- Диданд: 264
25-Январ дар Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбонови ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии судманд доир ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 23-уми декабри соли 2022 ба мардуми кишвар ироа гардида буд, баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, Назриён Васлибек Қурбон-сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобошоҳзода Муҳаммадшариф-муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Муҳаммадии Салим-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Абдулло Сатторӣ-мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Муслима Саидмуродова-мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ва аҳли ҷамоатчигӣ ширкат варзиданд.
Зимни вохӯрӣ, сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриён Васлибек Қурбон баромад намуда, мавриди нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда таъкид доштанд, ки: “Чуноне ба ҳамагон маълум аст, тамоми ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат, баҳри осоиштагии Меҳани биҳиштосои Тоҷикистон дар тӯли таърихи на чандон дури миллати тоҷик беҳамтост.
Дар асоси дастуру супоришҳо ва нуқтаҳои асосии Паёми Роҳбари давлат мо бояд вобаста ба авзои ҷаҳон захираи зеҳнии хешро зиёд намоем.
Масъулияти баланди кории тамоми роҳбарону кормандон натиҷаи мусбат ва намунаи ибрат ба насли ояндаи миллат хоҳад буд. Зеро агар ҳар як хизматчии давлатӣ бо дилу виҷдони пок фаъолият накунад, таъсири манфии хешро метавонад ба табақаи поёнӣ низ расонад.
Ҳамчунин, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат қайд гардид, ки бояд ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз синни 18-солагӣ соҳиби ин ё он касбу ҳунар гардад, ки ин албатта аз манфиат орӣ нахоҳад буд.
Равандҳои ҷаҳонишавӣ, бархурди тамаддунҳо, ифротгароиву одамрабоӣ, экстремизму терроризм, тамоюли шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳарактаҳои гуногуни ифротгароӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука овардааст.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори хеш қарор дода, дар ҳамкориву ҳамоҳангӣ саҳми беандозаи худро ба рушду нумӯи мамлакатамон гузорем”.
- Диданд: 258
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъин намудани Абдуғаффор Ҳикматуллозода
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҷурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳикматуллозода Абдуғаффор иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 11 январи соли 2023 №515
ҲИКМАТУЛЛОЗОДА АБДУҒАФФОР
17 апрели соли 1975 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот Олӣ. Соли 1998 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1992 то 1993 дар хоҷагии давлатии «Ӯртабуз»-и ноҳияи Фархор ба ҳайси коргари одӣ оғоз намуда, баъди хатми Донишгоҳ соли 1998 дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе ҳамчун коромӯз фаъолияташро идома додааст. Сипас солҳои 2000 – 2003 дар вазифаҳои ёрдамчӣ ва ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе ва соли 2003 ба ҳайси ёрдамчии калони прокурори шаҳри Душанбе оид ба кадрҳо кор кардааст.
Солҳои 2004 - 2009 прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти гумрук ва нақлиёти Прокуратураи генералӣ ва прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар нақлиёти Прокуратураи генералӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2009 то соли 2017 ҳамчун муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар нақлиёт ва коммуникатсияи Прокуратураи генералӣ, прокурори ноҳияи Балҷувон, прокурори ноҳияи Данғара, муовини прокурори вилояти Суғд ва аз марти соли 2020 муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа кардааст. Мушовири давлатии адлия дараҷаи 3 мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2023 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъин гардидааст.
- Диданд: 349
22 декабр Рӯзи энергетика таҷлил карда мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба кормандони энергетика табрик ва сипоснома тақдим намуданд. Барои хизматҳои шоён ва саҳми арзанда гузоштан дар рушд ва сарсабзиву шукуфоии диёр, дар пайравӣ аз икдомҳои созандагии Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси ватанпарастӣ, ифтихори милли ва садокат ба Ватан амали намудани Нақшаҳои бунёдкорӣ, иштироки фаъолона дар омодасозии нохия ба чашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва ба муносибати Рӯзи Энергетикхо, сарфароз гардонида мешавад.
Подкатегории
Саҳифаи 13 аз 64