Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 оид ба тахия намудани нақшаи чорабиниҳои ободонӣ баҳри ба ифтихори созандагиву бунёдкорӣ пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои муайнеро ба субот расонид. Бахри сазовор ва бо корҳои бунёдкориву созандагӣ пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 22 июни соли 2018, №2392 “Дар бораи тасдиқи ҳайати гуруҳи корӣ ва нақша чорабиниҳои Маќомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ чиҳати омодагии ҳамамчониба ба чашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ”-ро ба тасвиб расонид.
Нақшаи мазкур аз 2 замима ва 448 банд иборат буда, 34 банди он ба баргузории тадбирандешиҳои сиёсӣ, корҳои таблиғот, ташвиқотӣ, чорабиниҳои оммавӣ ва маърифатӣ нигаронида шудааст.
Боқимонда 414 банд ё 92 фоиз ба корҳои бунёдкорӣ, ободонию созандагӣ тариқи сохта ба истифода додани иншооти мухталиф, аз он чумла муассисаҳои иҷтимоӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона шудааст.
Дар таркиби нақшаи ҷашни 30-солагии Ватани маҳбуб 76 банд ба соњаи маориф, аз ҷумла бунёди мактаб, биноҳои таълими, синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои томактаби, марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ, марказҳои забономӯзӣ, 72 банд ба бунёд ва таъсиси сартарошхонаҳо, 45 банд ба бунёди марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, ташхисгоҳи замонавии тиббӣ, коргоҳҳои дорубарорӣ ва дорухонаҳо, 3 банд бунёди китобхонаҳо, 35 банд ба бунёди иншоотҳои варзишӣ, 9 банд ба бунёди растаҳои ҳунармандӣ, 9 банд ба бунёд ва таъсиси марказҳои зебопарастии “кошонаҳои ҳусн”, 5 банд ба сохтмони ҳамомҳо, 4 банд ба таъсису бунёди марказҳои дилхушкунанда, 8 банд ба гулгашт ва гулзоркунии минтақахои алоҳида, 10 банд ба масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, 15 банд ба масъалаҳои купрук ва роҳсозӣ, 68 банд ба бунёди марказҳои савдо ва маѓозаю дуконҳо ва ташкили марказҳои хизматрасонӣ, ҳамчунин беш аз 17 банд ба бунёд ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, нигаронида шудааст.
Дар давоми соли ҷорӣ баистифодадиҳии 27 иншоот ба накша гирифта шудааст, аз ҷумла 7 иншоот дар соҳаи маориф, 3 иншоот дар соҳаи савдо ва хизматрсонӣ, 3 адад майдонча ва толорҳои варзиши 4 иншоотҳои коммуналӣ, 6 коргоҳҳои истеҳсолӣ ва 4 адад дигар намуди иншоот.
Иҷрои амалӣ намудани нақша-чорабинихои дар боло зикршуда зери назорати қатъии Макомати иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад.