- Диданд: 981
Маросими ифтитоҳи расмии Фурушгоҳи ҶДММ «Мадад-Агро» дар деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ.
Фурушгоҳи ҶДММ «Мадад-Агрои аз ҷониби соҳибмулк Баҳруллои Хайрулло ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон, бо мақсади осон намудани захмати кишвоварзони кишвар тарики таъмини онхо бо техника ва мошин олотҳои кишоварзии муосир, каммасраф, арзон ва имтиёзи пардохти маблағҳо ва хизматрасонии сервисии маҳсулот, дар ҳудуди деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, таъсис дода шудааст. -Ташаббускор-соҳибмулк: Базҳруллои Хайрулло -Ном: Фурӯшгоҳи ҶДММ «Мадад-Агро» -Масоҳати умумии замин: 0.23 га. -Масоҳати бинои маъмури: 260 м2 -Масоҳати зери айвон: 96 м2 -Таъсиси ҷойи нави кори: барои 10 нафар -Бино дуошёна, дар ошёнаи 1-ум ҷойҳои нигоҳдории техникаҳо, дар ошёнаи 2-юм идораи маъмури ҷой гирифтааст. -Дар шафати марказ барои сайёҳон нуктаи хурди хизматрасони сохта шудааст. ҶДММ «Мадад-Агро» тибки созишномахои мавҷуда намояндаи (дилер) расмии Ширкати YTO INTERNAIONAL, LTD оид ба фуруши тракторхо ва дигар техникаи кишоварзи, хамзамон маркази расмии дилерии ҶСК “Гомсельмаш”, дорои ваколатҳои фуруш ва хизматрасонии техникии маҳсулот дар ҳудуди Ҷумҳурии Точикистон мебошад. Айни замон дар ихтиёри ҶДММ «Мадад-Агро» мачмуи техника ва мошинолотҳои кишоварзи аз қабили ядакҳо, испор, тракторҳои тамгаи YTO -224, YTO-904, YTO-1804, дорупошак, алафдаравак, алафдаравӣ дасти ва ғайраҳо мавчуд аст, ки хоҳишмандон ва хусусан шахсони ҳуқуқӣ, сохибкорони инфиродӣ, хочагиҳои деҳконӣ ва дигар субектҳои хоҷагидори, метавонанд онхоро аз ҷумла тарики пардохти имтиёзноки маблагҳо харидори намоянд.
- Диданд: 684
Ҳозирини гиромӣ!
Меҳмонони муҳтарам!
Бо шарофати истиқлолияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари азизамон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз боз ҳам ободу зебо гардида истодааст. Мардуми хушиқболи Тоҷикистон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати абадии миллӣ ба бунёдкорию созандагӣ машгул мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократии соҳибистиқлол ва ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сиёсати берунии худ сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифтааст, ки мутобиқи он фазои кишвари мо барои ҳамкорӣ ва робитаҳои мутақобила бо тамоми давлатҳои дунё мусоид мебошад.
- Диданд: 897
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 оид ба тахия намудани нақшаи чорабиниҳои ободонӣ баҳри ба ифтихори созандагиву бунёдкорӣ пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои муайнеро ба субот расонид. Бахри сазовор ва бо корҳои бунёдкориву созандагӣ пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 22 июни соли 2018, №2392 “Дар бораи тасдиқи ҳайати гуруҳи корӣ ва нақша чорабиниҳои Маќомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ чиҳати омодагии ҳамамчониба ба чашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ”-ро ба тасвиб расонид.
Нақшаи мазкур аз 2 замима ва 448 банд иборат буда, 34 банди он ба баргузории тадбирандешиҳои сиёсӣ, корҳои таблиғот, ташвиқотӣ, чорабиниҳои оммавӣ ва маърифатӣ нигаронида шудааст.
Подкатегории
Саҳифаи 63 аз 64