Устодону омӯзгорон ва фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

      Ба фаъолият оғоз кардани боз як даргоҳи донишу маърифат- муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35-ро ба сокинони заҳматқарини ноҳияи Рӯдакӣ ва хусусан, ба устодону шогирдони деҳаи Шаҳристон самимона табрик мегӯям.

      Бо камоли хушнудӣ изҳор менамоям, ки сокинони бонангу номус ва сарбаланди кишварамон, аз ҷумла мардуми ватандӯсти ноҳияи Рӯдакӣ ба хотири пешрафти минбаъда ва боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизамон нақшаҳои ободкоронаи давлат ва Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси масъулият ва ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ истиқбол намуда, амалҳои созандагиро дар тамоми гӯшаҳои Ватани маҳбубамон вусъат бахшида истодаанд.

      Ба фаъолият оғоз кардани муассисаи нави таълимӣ дар деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ ба маблағи умумии 21 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, боз як нишонаи ҳамин раванди неки ободкориҳои диёрамон мебошад.

       Дар муассисаи навбунёди имрӯза барои таълиму тарбияи 1280 нафар толибилмон тамоми шароити замонавӣ фароҳам оварда шуда, он аз 22 синфхона, аз ҷумла утоқҳои муҷаҳҳази фаннӣ, технологияҳои иттилоотӣ, инчунин, толори варзиш, китобхона бо 10 ҳазор нусха адабиёти таълимиву бадеӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона иборат мебошад.

      Бояд гуфт, ки то имрӯз хонандагони деҳаи Шаҳристон дар бинои таълимии солҳои 40-уми асри гузашта сохташуда дарс мехонданд ва шароити таълиму тарбия дар он умуман ба талаботи рӯз мутобиқ набуд.

     Бо вуҷуди ин, соли гузашта аз 46 нафар хатмкардагони мактаби мазкур 39 нафар тавассути Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишварамон дохил гардидаанд, яъне қариб 90 фоизи онҳо ба номи пуршарафи донишҷӯй соҳиб шудаанд, ки ин нишондиҳанда далели равшани заҳмати устодону омӯзгорон ва аҳли маорифи ноҳия мебошад.

      Ғайр аз ин, дар муассисаи зикршуда аз 49 нафар омӯзгорон 42 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд ва натиҷаҳои зикршуда самараи таваҷҷуҳи махсуси занону бонувони ноҳия ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ба шумор меравад.

     Бо истифода аз фурсат, ба соҳибкори ҳимматбаланди ватанӣ Ғуломов Абдухалил, муҳандисону сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди мактаби замонавӣ ва фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия барои насли ояндасози халқамон саҳми ватандӯстона гузоштаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям.

     Ҳоло барои устодону хонандагон тамоми шароити замонавии таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Итминон дорам, ки шогирдони ин мактаби навбунёд барои боз ҳам амиқу беҳтар аз худ кардани илму дониш саъю талоши пайваста зоҳир менамоянд ва дар оянда аз байни онҳо мутахассисони баландихтисос ба камол расида, барои пешрафти ноҳия ва Ватани маҳбубамон саҳми худро мегузоранд.

      Танҳо соли ҷорӣ дар ноҳия биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти умумии рақами 88 ва 117 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҳоло сохтмони 7 бинои нави таълимӣ бо 4000 ҷойи нишаст, 87 синфхонаҳои иловагӣ дар назди 32 муассисаи таълимӣ, муассисаҳои томактабии хусусӣ дар шаҳракҳои Сомониён, Мирзо Турсунзода ва деҳоти Лоҳур идома дорад.

       Ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки яке аз ноҳияҳои калонтарини кишвар буда, қариб 500 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, 172 муассисаи томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар самти таъмин намудани онҳо бо омӯзгорони соҳибихтисос мунтазам тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Алҳол дар ноҳия қариб 5700 нафар омӯзгорон ба таълиму тадрис машғуланд, ки беш аз 3700 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.

      Бо мақсади бо омӯзгорони баландихтисос ҳарчи пурра таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ҳамасола тибқи квотаи Президентӣ зиёда аз 20 нафар хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат фиристода мешаванд.

      Вале дар баробари ғамхориҳои давлату Ҳукумат дар самти азхудкунии забонҳои хориҷӣ то ҳанӯз сатҳи забондонии хонандагони ноҳия, бахусус, забонҳои русиву англисӣ қонеъкунанда нест.

      Бинобар ин, масъулони соҳаи маориф ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакиро зарур аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи забондонии наврасону ҷавонон усулҳои пешқадами забономӯзиро роҳандозӣ намоянд.

      Ҳамчунин, зарур аст, ки бо дарназардошти мунтазам зиёд шудани шумораи хонандагон ва талабот ба ҷойҳои нишаст бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, аз ҷумла бо ҷалби соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша вусъат дода шавад.

Ҳозирини гиромӣ!

      Мувофиқи маълумот то ҳол дар баъзе муассисаҳои таълимии ноҳия раванди таълим дар се баст ҷараён дошта, дар ин самт мушкилоти дигар низ, аз ҷумла доир ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ба мушоҳида мерасанд.

     Гарчанде мо барномаи компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакатро анҷом додем, вале то ҳанӯз муассисаҳои таълимии ноҳия дар маҷмӯъ, ба 500 компютер эҳтиёҷ доранд. Ҳамзамон бо ин, раванди иҷрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо утоқҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 дар ноҳия чандон назаррас нест.

      Ғайр аз ин, бо дарназардошти он, ки ҳар сол шумораи хонандагони ноҳия аз ҳисоби афзоиши аҳолӣ то 7 ҳазор зиёд мегардад, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, хусусан, дар маҳалҳои навбунёд, биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва сари вақт бартараф намудани камбудиҳои дигари ҷойдошта вазифаи асосии ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла роҳбарони соҳаи маориф ва соҳибкорону шахсони саховатпеша мебошад.

      Бори дигар таъкид менамоям, ки таълиму тарбияи дурусти фарзанд аз оила оғоз мегардад.

       Аз ин лиҳоз, ҳар қадар, ки волидайн дар муҳити оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд, ҳамон қадар раванди донишандӯзӣ ва одобу ахлоқи онҳо дар муассисаҳои таълимӣ бидуни мушкилот ҷараён мегирад.

      Бовар дорам, ки ҷавонону наврасони ноҳияи Рӯдакӣ минбаъд низ бо истифода аз шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат барои омӯзиши илму дониш кӯшишу ғайрати дучанд мекунанд ва дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳибихтисосу забондон ва ватандӯсту парчамбардор саҳми худро барои ободии Ватани маҳбубамон мегузоранд.

       Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар саҳми назарраси соҳибкорони ватаниро дар вусъати амалҳои ободониву бунёдкорӣ ҳамеша эҳсос ва қадр менамояд ва мо эътимоду бовар дорем, ки минбаъд низ дар пайравӣ аз ташаббусу иқдомҳои фарзандони бонангу номуси ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин, дигар соҳибкорону саховатмандони ҳимматбаланди ноҳия барои ободиву пешрафти диёри худ сайю талоши бештар мекунанд.

     Бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати ифтитоҳи боз як боргоҳи нави маърифат табрик гуфта, ба ҳар як сокини ноҳия саломативу сарбаландӣ, хонаи обод, барору комёбӣ ва ба хонандагони мактаби нав таҳсили хубу аъло ва интизоми намунавӣ орзу менамоям.

Доим саломату муваффақ бошед!

     Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.

     Дар деҳаи Шаҳристони ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35 иштирок намуданд.

       Бинои мактаб дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ  Абдухалил Ғуломов бо харҷи 21 миллион сомонӣ сохта  шудааст.

     Дар мактаби нав асосан аҳолии синни мактабии деҳаҳои Шаҳристон ва қисман Меҳану Дарёобод ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

     Хотиррасон бояд кард, ки дар гузашта бо сабаби норасоии ҷойи нишаст ва технологияи муосири илмомӯзӣ дар раванди таълиму тарбия хонандагону омӯзгорони мактаб ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ буданд.

      Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки мактаби мазкур барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ  шуда, 22 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳунаромӯзӣ ва утоқҳои кории омӯзгорон дорад.

     Синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ барои соҳибкасб гардидани духтарони деҳоти мазкур метавонанд нақши калон дошта бошанд.

     Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз хонандагони ин муассисаи таълимӣ даъват ба амал оварданд, ки дар замони пешрафти куллӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла  рушди бесобиқаи илму техника пайваста пайи омӯзиш бошанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар ободию тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.

     Ба таъкиди Пешвои миллат, ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо- ин ба таълиму тарбияи дуруст ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон мебошад.

     Бо таваҷҷуҳ ба ин, ифтитоҳи мактаби нав барои хонандагон туҳфаи арзишманд арзёбӣ гардид ва аз омӯзгорону роҳбарияти мактаб даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби дар ин муассиса муҳайёгардида ба сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

     Ҳамаи синфхонаҳои мактаб бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардидаанд ва дар ин баробар ҷиҳати сайқал додани дониши хонандагон кабинетҳои лингафонӣ бунёд шудаанд,  ки аз таҷрибаи самаровар дар соҳаи маориф ба ҳисоб мераванд.

     Мактаб ҳамчунин дорои бунгоҳи тиббӣ, ошхонаи замонавӣ барои 50 нафар, толори зебои маҷлис бо 180 ҷойи нишаст ва толори васею барҳавои варзишӣ мебошад.

     Толори варзишӣ, ки барои машқу тамрини намудҳои гуногун пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни хонандагон ва омода намудани варзишгарони оянда нақши асосӣ хоҳад дошт.

      Дар ин мактаб ҳамчунин як буғхонаи дорои таҷҳизоти муосири бо ангишт фаъолияткунанда ба истифода дода шудааст. Таҷҳизоти гармидиҳанда имконият доранд, ки дар фасли зимистон тамоми мактабро бо истифода аз ангишт бо гармӣ таъмин намоянд.

      Ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35 зиёда аз 3 гектарро ташкил медиҳад ва ҳамзамон дар фазои кушод майдончаҳои муосири варзишӣ, аз қабили футбол, баскетбол, волейбол ва теннис бунёд гардидаанд.

      Дар шафати бинои мактаб ҳамчунин аз ҷониби соҳибкор  бо чуқурии 60 метр як чоҳи амудӣ канда шудааст, ки дар баробари таъмини мактаб сокинони деҳаи Шаҳристон низ аз оби нӯшокии он истифода мебаранд.

      Баъди ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35 дар саҳни ҳавлии мактаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорону хонандагон мулоқоти самимӣ доир карданд.

      Сарвари давлат ифтитоҳи бинои нави мактабро ба сокинон муборакбод гуфта, ба шахсони саховатпеша барои амалӣ кардани иқдомҳои ибратбахш баҳри ободии Ватан изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Рӯзи 21 декабри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат бо шароити муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд.

Мактаб аз се ошёна иборат буда, барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту  аёнияти дарсӣ  таъмин гардидаанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуршед Машрабов бунёд ёфтааст. Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ҳангоми мулоқоти Пешвои миллат бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ ин соҳибкор бунёди муассисаи мазкурро ба зимма гирифта буд ва сохтмони ин иншоот дар зарфи як сол пурра анҷом дода шуд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 дорои 23 синфхона буда, аз кабинетҳои химия, математика, физика, биология ва дигар утоқҳои дарсӣ иборат мебошад. Ҷиҳати гузаронидани дарсҳои таълими меҳнат ва омӯзонидани касбҳои гуногун дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳази фаннӣ ташкил карда шудаанд, ки дар ин ҷо машғулиятҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва омодасозии ҳар гуна таомҳо гузаронида мешаванд. Ҳамзамон як синфхонаи алоҳида барои гузаронидани дарсҳои компютерӣ пешбинӣ шуда, 8 утоқи дигар барои роҳбарияту омӯзгорони таълимгоҳ бунёд гардидааст. Дар баробари синфхонаҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, ҳамчунин муассисаи нав дорои маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст ва ошхона бо 150 ҷой мебошад.

Тавре аснои шиносоӣ маълум гардид, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ҳамчунин барои гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ толори барҳаво бунёд ёфтааст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин  мебошад. Тамоми синфхонаҳо, роҳравҳо, толорҳо ва ошхонаи таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин буда, он ба шабакаи алоҳидаи мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ, ки тавассути ангишт фаъолият мекунад, пайваст гардидааст. Барои иншооти мазкур хати алоҳидаи оби нӯшокӣ ва барқ  кашонида шуда, ҳамчунин трансформатори алоҳидаи пуриқтидор барои таъмини бемамонияти  неруи барқ дар ҳудуди иншоот насб гардидааст.

Ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкор дар масоҳати 1 гектар варзишгоҳи замонавӣ барои гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бунёд ёфтааст. Атрофи таълимгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ зебу оро ёфта, пурра майсазор карда шудааст.

Қобил ба тазаккур аст, ки бинои қаблии Муассисаи таълимии №7-и ноҳияи Рӯдакӣ соли 1958 бунёд ёфта, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. Бо бунёди иншооти нав мушкилоти чандсолаи омӯзгорону хонандагон дар самти норасоии ҷойи нишаст ва шароити мусоиди таълимӣ ҳалли худро ёфт. Акнун онҳо метавонанд дар синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз ба дарсомӯзӣ машғул гарданд.

Пас аз шиносоӣ бо шароити таълимии муассисаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорон, хонандагон ва аҳли маорифи ноҳияи Рӯдакӣ суханронӣ карда, ифтитоҳи муассисаи нави таълимиро ба онҳо таҳният гуфтанд. Пешвои миллат ҳамчунин аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид ҷиҳати омӯхтани илм, азхудкунии забонҳо ва технологияи нав кӯшиш намуда, ҳамчун насли созанда ба камол расанд.

Подкатегории