- Диданд: 404
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ ИСМАТЗОДА АЗИЗУЛЛО УБАЙДУЛЛО БА ИФТИХОРИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамдиёрони азиз! Имрӯз, ки мардуми мехнатқарину шодмони ноҳияи Рӯдакӣ баҳри таҷлили иди бузурги миллӣ, ҷашни мардумӣ, рӯзи шодкомии ҳар як тоҷикистони сарҷамъ омадем. Бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҳамаи шумо ва тамоми мардуми диёрро аз номи шахсияти бузурги таърихӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз номи Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо садоқати бепоён табрику муборак бод намуда, дар ин рузи муборак бароятон иқболи нек ва рӯзгори хушу осударо орзу менамоям.
Истиқлолиятхоҳӣ ва талоши расидан ба давлатдории мустақил орзуи чандинасраи наслхои гузаштаамон буд. Ва инак бо ҳукми таърих ва талошҳои зиёди фарзандони ватанхоҳу Фарзонаи ин сарзамини куҳанбунёду соҳибтамаддун имрӯз ин дастоварди муҳимтарин, бузург, бебаҳо ва таърихии миллат бароямон муҳайё, ормони чандинасра ва маҳсули талошҳои зиёди мо мардумони Тоҷикистон амалӣ гардидааст.
Воқеан, истиқлолияти кунунӣ яке аз дастовардҳои кабири тоҷикон дар ҳазорсолаи охир мебошад. Баъди бурду бохтхои зиёди чамъиятй дар шакли сифатан нави давлатдорӣ истиқлолият ба даст овардани тоҷикон ин падидаест нодир дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ, ки дар тамоми дунë мавриди омӯзишу истифода қарор гирифтааст.
Имруз, баъди 31 соли ба даст овардани истиқлолият, давлати бунёдкардаамон дар арсаи ҷаҳони мавқеъ ва эътибори хоса пайдо намуда, дар сарзаминамон истиқлолият ба маънои томаш ҳукмфармост ва ҳамасола таҳким ёфта истодааст.
Корҳои азими созандагӣ, бунёдкориҳо ва ҳадафҳои олии давлатӣ вусъат ёфта, нуфузи сиёсии кишварамон афзуда, пайваста боло меравад. Эътибори имрӯзаи оламшумули Тоҷикистон, рушди бомароми иқтисодию иҷтимоӣ, аъзои даҳҳо созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла созмонҳои Милали Муттаҳид, Амният ва Ҳамкориҳои Аврупо будан, бо ташкилотҳои зиёди байналхалкӣ алоқаҳои зичи ҳамкорӣ доштан ва барқарор кардани муносибатҳои бисёрҷониба бо кишварҳои олам маҳз аз соҳибистиқлолии воқеии Ватани маҳбубамон далолат медиҳад.
Бо такрор мегӯем, ки Истиқлолият-рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду бофарҳанги тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роху равиш ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Бузургтарин дастоварди даврони истиқлолияти Тоҷикистониён ин мушарраф шудан ба якпорчагии томи диёр, таъмини сулҳу субот, тинчию амонӣ, якдилию ягонагӣ ва муҳимтар аз ҳама якдигарфаҳмию осудагии мардуми кишвари азиз мебошад, ки аз ин дастовард мову шумо ифтихор дорем. Бо шукргузорӣ аз ин неъмат, бояд кайд намоем, ки поягузори ҳамаи бунёдкориҳои давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ин маҳз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфтани чор ташаббуси Тоҷикистон дар масоили об, аз чумла кабул гардидани катъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардидани чор ҳадафи стратеги-истиқлолияти энергетики, раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавори ва саноатикунонии босуръати кишвар мисолҳои барҷастаи рушди ватанамон дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд.
Бале, маҳз ҷасорату диловарии Сарвари мамлакат дар ҷараёни оштии миллӣ ва вахдатофарӣ, ки яке аз лаҳзаҳои таркибии давраи соҳибистиклолӣ маҳсуб меёбад, точикистониёнро ба сӯи наҷот ва мурод раҳнамун сохт. Сулҳи ба даст омада, майли озодихоҳии моро таҳким бахшида, боварии мардумро ба зиндаги таҳти фазои истиқлол эҳё намуд. Имрӯз мардуми кишвар шукр доранд, ки маҳз бо шарофати истиқлолият ва заҳматҳои фарзанди барумандаш, Эмомалӣ Раҳмон ба чунин рузҳои нек расидаанд. Мо бовари дорем, ки маҳз аз баракату шарофати истиқлолият, ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвари азизамон тамоюл ба рушд намудааст.
Ҳамдиёрони гиромӣ! Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи дастовардҳои он, пуштибонии амнияти миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, суботи сиёси, таъмини рушди тадриҷии иктисодиёту ҳадафҳои стратегии созандагӣ аз муқаддастарин вазифаи ҳар як сокини ноҳия ба шумор меравад. Имруз аҳолии ноҳия дар марҳилае ҳаёту фаъолият доранд, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳуқуқ ба ҳаёти осоишта, таҳкими истиқлолият ва сулҳу амният, баланд бардоштани дараҷаи зисти аҳолӣ, ба таълим ва шуғл фаро гирифтани ҷавонон, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, фарогири бо таҳсилу касбомузи, таъмини истиқлолияти иқтисодӣ, фароҳам овардани шароит барои ҳифзи саломатӣ ва тарзи ҳаёти солим аз ҷониби давлату ҷомеа чорабиниҳои гуногуну судманд таҳия ва дар амал тадбиқ гашта истодаанд.
Азму талошҳои созандагиву бунёдкорӣ, роҳбарии хирадмандона ва сиёсати пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмонро сармашки кор намуда, вокеан тавонистем, ки вобаста ба пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, соҳаҳои иқтисоди миллии ноҳияро низ вусъат бахшем.
Нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхонаю муассисаҳо ва хоҷагиҳои кишоварзӣ, таҳлилҳои макроиктисодиёт ва мушоҳидаҳои маишату зисти мардум низ рӯшди бонизоми иҷтимоиёт ва иқтисодиёти ноҳияро нишон медиҳанд Дар натиҷаи амалӣ гардидани барномаҳои иктисодиву иҷтимоӣ дар радифи дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Рӯдакӣ низ фазои мусоид ба вучуд омада, дар натиҷа рушди бонизоми иқтисодӣ таъмин гардида, дар партави соҳибистиқлолӣ ва рушду нумуи кишвар, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ноҳия низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд.
Ояндаи давлат, миллат ва Тоҷикистони азиз дурахшон аст. Тамоми тадбирҳо бояд маҳз ба таъмини зиндагии шоистаи ҳар як тоҷику точикистони равона карда шавад. Вобаста ба ин, бояд ҳар як фарди худогоҳу худшинос, ҳар шахси бонангу номус, ба хотири пешрафту тараққиёти кишвар, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳамроҳ шуда, беш аз пеш дар ободсозии сарзамини аҷдодиамон саҳмгузор гардад.
Аз ин ру, бо шукрона аз соҳибистиқлолии кишвар ва ҷиҳати ҳифзи ин неъмати бебаҳои таърихӣ ҳар яки мо, ҳар як фарди бонангу номуси диёр бояд пайваста кушиш намоем, ки тамоми қувваю дониш ва таҷрибаи ҳаëтиамонро баҳри пойдории истиқлолият, ҳифзи дастовардҳои он, таким бахшидани сулҳу салоҳ, пуштибонии амнияти миллӣ ва суботи сиёсӣ равона сохта, рушди тадриҷии иқтисодиёту ҳадафҳои стратегии созандагӣ ва тараккиёти бомароми диёрамонро таъмин намоем ва ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо ва давлатамонро пешрафтаю муқтадир гардонем.
Насли наврасамонро дар руҳияи худшиносӣ, истиқлолиятпарасти, вахдатофари ва садоқат ба ватан тарбия намоем. То ки оянда корҳои оғознамудаи моро давом дода, ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва соҳибистиқлолии абадии давлатамонро таъмин намоянд. Аз мактаби одамияти Пешвои муаззами миллат сабақи амалӣ гирифта, дар ободониву шукуфоии Диёри азизамон саҳмгузор гарданд.
Дар ин лаҳзаҳои фархунда, бори дигар Шумо мехмонони арҷманд, хамдиёрони азизро ба ифтихори 31-солгарди Истиклолияти давлатии кишвар табрик гуфта, бароятон саломативу хонаободи ва пирузию сарбаландӣ орзумандам!
Бовар дорам, ки ҷашни 31-солагии истиқлолияти давлатии кишварамон ба мардуми заҳматкаши ноҳияи Рӯдакӣ неруи тоза бахшида, баҳри боз ҳам беҳтар шудани рӯзгори онҳо мусоидат менамояд.
Ҷашни Истиклолият муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
- Диданд: 275
2-Сентябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти мавзӯи ʺОмӯзиш ва муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим оид ба масъалаҳои зерин:
-ташкили иҷрои асноди меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба танзими ҷашну маросимҳои анъанавӣ ва татбиқи ҷашнҳои нав;
-таъмин намудани ҳамкории мақомоти давлативу ташкилотҳои ҷамъиятӣ доир ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;
-расонидани ёрии амалӣ ва методӣ ба комисияҳои маҳалли дар гузаронидани ҷашну маросимҳо;
-таҳия намудани тавсияву дастурҳои амалӣ, ташкили семинарҳо доир ба камхарҷу замонавӣ ва ҷолиб гузаронидани ҷашну маросимҳои анъанавӣ, ба ҳаёти маишиву фарҳангии халқ;
-якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор пеш бурдани корҳои маърифатӣ, тарғиботӣ дар байни аҳолӣ ва ғайраҳо.
Дарси хониши идораравӣ бо иштироки роҳбари дастгоҳи Раис Воҳидзода Ҷамшед Камол ва кормандони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи раиси ноҳия баргузор гардида, дар фарҷоми хониши идоравӣ вобаста ба масъалаи ироагардида кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Рӯдакӣ суҳбати озод намуда, ибрози андеша намуданд.
- Диданд: 408
Ҷиҳати омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳияӣ Рӯдакӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи ситоди ноҳиявӣ оид ба гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 баргузор гардид.
Қайд гардид, қи бо мақсади амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №133 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 15 апрели соли 2022, №786 ба тасвиб расонида, дар замимаи қарори мазкур Ситоди ноҳиявӣ ва нақшаи чорабиниҳо вобаста ба масъалаи мазкур тасдиқ гардидааст.
Барои бе мушкили гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 дар ноҳия ситоди доимоамалкунанда ташкил карда шуда, ҷараёни бо гарми таъмин намудани ташкилоту муассисаҳои худуди ноҳияро зери назорати қатъӣ қарор додаанд.
Подкатегории
Саҳифаи 16 аз 64