- Диданд: 135
Рӯзи 24-уми ноябри соли 2023 дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ ва чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Роҳпаймоӣ, ки таҳти шиори "Парчам-рамзи шарафмандии миллат!" доир шуд, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатї, муассисаву ташкилотҳо, хонандагону донишҷӯëни муассисаҳои таълимӣ ва сокинону фаъолони ноҳия бо парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиору овезаҳо ба майдони назди Парчами давлатӣ ҷамъ омаданд.
Пас аз гузашти роҳпаймоии тантанавӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода суханронӣ карда, тамоми сокинони ноҳияро ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният намуд. Гуфта шуд, ки парчам барои миллати мо таърихи бою рангини чандинҳазорсола дорад. Таърих собит намудааст, ки яке аз аввалинҳо шуда дар ҷаҳон мардуми ориёӣ парчами давлатиро парафшон намуд. Яъне, боз ҳам бо ифтихор метавон гуфт, ки аҷдоди пуршарафи мо дар ин самт низ яке аз асосгузорони парчамҳои давлатӣ дар оламанд.
Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ муқаддасоти давлатӣ ба ҳисоб меравад ва тимсоли тантанаҳои давлатдории миллӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Ватани маҳбубамон аст, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон қабул гардид. Соли 2009 бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта шуд. Ҷаноби Олӣ дар суханронӣ дар таҷлили нахустин Рӯзи Парчами давлатӣ иброз доштанд, ки: “Миллати тоҷик, ки дорои таърих ва суннатҳои хеле қадимаи давлатсозиву давлатдорӣ мебошад, аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлати мутамарказ ва рамзу рукнҳои хоси он буд”. Дар ин маврид, тасвиру хусусиятҳои хоси Дирафши Ковиёнро, ки ҳоло дар ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати мо инъикос ёфтаанд, хотирнишон кардан кофист.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муҳими истиқлоли миллӣ, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва асолати гузашта, ифодакунандаи маром ва ормонҳои мардуми Тоҷикистон буда, дар он рангҳои сурх, сафед ва сабз талошу муборизаҳои халқи тоҷикро барои озодиву истиқлол ва зиндагии осудаву поянда ифода карда, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзҳои барои миллати мо муқаддас соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистонро инъикос менамоянд.
Дар охири чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилнишини меҳанпарастона табъи иштирокдоронро шод гардонданд.
- Диданд: 132
Санаи 16-уми ноябри соли 2023 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти шиори "Бо Президентам ифтихор дорам!" роҳпаймоӣ ва чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Роҳпаймоӣ дар фазои идона доир шуда, аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз гардид ва то майдони Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия идома ёфт. Дар роҳпаймоӣ кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони раёсати маориф, омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, инчунин сокинону фаъолони ноҳия бо шукргузорӣ аз фазои амну осоиштаи кишвар бо парафшонии Парчами давлатӣ, расмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шиорҳои ватандӯстиву сулҳхоҳӣ садоқату самимияти хешро ба Роҳбари давлат изҳор доштанд.
Қисмати асосии чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бо иштироки раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Садриддин Давлатзода дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии "Ғалаба" доир шуд. Раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода зимни баромади хеш иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Зикр гардид, ки маҳз бо пайки баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи минбаъдаи давлатдорӣ, муҳимтар аз ҳама, барқарор намудани сулҳу субот дар кишварамон муайян шуда, ба бахти миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд ва суханҳои нахустини ин марди хирад ба дидаҳои ноумеду қалбҳои ғамноки сокинони кишвар нуру зиё ва гармию эътимод бахшид.
Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Садриддин Давлатзода ба сухан баромада, қайд намуд, ки ҳама кӯшишу ғайрат, азму талоши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгору осудаи мардум нигаронида шудаанд. Ин азму талош ба халқи тоҷик ҳамвора қуввату илҳом бахшида, барои пешрафти минбаъдаи маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмуъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некӯаҳволии мардуми кишвар мусоидат намуданд.
Дар қисмати охири чорабинӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо пешкаши таронаҳои ватандӯстона, ки баёнгари оромию осудагии кишвар ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иборат буд, ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшиданд.
- Диданд: 135
Дар майдони марказии ноҳияи Рӯдакӣ санаи 02 октябри соли 2023 гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабини бо роҳаймои оғоз гардида, баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода ҷавонони ватандусту ба ору нанги ноҳияро гусел ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд.
Қайд намуданд, ки ба тамоми ҷавонони ватандусту ватанпарвари ноҳия пеш аз ҳама наваскароне, ки барои истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан ва амнияти давлату ҷомеъа, ҳамчун сипари боэътимод ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд саломатӣ ва барору комёбиҳо орзу менамоям.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳаминҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонаги омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт-дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро меомӯзанд. Вақте, ки мо дар боби ватандӯстӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва тамомияти арзиши кишварро дар назар дорем».
Ҳамчунин, қайд намуданд, аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумо наваскаронро ба муносибати гусел ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба ҳар яки шумо саломатӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватан иродаи қавӣ, рӯҳи матин ва барору комёбиҳо орзу менамоям.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳия Шодиева Сафаргул модаре, ки 4 фарзандашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат кардаанд ба маблағи 5000 ҳазор сомоти тақтим карда шуд.
Аз ҷониби санъаткорони бахши фарњангӣ ноҳия барномаҳои консерти низ баргузор гардид.
Подкатегории
Саҳифаи 10 аз 64