2 августи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотии раиси ноҳия бо иштироки васеъи намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар баргузор гардид.
         Дар оғози нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси ноҳия Абдуаҳад Саидмуродзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ба ҳозирин мухтасар маълумот дод.
      Сипас саволу ҷавоби озод бо рӯзноманигорон сурат гирифт. Намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар саволҳои худро оид ба дастовардҳои соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, обёрии заминҳо, сохтмони иншоотҳо ва рушди саноат пешниҳод намуда, аз тарафи муовини аввал ва муовинони раиси ноҳия, роҳбарони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ҷамоатҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
        Дар интиҳои нишасти матбуотӣ аз тарафи нашрияи "Халқ овозӣ" ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарияти Идораи алоқа барои иҷроиши босамари нақшаи обуна ба ин нашрия "Ифтихорнома" супорида шуд.