- Диданд: 68
3-юми апрели соли 2024 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи кории вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Ҳадаф аз ҷаласа иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат буда, дар он масъалаҳои пешгирии муноқишаҳои хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ ва берун аз он, таъмини иштироки фаъоли хонандагон дар дарсҳо, пешгирии гаравидани омӯзгорону хонандагон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, пешгирии паҳншавии андешаҳои хурофотӣ миёни хонандагону омӯзгорон, гироми дошти арзишҳои миллӣ, риояи аз бар кардани либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби хонандагон, бо худ овардани китобҳои дарсӣ аз ҷониби хонандагон, пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, ҳамкорӣ бо кумитаҳои падару модарон дар масъалаи ба бар кардани либосҳои тавсиявӣ, сабзу хуррам гардонидани атрофи муассисаҳои таълимӣ, таъини мутахассисони варзида ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони соҳаи маориф, пурра ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакону наврасон, баланд бардоштани саводи расонаии хонандагону омӯзгорон, истифодаи самараноки воситаҳои техникӣ дар раванди таълим, ҷалби шумораи бештари хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ, рушди ҳаракати олимпӣ дар ноҳия, ҷалби хонандагону омӯзгорон ба озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ кито баст", "Илм – фурӯғи маърифат" ва "Тоҷикистон - Ватаниазизи ман", омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, рушди фанҳои табиӣ ва дақиқ, пешгирии амалҳои хурофотӣ, баланд бардоштани ҳисси милливу хештаншиносӣ дар ниҳоди хонандагон, фарогирии хатмкунандагони синфи 9 ба зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷалби нафароне, ки баъди хатми синфи 9 аз таҳсил дур мондаанд, ба таҳсил, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, фарогирии бештари хонандагон ба маҳфилҳо ва таҳсилоти иловагӣ, таъмини маҳфилҳои наздимактабӣ бо таҷҳизотҳо, сохтмони биноҳоии ловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии себаста, муҷаҳҳаз гардони муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизотҳои фаннӣ ва мизу курсӣ, таъмини имтиёзҳои омӯзгорон ва бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар охир вазири маориф ва илм ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
- Диданд: 71
ОҒОЗИ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №83
19-уми марти соли 2024 дар деҳаи Мавҷи ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода ба корҳои сохтмонии бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 оғози расмӣ бахшида шуд.
Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода, раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва сокинони фаъолони шаҳрак ширкат варзиданд.
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 аз 2 ошёна ва 12 синфхона иборат буда, дар муддати муайяншуда бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти таълиму тадрис таъмин хоҳад шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон дар муассисаи таълимӣ 549 нафар хонанда, аз ҷумла, 224 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Пас аз сохта ба истифода додани иншооти мазкур мушкилоти ҷойи нишаст дар муассиса ҳалли хешро меёбад.
- Диданд: 66
ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №111
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 25-уми март бо иштироки раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №111, воқеъ дар деҳаи Буриёбофи ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар расми ифтитоҳи бинои иловагии муассиса кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳаи мазкур ширкат варзиданд.
Бинои иловагӣ бо ташаббус ва саҳми соҳибкори маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуда, аз 5 синфхона ва 1 утоқи корӣ иборат мебошад ва барои таҳсили 240 нафар хонанда дар 2 баст пешбинӣ гардидааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар муассисаи таълимӣ 430 нафар хонанда, аз ҷумла 202 нафар духтар, ба таҳсил фаро гирифта шудааст. То ин замон бо сабаби норасоии ҷойи нишаст дар муассиса дарсҳо дар се баст ҷараён мегирифт. Бо ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ аз ин пас дарсҳо дар муассиса дар ду баст гузаронида мешаванд.
Дар муассисаи таълимӣ 23 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 15 нафар зан ба таълиму тарбияи насли наврас машғул ҳастанд.
Саҳифаи 1 аз 4