- Диданд: 487
Дар ноҳия 11 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 1779 кӯдак ва 134 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 102 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз ҷумла, 2гимназия, 1 литсей), 28 ададмуассисаи таҳсилоти умумии асосӣ (2 мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ) ва 4 адад муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ бо фарогирии 99837 хонанда, аз ҷумла 47878 духтарон фаъолият менамояд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 4330 омӯзгорон (2880 занон), аз ин бо таҳсилоти олӣ 3101 нафар, олии нопура 189 нафар, таҳсилоти миёнаи касбӣ 1040 нафар бо кор таъмин гардидаанд.
Соли таҳсили 2020-2021 синфи 11-ро 3359 нафар хатм намуда, 2364 нафар тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, 22 нафар тариқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳҳо дохил гардидаанд.
Дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 54 нафар ғолибони даври аввал иштирок намуда, 24 нафари онҳо ба даври минтақавӣ ва дар натиҷаи иштироки фаъолона 7 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври ҷумҳуриявии озмун 3 нафар иштирокчиён аз ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҷумла Машрабов Маҳмадалӣ дар номинатсияи оҳангсозии анъанавӣ ҷойи якум, ҳасанов Анушервон дар номинатсияи сарояндаи анъанавӣ ҷойи дуюм ва Сафаров Шоҳин дар номинатсияи оҳангсози эстрадӣ ҷойи дуюмро ишғол намуда, Ҷалолзода Сиёвуш дар жанри навозандаи анъанавӣ, Оқилова Турсуной дар номинатсияи навозандаи эстрадӣ, Раҷабов Фирӯз дар номинатсияи навозандаи анъанавӣ ва Лутфулло Раҳматулло дар номинатсияи оҳангсозӣ бо дипломҳо сарфароз гардиданд.
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тибқи амри Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 5 апрели соли 2021, №69 аз 1 май то 29 майи соли 2021 дар ноҳия баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур 151 нафар донишҷӯён, омӯзгорон ва шахсони касбу кори гуногун дар даври минтақавии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуда, аз рӯйи 5 номинатсия 11 нафари онҳо аз ҷумла 3 нафар омӯзгор, 7 нафар хонанда ва 1 нафар донишҷӯй ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври ноҳиявии озмуни “Илм -фурӯғи маърифат” аз рӯи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бо иштироки 248 нафар гузаронида шуда 11 нафари онҳо ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд. 4 нафар, аз ҷумла хонандаи муассисаи таълимии №5 Саидҷони Обидҷон дар номинатсияи физика соҳиби ҷойи дуюм, хонандаи таълимгоҳи №14 Олимов Наҷмиддин аз номинатсияи география соҳиби ҷойи сеюм, донишҷӯйи Коллеҷи техникию омӯзгорӣ аз номинатсияи химия соҳиби ҷойи сеюм ва омӯзгори фанни физикаи таълимгоҳи №17 ҳалимов Хуршед аз номинатсияи навоварию ихтирокорӣ соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Омӯзгори фанни физикаи таълимгоҳи №17 ҳалимов Хуршед аз номинатсияи навоварию ихтирокорӣ дар даври ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид.
Дар даври минтақавии олимпиадаи анъанавии фаннӣ 260 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, 127 нафари онҳо ба даври ҷумҳуриявии олимпиада роҳхат гирифта, бо иштироки фаъолона ба ноҳия 40 медал, аз ҷумла 3 медали тилло, 9 медали нуқра ва 28 медали биринҷӣ оварданд.
Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии ноҳия бо компютер бо ҷалби маблағҳои буҷаи ноҳия, соҳибкорон ва шахсони алоҳида ба таълимгоҳҳои ноҳия 2115 адад компютер ва 489 адад принтер дастрас гардидааст. Илова бар ин, дар таълимгоҳҳо 36 адад тахтаи электронӣ ва 55 адад видеопроектор мавҷуд буда, 102 муассиса ба шабакаи Интернет пайваст карда шуда, 15 муассисаи таълимии ноҳия бо кабинетҳои фаннии физика, химия, биология, математика, технологияи иттилоотӣ, география, суруд ва мусиқӣ таъмин буда, харидории асбобҳои аёнӣ барои таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ идома дорад.
Дар давраи таҳлилӣ дар ноҳия дар доираи эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон шудани солҳои 2020-2040” озмун барои гирифтани “ҷоизаи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорони фанҳои химия, биология, физика, риёзӣ ва географияи муассисаҳои ноҳия иштирок намуда, 6 нафари онҳо ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд.
- Диданд: 879
Шумораи хонандагон Маблағгузории сарикаси аз руи меъёрҳои
тасдиқшуда барои 1 хонанда
Маблағгузории сарикаси аз руи меъёрҳои Шумораи хонандагони
тасдиқшуда барои 1 мактаб (сомонӣ) синфҳои 1 дар 6 соли охир
- Диданд: 996
Дар ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои таърихӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 корҳои муайянеро ба иҷро расонид.
Дар ноҳия 160 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд. Аз шумораи умумии муассисаҳои таълимӣ 121 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз ҷумла, 4 гимназия, 2 литсей, 1 мактаби дорои парваришгоњ, 2 мактаби дорои кӯдакистон), 32муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ (аз ҷумла, 2 мактаб – интернати ҷумҳуриявӣ) ва 7 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ фаъолият мекунанд.
Саҳифаи 3 аз 4