ, бофандагӣ, атласбофӣ, адрасбофӣ, чӯбтарошӣ, табақтарошӣ, муҳрадӯзӣ, чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, оҳангарӣ ва ғайра эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои назаррасеро ба анҷом мерасонад. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия раванди таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастӣ, доштани ҳисси баланди миллӣ, одоби ҳамидаи инсонӣ, риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Ба ин мақсад дар таълимгоҳҳои ноҳия шабҳои саволу ҷавоб, викторинаҳо аз фанҳои таълимӣ, дарсҳои иловагӣ бо хонандагон ва дигар чорабиниҳои вобаста ба кори таълиму тарбия гузаронида мешаванд.
Ҳоло 30 нафар хонандагон (аз ҷумла, 22 нафар духтарон) аз таълимгоҳҳои №№3(2нафар) 4(1нафар),15(8 нафар), 7(3 нафар),45(1 нафар),74(1 нафар), 92(1 нафар),51(2 нафар), 31(1 нафар),103(6 нафар),172(2 нафар), 74(1 нафар), 9(1 нафар) бо сабабҳои гуногун аз таҳсил берун мондаанд. Барои ба таҳсили умумии асосии ҳатмӣ фаро гирифтани хонандагони аз таҳсил берунмонда дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия тадбирҳо амалӣ мегарданд.
Барои иҷро накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар нимсолаи аввали соли 2018 нисбати 162 нафар волидайн протоколҳои маъмурӣ тибқи моддаи 90-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба суд фиристонида шудааст.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар назди кормандони соҳа масъалаҳои зерини ҳалталаб истодаанд:
--ҳар сол ба миқдори 6-7,5 ҳазор нафар зиёд шудани хонандагон;
-- нарасидани ҷойи нишасти хонандагон;
--ҷой доштани ҷанҷоли байни хонандагон ва омӯзгорон;
--ҷой доштани ҷиноятсодиркунӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболигон;
--аз бӯстонсароҳо (бе қайди ҷойи истиқомат) ва аз шаҳри Душанбе дар таълимгоҳҳои ноњия хондани толибилмон;
-- нарасидани мизи махсус барои компютерҳо;
--нарасидани асбобҳои физикӣ ва моддаҳои химиявӣ барои таҷҳизонидани кабинетҳои физика, химия ва биология;
--нарасидани китобҳои дарсии иҷоравӣ (бинобар сабаби сол то сол зиёд шудани шумораи хонандагон);
--кам будани шумораи компютерҳо дар таълимгоҳҳои ноҳия;
--таъмирталаб будани таълимгоҳҳои дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи№№29,28,30,103,102,26,101,88,20,90,23,91,134,82,43,46,127, 122,73,69, 129, 70,53,55,58,114;
-- нарасидани омӯзгорони ихтисосманди дорои таҳсилоти олӣ;
-- набудани таълимгоҳҳои нав дар маҳаллаҳои навбунёди ноҳия;
-- кашол ёфтани сохтмони биноҳои нотамоми таълимгоҳҳои № 25,144, 83,15,35,63.
Дар ноҳия минбаъд ҳам барои беҳ гаштани сифати таълиму тарбияи насли наврас тадбирҳо меандешанд ва вазифаҳои ба зимма доштаашонро иҷро мекунанд.