Санаи 16-уми ноябри соли 2023 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти шиори "Бо Президентам ифтихор дорам!" роҳпаймоӣ ва чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.

 

                                                               

 

     Роҳпаймоӣ дар фазои идона доир шуда, аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз гардид ва то майдони Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия идома ёфт. Дар роҳпаймоӣ кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони раёсати маориф, омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, инчунин сокинону фаъолони ноҳия бо шукргузорӣ аз фазои амну осоиштаи кишвар бо парафшонии Парчами давлатӣ, расмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шиорҳои ватандӯстиву сулҳхоҳӣ садоқату самимияти хешро ба Роҳбари давлат изҳор доштанд.

     Қисмати асосии чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бо иштироки раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Садриддин Давлатзода дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии "Ғалаба" доир шуд. Раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода зимни баромади хеш иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Зикр гардид, ки маҳз бо пайки баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи минбаъдаи давлатдорӣ, муҳимтар аз ҳама, барқарор намудани сулҳу субот дар кишварамон муайян шуда, ба бахти миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд ва суханҳои нахустини ин марди хирад ба дидаҳои ноумеду қалбҳои ғамноки сокинони кишвар нуру зиё ва гармию эътимод бахшид.

     Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Садриддин Давлатзода ба сухан баромада, қайд намуд, ки ҳама кӯшишу ғайрат, азму талоши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгору осудаи мардум нигаронида шудаанд. Ин азму талош ба халқи тоҷик ҳамвора қуввату илҳом бахшида, барои пешрафти минбаъдаи маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмуъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некӯаҳволии мардуми кишвар мусоидат намуданд. 

                

 

 

     Дар қисмати охири чорабинӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо пешкаши таронаҳои ватандӯстона, ки баёнгари оромию осудагии кишвар ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иборат буд, ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшиданд.