Семинари илмию амалии минтақавӣ дар мавзӯи "Роҳҳои дастгирии давлатии бахши хусусӣ дар соҳаи кишоварзӣ", ки рӯзи 29 июли соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Семинари мазкур мувофиқи қарори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2022 таҳти №1, дар бораи "Нақшаи баргузории конференсияю семигарҳои илмию амалии минтақавӣ, рӯзҳои саҳро, фермерӣ ва мизи мудаввар дар муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон", баргузор шуд. Дар семинари омӯзишӣ намояндагони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ноҳияи Рӯдакӣ иштирок ва суханрони намуданд.