Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, хонишҳои сиёсӣ баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ин иқдом, баланд бардоштани малакаи сиёсии кормандон, маҳорати идоракунӣ ва тарзи муоширати хизматчиёни давлатӣ бо шаҳрвандон ва муроҷиаткунандагон мебошад.
       Ҳамин гуна хониши сиёсӣ бо иштироки роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия ва мудирони шуъбаю бахшҳои дахилдори соҳа гузаронида мешавад.
 
 
 
 
 
 
           2 августи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотии раиси ноҳия бо иштироки васеъи намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар баргузор гардид.
         Дар оғози нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси ноҳия Абдуаҳад Саидмуродзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ба ҳозирин мухтасар маълумот дод.
      Сипас саволу ҷавоби озод бо рӯзноманигорон сурат гирифт. Намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар саволҳои худро оид ба дастовардҳои соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, обёрии заминҳо, сохтмони иншоотҳо ва рушди саноат пешниҳод намуда, аз тарафи муовини аввал ва муовинони раиси ноҳия, роҳбарони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ҷамоатҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
        Дар интиҳои нишасти матбуотӣ аз тарафи нашрияи "Халқ овозӣ" ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарияти Идораи алоқа барои иҷроиши босамари нақшаи обуна ба ин нашрия "Ифтихорнома" супорида шуд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

        Семинари илмию амалии минтақавӣ дар мавзӯи "Роҳҳои дастгирии давлатии бахши хусусӣ дар соҳаи кишоварзӣ", ки рӯзи 29 июли соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ  баргузор гардид. 

      Семинари мазкур мувофиқи қарори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2022 таҳти №1, дар бораи "Нақшаи баргузории конференсияю семигарҳои илмию амалии минтақавӣ, рӯзҳои саҳро, фермерӣ ва мизи мудаввар дар муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон", баргузор шуд. Дар семинари омӯзишӣ намояндагони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ноҳияи Рӯдакӣ иштирок ва суханрони намуданд.

 

 

Подкатегории