25 июни соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки васеи намояндагони касбу кори гуногун ва фаъолони ноҳия чорабинии идона баргузор гардид.
Муовини аввали раиси ноҳия Саидмуродзода Абдуаҳад аҳли нишаст ва тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона таҳният гуфта, таманниёти неки худро иброз доштанд.
Зикр гардид, ки 27-июни соли 1997, ки дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон шудааст, дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол як саҳифаи наву тозае бо номи «Рӯзи оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати тоҷик» ворид намуда, бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, 25 сол боз, чун рӯзи фархунда бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Ваҳдати мо дар ҳақиқат неъмати бузург ва арзиши муқаддас мебошад, ки тамоми комёбиҳо ва саодати рӯзгорамон аз он сарчашма ва тамоми орзуву ормонамон аз ин иттиҳод, ибтидо мегирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз даҳсолаҳо пештар фарҳанги сулҳро беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик, ифодагари орзуву ормон ва нияту мақсадҳои наҷиби мардуми шарифи кишвар ҳисобида, ҳамчун дастоварди Истиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрат пайдо карданашро изҳор дошта буданд, ки ҳақонияти ин гуфтаҳо имрӯз баръало исботи худро ёфтааст.