ОҒОЗИ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №83
19-уми марти соли 2024 дар деҳаи Мавҷи ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода ба корҳои сохтмонии бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 оғози расмӣ бахшида шуд.
Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода, раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва сокинони фаъолони шаҳрак ширкат варзиданд.
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 аз 2 ошёна ва 12 синфхона иборат буда, дар муддати муайяншуда бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти таълиму тадрис таъмин хоҳад шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон дар муассисаи таълимӣ 549 нафар хонанда, аз ҷумла, 224 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Пас аз сохта ба истифода додани иншооти мазкур мушкилоти ҷойи нишаст дар муассиса ҳалли хешро меёбад.