Санаи 16-уми декабри соли 2023 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 81-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон  - Кароматуллоҳи Мирзо маҳфили эҷодӣ баргузор гардид.

 

 

 

      Дар маҳфил раиси ноҳияи Рӯдакӣ - Абдуғаффор Ҳикматуллозода, роҳбари дастгоҳ ва муовинони раиси ноҳия, роҳбарон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли маориф, фарҳангу санъат, устодон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд. Ҳузури меҳмонони фахрии маҳфил, адабиётшиносон, сиёсатмадорон, шоирону нависандагони номдор - Ато Мирхоҷа, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Ато Ҳамдам, Кароматуллоҳ Олимов, Исмоил Назрӣ, Мисбоҳиддини Нарзиқул  ва дигарон ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшид.

      Пеш аз оғози чорабинӣ ҳайати меҳмонон дар якҷоягӣ бо мизбонони маҳфил чун рамзи эҳтиром дар назди муҷассамаи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гулчанбар гузоштанд. Ҳамзамон, иштирокчиёни маҳфил аз намоишгоҳи осори нависанда, ки дар долони Қасри фарҳанг ороста шуда буд, дидан намуданд.

      Дар оғози маҳфил, ки дар толори Қасри фарҳанг доир шуд раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода суханронӣ намуд. Раиси ноҳия, сараввал, меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки маҳфили имрӯза дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки шоирону нависандагонро гули сари сабади маҳфилу ҷашнҳо мехонанд, сурат мегирад. Дар идома, раиси ноҳия  аз ҳаёту фаъолият ва осору эҷоди нависанда Кароматуллоҳи Мирзо ёдоварӣ кард. Зикр гардид, ки асарҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо дорои обуранги бадеӣ буда, хонанда, махсусан, насли наврасро дар меҳвари арзишҳои воло, ба монанди худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, некиву накукорӣ, дилу нияти соф, меҳру шафқат, муҳаббат, меҳрубонӣ ва садоқату самимият тарбия мекунад.

 

 

      Сипас, раиси ноҳия аз рӯи суннати тоҷикона ба нависанда ҷома ва тоқии миллӣ тақдим кард. Ҳамчунин, аз ҷониби нависанда ба раиси ноҳия китоби "Марги бегуноҳ" туҳфа карда шуд.

      Дар ҷараёни маҳфил меҳмонони фахрӣ, ҳамсафону ҳамқаламон ва дӯстони нависанда, аз хотираҳо, ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти Кароматуллоҳи Мирзо ёдоварӣ карданд.

      Ҳамчунин, аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия саҳнае аз филми "Марги бегуноҳ", ки аз рӯйи асари нависанда Кароматуллоҳи Мирзо филмбардорӣ шудааст, намоиш дода шуд. Суруду тарона ва иҷрои рақси "Ҷавонӣ" аз ҷониби санъаткорони ноҳия ба маҳфил шаҳомати нав зам кард.

      Маҳфили эҷодӣ бо сухани ҷамъбастии Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, устод Кароматуллоҳи Мирзо хотима пазируфт.