Омӯзгорону шогирдони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Як сол пеш ҳангоми ифтитоҳи бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ зикр карда будам, ки минбаъд дар маҳалҳои аҳолинишини атрофи деҳаи Гулбутта ва дигар деҳаҳои ноҳия бо сабаби афзоиши босуръати аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи хонандагон норасоии ҷойи нишаст дар мактабҳо ба вуҷуд меояд.

Бинобар ин, ба роҳбарони Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ супориш дода будам, ки бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, соҳибкорону шахсони ҳимматбаланд ва аҳолӣ доир ба бунёди муассисаҳои таълимӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамзамон бо ин, барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтору мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатманд ва умуман, аҳли ҷомеаи кишвар вазифадор карда шудаанд, ки амалҳои созандагиву ободкориро вусъат дода, бо ҳамин роҳ мушкилоту масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла камбудиҳои соҳаи маорифро бартараф намоянд.

Боиси қаноатмандист, ки иқдомҳои Ҳукумати мамлакат аз ҷониби хурду бузурги кишвар дастгирии ҳамаҷониба пайдо карда, мардуми ватандӯсти мо тамоми саъю талоши худро ба хотири амалисозии нақшаи чорабиниҳои дар ин самт қабулгардида равона карда, Тоҷикистони азизамонро имрӯз ба арсаи заҳмати созанда табдил додаанд.

Дар ин раванди ба ояндаи неки кишварамон нигаронидашуда мардуми заҳматқарини ноҳияи Рӯдакӣ низ то имрӯз корҳои зиёди созандагиро анҷом додаанд.

Дар қаламрави ноҳия бунёду барқарорсозии 414 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва то имрӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорону ҷавонмардони бонангу номуси ноҳия 44 иншооти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифта, бунёду азнавсозии иншооти дигар тибқи нақша идома дорад.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо аз моҳи майи соли ҷорӣ то кунун 13 деҳаву маҳалҳои зисти ноҳия бо оби нӯшокӣ таъмин гардида, 4 пул дар деҳоти Роҳатӣ, Қиблаӣ ва Султонобод, чандин мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, синфхонаҳои иловагӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббиву марказҳои саломатӣ ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кардаанд.

Солҳои охир мо барои бунёду азнавсозии инфрасохтори соҳаи маориф дар баробари маблағҳои буҷетӣ, инчунин, соҳибкорони ватаниву шахсони саховатпеша ва грантҳои хориҷиро низ ҷалб намуда, мақсад дорем, ки рушди инфрасохтори муосири соҳаро таъмин карда, барои кӯдакону наврасон шароити мусоиди таълиму тарбияро муҳайё созем.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 дар деҳаи Оби Шифои ҷамоати Чоргултеппаи ноҳия, ки барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ шудааст ва дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ бо харҷи 26 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, намунаи заҳмати мардуми ноҳия ва кӯшиши соҳибкорону фарзандони ҳимматбаланди ҳамин диёр мебошад.

Мактаби мазкур ҳанӯз соли 1958 сохта шуда, солҳои 1964 ва 1980 навсозӣ гардидааст ва баъдан дар назди он биноҳои иловагии таълимӣ бунёд шудаанд. Табиист, ки бо гузашти чандин даҳсола синфхонаҳои он куҳнаю фарсуда шуда, шароити таълиму тарбия ба талаботи муосир ҷавобгӯ набуд.

Чунонки имрӯз мебинем, бинои нави муассиса бо 23 синфхона, толори варзиш, маҷлисгоҳ ва умуман тибқи талаботи меъёрҳои замонавӣ бунёд шуда, дар он беҳтарин шароиту имкониятҳои муосири таҳсил муҳайё карда шудаанд.

Бо истифода аз фурсат, ба соҳибкори саховатпешаи ҳамин ноҳия – Машрабов Нуршед ва ҳамаи шахсони эҳсонкоре, ки барои ободии ноҳия ва деҳоти он саҳм мегузоранд, миннатдорӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, ба меъморону сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин макони нави донишу маърифат саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ изҳор намуда, ба фаъолият оғоз кардани онро ба омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳа табрик мегӯям.

Итминон дорам, ки бо заҳмати аҳлонаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ нақшаҳои қабулшудаи ободонӣ дар се соли оянда амалӣ гардида, аксари мушкилоти иҷтимоии сокинони ноҳия ва деҳоти он бартараф хоҳад шуд.

Дар муассисаи мазкур 50 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи шогирдон машғуланд, ки 35 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Ин бисёр хуб аст, зеро занону модарон бо муҳаббате, ки хоси онҳо мебошад, метавонанд хонандагонро ба роҳи дурусти зиндагӣ, омӯхтани илму дониш, забони модарӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ ҳидоят намоянд.

Бовар дорам, ки солҳои наздик шумораи омӯзгорон аз ҳисоби занону духтарони соҳибмаърифату донишманд ва содиқ ба касби худ дар муассисаҳои таълимии кишвар, аз ҷумла дар мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ боз ҳам зиёд мегардад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда мо барои муҳайё кардани шароити таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва ба талаботи замони пешрафта мутобиқ гардонидани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодаем.

Зеро ташкили шароити мусоид барои таълиму тарбияи фарзандон, ба роҳ мондани роҳу усулҳои нави таълиму тадрис, омӯзиши илму дониш ва ба камол расонидани кадрҳои соҳибмаърифату баландихтисос заминаи боэътимод барои пешрафти ояндаи давлат мебошад.

Дар натиҷа, солҳои охир сатҳу сифати донишомӯзии наврасону ҷавонон торафт беҳтар шуда, аз байни онҳо истеъдодҳои замони нав ба воя расида истодаанд.

Кормандони соҳаи маориф вазифадоранд, ки бо ҷалби фаъолонаи падару модарон аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат самаранок истифода карда, барои дарёфти роҳу усулҳои пешқадами таълиму тарбия, ҷалби хонандагон ба омӯхтани илму дониш, забономӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ба воя расонидани насли воқеан босаводу соҳибмаърифат ва ватандӯсту худшинос ҳамеша кӯшиш намоянд.

Тибқи таҳлилҳо дар фаъолияти муассисаҳои таълимии ноҳия баъзе камбудиву масъалаҳое ба назар мерасанд, ки ислоҳи онҳо, пеш аз ҳама, вазифаи роҳбарон ва аҳли маориф мебошад.

Масалан, соли 2017- ум ҳамагӣ 10 нафар ва соли ҷорӣ аз 65 нафар хатмкардагони муассисаи рақами 7 –и ноҳияи Рӯдакӣ танҳо 20 нафар тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд, ки ин хеле кам аст.

Ҳоло дар ноҳия 12 муассисаи томактабӣ ва дар назди 12 муассисаи таълимӣ марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият мекунанд, ки тибқи маълумот дар онҳо низ норасоиҳои зиёд, аз ҷумла нарасидани ашёи зарурии таълим ба мушоҳида мерасад.

Мувофиқи барномаи тасдиқкардаи Ҳукумати мамлакат то соли 2020 дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёди боз 30 муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шудааст, ки масъулон бояд дар ҷараёни амалисозии нақшаи зикршуда ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Масъалаи дигаре, ки то ҳанӯз пурра ҳаллу фасл нашудааст, норасоии омӯзгорони соҳибкасб мебошад. Ман дар ҳамаи суханрониву мулоқотҳоям таъкид менамоям, ки хонандагон бояд аз технологияҳои муосир самаранок истифода карда, дар ин замина сатҳи дониши худро баланд бардоранд.

Вале дар ноҳияи Рӯдакӣ аз 153 нафар омӯзгорони фанни технологияҳои иттилоотӣ ҳамагӣ 79 нафар дорои таҳсилоти олӣ, 36 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 38 нафар омӯзгорони ғайриихтисос мебошанд, ки боиси нигаронӣ мебошад.

Ҳол он, ки маблағгузории соҳаи маорифи ноҳия сол аз сол зиёд гардида, соли ҷорӣ зиёда аз 118 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2017 — ум 19 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакиро зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои саривақтӣ амалӣ намояд.

Итминони комил дорам, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Рӯдакӣ то ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатӣ бунёди иншооти ба нақша гирифташударо бо сифати баланд ба анҷом мерасонанд ва бо ҳамин роҳ диёри худро боз ҳам ободу зебо мегардонанд.

Барои иқдому ташаббусҳое, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби фарзандони бонангу номуси он ва аҳолӣ амалӣ шуда истодаанд, бори дигар изҳори сипос менамоям ва бовар дорам, ки сокинони ватандӯсти деҳа минбаъд низ дар ин ҷода заҳмату талоши боз ҳам бештар ба харҷ медиҳанд.

Дар ин ҷода ба ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва ҳар як сокини ноҳия барору комёбӣ ва ба шогирдони мактаби навбунёд тандурустиву таҳсили хубу аъло орзу менамоям.

Ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

 

Дар назди гармхонаи хоҷагӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳияро тамошо карданд. Дар ин гӯша маҳсули дасти деҳқонони ризқофар ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гармхонаи Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ», ки роҳбараш соҳибкор Маҳмудҷон Сиддиқов мебошад, бо парвариши помидор дар гармхона шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ» 25 нафар аъзо дорад. Масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ 5 гектар замини корами обиро ташкил дода, дар 2 гектари он гармхона бунёд шудааст. Инчунин ҳар сол дар масоҳати 1,5 гектар кишти зироати гуногун гузаронида мешавад. Мақсади аслии хоҷагидорон дар ҳамаи фаслҳо бо сабзавоти тару тоза таъмин кардани аҳолии шаҳри Душанбе мебошад.

Ба маълумоти хоҷагидорон, айни замон дар майдони 0,25 гектар ҳосили помидор пухта расида, дар масоҳати 0,30 гектар кишт оғоз гардидааст. Дар ҳамаи 12 гармхонаи хоҷагӣ ин шабу рӯз парвариши помидор, кӯчати бодирингу қаланфури булғорӣ ба роҳ монда шудааст.

Соҳибкор Маҳмудҷон Сиддиқов иттилоъ дод, ки гармхонадорӣ бахши сердаромади соҳаи аграрии мамлакат мебошад. Барои мисол, ӯ аз ду ҳосили соли 2018 93 тонна помидор ва бодиринг ба даст овардааст. Нишондоди мазкур 88 тонна дар соли 2016 ва 93 тонна дар соли 2017 помидорро ташкил медод. Тавре маълум гардид, аҳли заҳмати хоҷагии мазкур қариб 10 сол боз ба парвариши помидору бодиринги барвақтӣ ва кӯчати ин навъи зироат машғул мебошанд.

Ҷиҳати гарм кардани гармхона аъзои хоҷагӣ аз ангишт истифода мебаранд ва талабот дар як сол ба ин намуди сӯзишворӣ аз 800 то 1300 тонна мебошад.

Саҳмдорон тасмим гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик гармхонаи муосири дигарро дар асоси таҷрибаи кишоварзони Кореяи Ҷанубӣ фаъол созанд.

Ба маълумоти идораи кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ, айни замон дар ноҳия дар масоҳати 12 гектар гармхона амал карда, соли равон дар майдони 32 гектар кишти зери плёнка гузаронида шудааст.

Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ» ҳамчунин дорои иншооти ёрирасон ва молхонаҳои мавсимӣ буда, айни замон ба парвариши 30 сар чорвои калони шохдор ва 30 сар моли майда машғул аст. Давоми соли равон ҳамагӣ зиёда аз 100 сар чорвои калон ва 150 сар чорвои майда парвариш карда, зиёда аз 20 тонна гӯшти гов ва беш аз 6 тонна гӯшти гӯсфанд ба фурӯш баровардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо таҷрибаи кишоварзони Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ», ноҳияи Рӯдакиро пойгоҳи асосии таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Соли 2018

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и

деҳаи Оби Шифои деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ

 

Бинои нави таълимгоҳ дар масофаи 500 метр дуртар аз бинои мавҷуда, барои 1280 хонанда дар ду баст, бо ҷалби 26 млн. сомонии сармояи соҳибкорӣ ватанӣ Машрабов Нуршед ва нерӯи сохтмончиёни маҳаллӣ, бунёд гардидааст.

            Бинои муассиса сеошёна буда, дорои 23 синфхонаҳои мутобиқ ба стандарти мактабӣ, аз ҷумла кабинетҳои фании химия, биология, физика, технологияи иттилоотӣ, математика, синфхонаи компютерӣ, 8 утоқҳои корӣ, китобдор, роҳбари созмони хонандагон, инчунин  толори варзишӣ дар масоҳати 380 м2, маҷлисгоҳ бо 240 ҷойи нишаст, дар масоҳати 273.8 м2 ва ошхонаи талабагӣ бо 88 ҷойи нишаст дар масоҳати 204 м2 мебошад.

             Дар назди муассиса варзишгоҳи замонавӣ дар масоҳати 1 гектар бунёд гардидааст. Муассиса, ҳамчунин дорои шабакаи муттамаркази гармдиҳии тавассути ангишт фаъолияткунанда, мебошад.

           Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар мумфарш гардонидани роҳи дохили маҳалла то мактаб дар масофаи 740 метр, кашидани хатти нерӯи барқ (6 симчӯб, насби трансформатори иқтидораш 400 кв, муҷаҳҳазгардонии ошхонаи мактабӣ, гузаронидани хати оби нӯшокӣ ва канализатсия, ҳамчунин ҳуҷатнигории сохтмон аз қабули қарори  Раиси ноҳия то гирифтани сертификати ҳуқуқӣ истифодаи замин, инчунин корҳои ободонию кабудизоркунии атрофи муассиса ва маҳалли ҷойгиршавии он, саҳмгузор гардидааст.

           Муассиса аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (миз, курсӣ, ҷевонҳо) бо дастгирии соҳибкор Машрабов Нуршед ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ашёи мактабӣ ва дигар таҷҳизот, муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

             Бинои куҳнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Оби Шифои деҳоти Чоргултеппа соли 1958 сохта шуда, солҳои 1964 ва 1980 биноҳои таълимии иловагӣ сохта, ҳамроҳ карда шудааст.

             Айни замон дар 3 бинои таълимии иборат аз 21 синфхона, 1608 хонанда, аз ҷумла 801 нафар духтарон бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ба хонандагони муассиса 50 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 38 нафар занон дарс мегӯянд.

            Синфи  11-и   муассисаи   таълимии   мазкурро    соли   ҷорӣ  65  нафар   хатм  карда,   20   нафари онҳо   тавассути   Маркази   миллии   тестии  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба мактабҳои олӣ дохил шуданд.

            Аз  таълимгоҳи  мазкур  соли  2017   10 нафар хатмкардаи  синфи  11 ба  воситаи  Маркази  миллии  тестии  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   ба  муассисаҳои  таҳсилоти  миёна  ва  олии  касбии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дохил  шудаанд. 

           Соли  хониши  ҷорӣ таълимгоҳ   зиёда    аз   208  нафар    хонандаи   синфи   якумро   ба   таҳсил   фаро    гирифтааст,  ки  108 нафарашон   духтарон    мебошанд.

Маълумотнома

оид ба деҳоти Чоргултеппа

-Шумораи аҳолӣ: 41626 нафар  (занҳо 20580 нафар)

-Шумораи хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ 6597 адад

-Шумораи деҳаҳо 21 адад

-Хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ 680 адад

 Замин:

-дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  6729 га.

-замини корам                           3488 га.

-замини корами обӣ                 1853 га.

-замини корами лалмӣ             1635 га.

-боғ                                               193  га.

-токзор                                        53 га. 

-чарогоҳ                                       2893 га.

-боир                                           102 га. 

Замини хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ:

-ҳамагӣ                                         5612 га.

-заминҳои корам                         2588 га.

-замини корами обӣ                   1503 га.

-заминҳои корами лалмӣ         1085 га.

-боғ                                               115 га.

-токзор                                         29 га. 

-чарогоҳ                                       2893 га.  

-боир                                             102 га. 

Замини хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ:

-заминҳои корам                         900 га.

-замини корами обӣ                   350 га.

-заминҳои корами лалмӣ           550 га.

-боғ                                               78 га.

-токзор                                                  24 га.

-ҳамагӣ чорвои калони шохдор      6594 сар

-бузу гусфанд                                     9857 сар

- парранда                                            11530 сар

 -асп                                                     213 сар

 

-корхонаҳои саноатӣ                         16 адад

-мағозаҳо                                             35 адад

-сартарошхонаҳо                               5 адад

-ҳамом                                                   2 адад

 

Мактабҳо: 13 адад,-аз он миёна      10 адад,

-асосӣ 3 адад

Шумораи хонандагон                       9474  нафар

-аз он духтарон                                  4679  нафар

Шумораи омӯзгорон                         402  нафар

  аз он занон                                       282  нафар

-маркази саломатӣ                            3  адад

-бунгоҳҳои тиббӣ                             7  адад

-дорухонаҳо                                         4  адад

-клубҳо                                                 1  адад

-китобхонаҳо                                       3  адад

-толорҳои варзишӣ                           3  адад

 Масҷидҳо                                        19  адад

-аз он ҷомеъ                                       2  адад

-панҷвақта                                          17  адад

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и

деҳаи Шаҳристони деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ

Бинои нави таълимгоҳ бо ҷалби 21 млн. сомонии сармояи соҳибкорӣ ватанӣ Ғуломов Абдухалил ва нерӯи сохтмончиёни маҳаллӣ, бунёд гардидааст.

Муассиса барои ба таҳсил фаро гирифтани 1280 хонанда дар ду баст сохта шуда, аз 2 ошёна ва 22 синфхонаҳои мутобиқ ба талаботи стандарти мактабӣ, аз ҷумла кабинетҳои фании алоҳидаи химия, биология, физика, технологияи иттилоотӣ, география, 8 утоқҳои корӣ барои роҳбар ва муовинони роҳбари муассиса, роҳбарони созмони

 хонандагон ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ иборат буда, инчунин  толори варзишӣ, китобхона барои на камтар аз 10 ҳазор нусха китоб, маҷлисгоҳ бо 160 ҷойи нишаст ва ошхонаи талабагӣ бо 40 ҷойи нишаст дорад.

Дар назди муассиса варзишгоҳи замонавӣ дар масоҳати 1.2 гектар бунёд гардидааст. Муассиса, ҳамчунин дорои шабакаи муттамаркази гармдиҳӣ, тавассути истифодаи ангишт мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар мисоли кашидани хатти нерӯи барқ (6 симчӯб, 300 метр), таъмину насби трансформатори иқтидораш 400 кв, гузаронидани хати оби нӯшокӣ ва канализатсия, ҳуҷатнигории сохтмон аз қабули қарори Раиси ноҳия то гирифтани сертификати ҳуқуқӣ истифодаи замин, инчунин корҳои ободонию кабудизоркунии атрофи муассиса ва маҳалли ҷойгиршавии он, аз ҷумла мумфарш намудани масофаи 3 км. роҳи дохили деҳа бо истифодаи 600 тонна асвальт, бетонпӯш кардани масоҳати 720 м2 майдони назди мактаб, кашидани 40 метр қубурҳо, муҷаҳҳазгардонии ошхона ва толори маҷлисгоҳ, дар бунёди муассиса саҳмгузор гардидааст.

 Муассиса аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ашёи мактабӣ таъмин гардида, ошхона ва толори варзишии он аз ҷониби

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

 

Бинои куҳнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳаи Шаҳристони деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ соли 1947 сохта шуда, айни замон дорои 43 синфхона бо фарогирии 1045 хонанда, аз ҷумла 493 нафар духтарон мебошад. Ба хонандагони муассиса 49 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 42 нафар занон дарс мегӯянд.

          Синфи  11-и   муассисаи   таълимии   мазкурро    соли   ҷорӣ  46 нафар   хатм  карда,   39   нафари онҳо   тавассути   Маркази   миллии   тестии  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба мактабҳои олӣ дохил шуданд.

      Аз  таълимгоҳи  мазкур  соли  2017   28 нафар хатмкардаи  синфи  11 ба  воситаи  Маркази  миллии  тестии  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   ба  муассисаҳои  таҳсилоти  миёна  ва  олии  касбии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дохил  шудаанд. 

       Соли  хониши  ҷорӣ таълимгоҳ   зиёда    аз   150  нафар    хонандаи   синфи   якумро   ба   таҳсил   фаро    гирифтааст,  ки  62 нафарашон   духтарон  мебошанд.

Маълумотнома

оид ба деҳоти Россия

 Шумораи умумии аҳолии деҳоти Россия 35392 нафар, аз он мардҳо 17855 нафар, занҳо 17537 нафар

Шумораи хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ 7189 адад

Шумораи деҳаҳо 11 адад

Хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ       168 адад

Замин:

-дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1350 га.

-замини корам                                 752 га.

-замини корами обӣ                       694 га. 

-замини корами лалмӣ                   58  га.

-боғ                                                     67 га. 

-токзор                                               16  га.

-чарогоҳ                                            530 га.

-боир                                                   1 га. 

 -гармхона 6 га

-зери плёнка 5 га

Замини хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ:   920 га.

-заминҳои корам                             322 га.

-замини корами обӣ                       264 га.

-заминҳои корами лалмӣ             58 га.

-боғ                                                   16 га.

-токзор                                               2 га.

-чарогоҳ                                           530 га. 

-боир                                                 1 га.

Замини хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ:

-заминҳои корам                           430 га.

-замини корами обӣ                     430 га.

-боғ                                                 51 га.

-токзор                                           16 га.

Ҳамагӣ чорвои калони шохдор      2123 сар

-бузу гусфанд                                   1356 сар

 -парранда                                         10572 сар

 -асп                                                    5 сар

Мактабҳо                                          5 адад

-Шумораи умумии хонандагон   5688 нафар

аз он духтарон                                 2943 нафар

-Шумораи омӯзгорон                     211 нафар

аз он занон                                       159 нафар

-корхонаҳои саноатӣ                     11 адад

-корхонаои сохтмонӣ                     4 адад

-марказҳои савдо                             22 адад

-тарабхонаҳо                                   15 адад

-дорухонаҳо                                     7 адад

-сартарошхонаҳо                             13 адад

-ҳамом                                               2 адад

-маркази саломатӣ                         1 адад

-бунгоҳҳои тиббӣ                            5 адад

-китобхона                                       1 адад

-толорои варзишӣ                           2 адад

  Масҷидҳо                                         13 адад

 -аз он ҷомеъ                                      2 адад

 -панҷвақта                                      11 адад

 

Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ»-и

деҳаи Сохибкорони деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ

Хоҷагии деҳқонии «Содиқ- Сиддиқ»-и деҳаи Соҳибкорони деҳоти Россия, роҳбараш Сиддиқов Маҳмудҷон, 25 нафар аъзо дорад.

Масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ 5 гектар замини корами обиро ташкил дода, дар 2 гектари он гармхона ташкил карда шуда, дар 1.5 гектар кишт гузаронида мешавад.

Яке аз мақсадҳои асосии хоҷагии деҳқонӣ ин дар ҳамаи фаслҳо бо сабзавоти тару тоза ва

 маҳсулоти гуштӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе мебошад.

Айни замон дар майдони 0.25 га. кишти тайёри помидор мавҷуд буда, дар 0.30 га. кишт оғоз гардидааст. Истеҳсолот аз майдони мавҷуда дар 11 моҳи соли 2018 60 тонна помидорро, ташкил додаст.

Хоҷагӣ, ҳамчунин дорои иншоотҳои ёрирасон ва молхонаҳои мавсимӣ буда, айни замон ба парвариши 30 сар чорвои калони шохдор ва 30 сар моли майдаи шохдор машғул аст.

Давоми соли ҷорӣ, ҳамагӣ зиёда аз 100 сар чорвои калон ва 150 сар чорвои майдаи шохдорро парвариш карда, зиёда аз 20 тонна гушти гов ва беш аз 6 тонна гушти гусфанд ба фурӯш баровардааст.

Маълумотнома

оид ба деҳоти Гулистон

 Шумораи умумии аҳолӣ: 47036 нафар мардҳо

 23753 нафар,  занҳо 23283 нафар

Шумораи хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ 7496 адад

Шумораи деҳаҳо 15 адад

Замин:

-дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ       1730 га.

-замини корам                                       1215  га.

-замини корами обӣ                             905 га.

-замини корами лалмӣ                         310 га.

-боғ                                                           250 га.

-токзор                                                   45 га.

-чарогоҳ                                                 20 га.

-боир                                                       19  га.

-хоҷагиҳои фермерии деҳқонӣ           355 адад

-зери плёнка                                           3 га.

Замини хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ: 1162 га

-заминҳои корам                                   734 га.

-замини корами обӣ                             640 га.

-заминҳои корами лалмӣ                    94 га.

-боғ                                                           85 га.

-токзор                                                     23 га.

-чарогоҳ                                                   200 га.

 -боир                                                      19 га.

Замини хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ:

-заминҳои корам                                   568 га.

-замини корами обӣ                             265 га.

боғ                                                           65 га.

  токзор                                      22 га.

Чорво:

-калони шохдор                    3238 сар

-бузу гусфанд                         2194 сар

 -парранда                           7736 сар

- асп                                       26 сар

-корхонаҳои саноатӣ            22 адад

-корхонаои сохтмонӣ           1 адад

-марказҳои савдо                   8 адад

-мағозаҳо                               112 адад

-дорухонаҳо                           8 адад

-сартарошхонаҳо                   22 адад

-ҳамом                                     2 адад

Мактабҳо:                                11 адад

-Шумораи хонандагон         11541 нафар

аз он духтарон                         5590 нафар

-Шумораи омӯзгорон           462 нафар

аз он занон                              314 нафар

-маркази саломатӣ                 3 адад

-бунгоҳҳои тиббӣ                  11 адад

-китобхонаҳо                          2 адад

-толорои варзишӣ                   2 адад

Масҷидҳо:                                18 адад

-ҷомеъ                                         3 адад

-панҷвақта                                 15 адад

 

Подкатегории