Тибқи нақшаи чорабиниҳои бунёдкорию ободонӣ, сохтмони иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ ва корхонаҳои нав дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳои Чимтеппаи ноҳия майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Иншоот бо маблағи  аз 120 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфта, масоҳати умумиаш 800 метри квадратиро ташкил медиҳад. Дар расми ифтитоҳи майдончаи мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, инчунин омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳа иштирок намуданд.

 
 

 

                           

                           

                           

 

   Дар ноҳияи Рӯдакӣ калонтарин маҷмааи варзишӣ ба истифода дода шуд. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони 414 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли равон ба истифодадиҳии 27 иншоот, аз ҷумла 7 мактабу синфхонаҳо, 3 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 3 майдонча ва маҷмааи варзишӣ, 4 иншооти коммуналӣ, 4 иншооти дорои дигар самти фаъолият ва 6 коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ин созандагиҳо имрӯз дар деҳаи Обчакорони деҳоти Чимтеппаи ноҳияи мазкур як маҷмааи варзишӣ ва майдончаи варзишии ҳозиразамон ба истифода дода шуд. Маҷмааи солимгардонӣ дар ноҳия яке аз калонтарин ба ҳисоб рафта, масоҳати умумиаш 1882,2 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Подкатегории