Дар мусулмонии баъзеҳо як хосияти аҷиби ҳайратоваре дида мешавад, ҳар оне, ки онҳоро ба сӯи ислом даъват менамояд, аз нав гӯё ба дини нав мегаравида бошанд ба найранги ҳангомахоҳон дода мешаванд. Зуд фаромӯш мекунанд, ки дини ислому мусулмонӣ ҳанӯз дар асри VІ пайдо гашта, нури он то ба ҳол сеяки аҳолии ҷаҳонро мунаввар менамояд.
Манзур он аст, ки дар ибтидои солҳои 80-ум дар Тоҷикистон гурӯҳе пайдо гашт, ки дар байни мардум таблиғот бурда, одамонро ба суи дини ислом даъват мекард. Чун сухан аз номи ислом мерафт, мардум оҳиста-оҳиста ба даъвати онҳо фирефта мешуд. Ин тафриқаандозӣ аввалин қадамҳои Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон буд. Чун онҳо ақидаи ваҳоббияро ба мардум талқин мекарданд, шояд як зумра мардуми гумроҳ инро ба таври худ фаҳмида, навоварие дар дини ислом донистанд, ки ба аъзогии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пайвастанд.
Ин мағзшӯйии мардум баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ба наҳзатиён самара дод. Чун Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд ва аз узвияти Иттиҳоди Шуравӣ берун рафт, ваҳҳобиҳо симои худро намудор сохтанд. Дар майдонҳо гирдиҳамоиҳо оғоз намуда, бо ташвиқи ҲНИТ аз ҳукумат талаби истеъфо намуданд. Ба мардум гуфта мешуд, ки агар ҳар касе ба майдон набарояд, кофир мешавад. Ҳамин ҷо он хосиятҳои аҷиби зудтағйирпазирии мусулмонон айён шуда, одамони гумроҳ шабу рӯз дар майдонҳо иқомат намуда, тутивор шиорҳои сиёсиро такрор мекарданд. Ниҳоят вазъият шиддат гирифта, мардум паси сангарҳо қарор гирифт ва хуни аввалини бегуноҳон рехта шуд.
Ин ҷанги байни бародарони ҳамхун, ҳамчун ҷанги шаҳрвандӣ дар хотираҳо нақш баст. Садҳо шаҳру деҳоти обод ва мардуми он ба хоку хун кашида шуданд. Мардуми бисёр аз навоҳиҳо ба хориҷи кишвар ба мулки Афғонистон фирор карданду ҳазорҳо аз ташнагиву гуруснагӣ ҷон доданд. Пешвоёни ҲНИТ инро истифода бурда, аз тамоми давлатҳои арабиву исломӣ талаби кӯмак намуда, худро мазлум ва ҳомиёни дини ислом муаррифӣ менамуданд. Аммо дар асл чунин набуд.
Фаъолияти ТЭТ ҲНИТ-ро Суди Олии кишвар баррасӣ намуда, собит сохт, ки «роҳи ихтилофбарангезиву ҷудоихоҳии ҲНИТ мунҷар ба табаддулот ва барҳам задани низоми мавҷудаи сиёсӣ нигаронида шуда, бо амалҳои террористиву ифротгароӣ даст ба тағйири сохторӣ оварда расонид. Таърихи ташаккул ва таҳаввули ин ҳизб нишон дод, ки дар марҳилаҳои начандон тӯлонии инкишофи худ ин ҳизби сиёсии исломӣ ихтилофу зиддиятҳоро дар ҷомеа барангехта, ҳамеша барои носуботии амнияти дохилӣ ва минтақавӣ замина фароҳам оварда, омили асосии даргирии ҷангҳои дохилӣ буд».
Инак, вақт исбот кард, ки мақсади роҳбарияти ҲНИТ - хиёнат ба Ватан, рехтани хуни тоҷикони мусулмон ва ба нестӣ бурдани давлату миллат буда, таи ин солҳо ҳамеша дар фикри эҷоди тафриқа буданду ҳастанд.
Бинобарин мардуми шарифи Тоҷикистонро ба иттиҳоду якдилӣ даъват намуда, аз ҳамаи шумо хоҳони онам, ки сулҳу суботи кишварро мисли гавҳараки чашм нигаҳбон бошед. Чунки шумо мусулмонед, на аъзои ҲНИТ.
Ҳоҷӣ Аминҷон