Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, хонишҳои сиёсӣ баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ин иқдом, баланд бардоштани малакаи сиёсии кормандон, маҳорати идоракунӣ ва тарзи муоширати хизматчиёни давлатӣ бо шаҳрвандон ва муроҷиаткунандагон мебошад.
Ҳамин гуна хониши сиёсӣ бо иштироки роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия ва мудирони шуъбаю бахшҳои дахилдори соҳа гузаронида мешавад.