Соли 2018
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и
деҳаи Оби Шифои деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ
Бинои нави таълимгоҳ дар масофаи 500 метр дуртар аз бинои мавҷуда, барои 1280 хонанда дар ду баст, бо ҷалби 26 млн. сомонии сармояи соҳибкорӣ ватанӣ Машрабов Нуршед ва нерӯи сохтмончиёни маҳаллӣ, бунёд гардидааст.
Бинои муассиса сеошёна буда, дорои 23 синфхонаҳои мутобиқ ба стандарти мактабӣ, аз ҷумла кабинетҳои фании химия, биология, физика, технологияи иттилоотӣ, математика, синфхонаи компютерӣ, 8 утоқҳои корӣ, китобдор, роҳбари созмони хонандагон, инчунин толори варзишӣ дар масоҳати 380 м2, маҷлисгоҳ бо 240 ҷойи нишаст, дар масоҳати 273.8 м2 ва ошхонаи талабагӣ бо 88 ҷойи нишаст дар масоҳати 204 м2 мебошад.
Дар назди муассиса варзишгоҳи замонавӣ дар масоҳати 1 гектар бунёд гардидааст. Муассиса, ҳамчунин дорои шабакаи муттамаркази гармдиҳии тавассути ангишт фаъолияткунанда, мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар мумфарш гардонидани роҳи дохили маҳалла то мактаб дар масофаи 740 метр, кашидани хатти нерӯи барқ (6 симчӯб, насби трансформатори иқтидораш 400 кв, муҷаҳҳазгардонии ошхонаи мактабӣ, гузаронидани хати оби нӯшокӣ ва канализатсия, ҳамчунин ҳуҷатнигории сохтмон аз қабули қарори Раиси ноҳия то гирифтани сертификати ҳуқуқӣ истифодаи замин, инчунин корҳои ободонию кабудизоркунии атрофи муассиса ва маҳалли ҷойгиршавии он, саҳмгузор гардидааст.
Муассиса аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (миз, курсӣ, ҷевонҳо) бо дастгирии соҳибкор Машрабов Нуршед ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ашёи мактабӣ ва дигар таҷҳизот, муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Бинои куҳнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Оби Шифои деҳоти Чоргултеппа соли 1958 сохта шуда, солҳои 1964 ва 1980 биноҳои таълимии иловагӣ сохта, ҳамроҳ карда шудааст.
Айни замон дар 3 бинои таълимии иборат аз 21 синфхона, 1608 хонанда, аз ҷумла 801 нафар духтарон бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ба хонандагони муассиса 50 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 38 нафар занон дарс мегӯянд.
Синфи 11-и муассисаи таълимии мазкурро соли ҷорӣ 65 нафар хатм карда, 20 нафари онҳо тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олӣ дохил шуданд.
Аз таълимгоҳи мазкур соли 2017 10 нафар хатмкардаи синфи 11 ба воситаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд.
Соли хониши ҷорӣ таълимгоҳ зиёда аз 208 нафар хонандаи синфи якумро ба таҳсил фаро гирифтааст, ки 108 нафарашон духтарон мебошанд.
Маълумотнома
оид ба деҳоти Чоргултеппа
-Шумораи аҳолӣ: 41626 нафар (занҳо 20580 нафар)
-Шумораи хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ 6597 адад
-Шумораи деҳаҳо 21 адад
-Хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ 680 адад
Замин:
-дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 6729 га.
-замини корам 3488 га.
-замини корами обӣ 1853 га.
-замини корами лалмӣ 1635 га.
-боғ 193 га.
-токзор 53 га.
-чарогоҳ 2893 га.
-боир 102 га.
Замини хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ:
-ҳамагӣ 5612 га.
-заминҳои корам 2588 га.
-замини корами обӣ 1503 га.
-заминҳои корами лалмӣ 1085 га.
-боғ 115 га.
-токзор 29 га.
-чарогоҳ 2893 га.
-боир 102 га.
Замини хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ:
-заминҳои корам 900 га.
-замини корами обӣ 350 га.
-заминҳои корами лалмӣ 550 га.
-боғ 78 га.
-токзор 24 га.
-ҳамагӣ чорвои калони шохдор 6594 сар
-бузу гусфанд 9857 сар
- парранда 11530 сар
-асп 213 сар
-корхонаҳои саноатӣ 16 адад
-мағозаҳо 35 адад
-сартарошхонаҳо 5 адад
-ҳамом 2 адад
Мактабҳо: 13 адад,-аз он миёна 10 адад,
-асосӣ 3 адад
Шумораи хонандагон 9474 нафар
-аз он духтарон 4679 нафар
Шумораи омӯзгорон 402 нафар
аз он занон 282 нафар
-маркази саломатӣ 3 адад
-бунгоҳҳои тиббӣ 7 адад
-дорухонаҳо 4 адад
-клубҳо 1 адад
-китобхонаҳо 3 адад
-толорҳои варзишӣ 3 адад
Масҷидҳо 19 адад
-аз он ҷомеъ 2 адад
-панҷвақта 17 адад
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и
деҳаи Шаҳристони деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ
Бинои нави таълимгоҳ бо ҷалби 21 млн. сомонии сармояи соҳибкорӣ ватанӣ Ғуломов Абдухалил ва нерӯи сохтмончиёни маҳаллӣ, бунёд гардидааст.
Муассиса барои ба таҳсил фаро гирифтани 1280 хонанда дар ду баст сохта шуда, аз 2 ошёна ва 22 синфхонаҳои мутобиқ ба талаботи стандарти мактабӣ, аз ҷумла кабинетҳои фании алоҳидаи химия, биология, физика, технологияи иттилоотӣ, география, 8 утоқҳои корӣ барои роҳбар ва муовинони роҳбари муассиса, роҳбарони созмони
хонандагон ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ иборат буда, инчунин толори варзишӣ, китобхона барои на камтар аз 10 ҳазор нусха китоб, маҷлисгоҳ бо 160 ҷойи нишаст ва ошхонаи талабагӣ бо 40 ҷойи нишаст дорад.
Дар назди муассиса варзишгоҳи замонавӣ дар масоҳати 1.2 гектар бунёд гардидааст. Муассиса, ҳамчунин дорои шабакаи муттамаркази гармдиҳӣ, тавассути истифодаи ангишт мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар мисоли кашидани хатти нерӯи барқ (6 симчӯб, 300 метр), таъмину насби трансформатори иқтидораш 400 кв, гузаронидани хати оби нӯшокӣ ва канализатсия, ҳуҷатнигории сохтмон аз қабули қарори Раиси ноҳия то гирифтани сертификати ҳуқуқӣ истифодаи замин, инчунин корҳои ободонию кабудизоркунии атрофи муассиса ва маҳалли ҷойгиршавии он, аз ҷумла мумфарш намудани масофаи 3 км. роҳи дохили деҳа бо истифодаи 600 тонна асвальт, бетонпӯш кардани масоҳати 720 м2 майдони назди мактаб, кашидани 40 метр қубурҳо, муҷаҳҳазгардонии ошхона ва толори маҷлисгоҳ, дар бунёди муассиса саҳмгузор гардидааст.
Муассиса аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ашёи мактабӣ таъмин гардида, ошхона ва толори варзишии он аз ҷониби
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Бинои куҳнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳаи Шаҳристони деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ соли 1947 сохта шуда, айни замон дорои 43 синфхона бо фарогирии 1045 хонанда, аз ҷумла 493 нафар духтарон мебошад. Ба хонандагони муассиса 49 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 42 нафар занон дарс мегӯянд.
Синфи 11-и муассисаи таълимии мазкурро соли ҷорӣ 46 нафар хатм карда, 39 нафари онҳо тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олӣ дохил шуданд.
Аз таълимгоҳи мазкур соли 2017 28 нафар хатмкардаи синфи 11 ба воситаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд.
Соли хониши ҷорӣ таълимгоҳ зиёда аз 150 нафар хонандаи синфи якумро ба таҳсил фаро гирифтааст, ки 62 нафарашон духтарон мебошанд.
Маълумотнома
оид ба деҳоти Россия
Шумораи умумии аҳолии деҳоти Россия 35392 нафар, аз он мардҳо 17855 нафар, занҳо 17537 нафар
Шумораи хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ 7189 адад
Шумораи деҳаҳо 11 адад
Хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ 168 адад
Замин:
-дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1350 га.
-замини корам 752 га.
-замини корами обӣ 694 га.
-замини корами лалмӣ 58 га.
-боғ 67 га.
-токзор 16 га.
-чарогоҳ 530 га.
-боир 1 га.
-гармхона 6 га
-зери плёнка 5 га
Замини хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ: 920 га.
-заминҳои корам 322 га.
-замини корами обӣ 264 га.
-заминҳои корами лалмӣ 58 га.
-боғ 16 га.
-токзор 2 га.
-чарогоҳ 530 га.
-боир 1 га.
Замини хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ:
-заминҳои корам 430 га.
-замини корами обӣ 430 га.
-боғ 51 га.
-токзор 16 га.
Ҳамагӣ чорвои калони шохдор 2123 сар
-бузу гусфанд 1356 сар
-парранда 10572 сар
-асп 5 сар
Мактабҳо 5 адад
-Шумораи умумии хонандагон 5688 нафар
аз он духтарон 2943 нафар
-Шумораи омӯзгорон 211 нафар
аз он занон 159 нафар
-корхонаҳои саноатӣ 11 адад
-корхонаои сохтмонӣ 4 адад
-марказҳои савдо 22 адад
-тарабхонаҳо 15 адад
-дорухонаҳо 7 адад
-сартарошхонаҳо 13 адад
-ҳамом 2 адад
-маркази саломатӣ 1 адад
-бунгоҳҳои тиббӣ 5 адад
-китобхона 1 адад
-толорои варзишӣ 2 адад
Масҷидҳо 13 адад
-аз он ҷомеъ 2 адад
-панҷвақта 11 адад
Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ»-и
деҳаи Сохибкорони деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ
Хоҷагии деҳқонии «Содиқ- Сиддиқ»-и деҳаи Соҳибкорони деҳоти Россия, роҳбараш Сиддиқов Маҳмудҷон, 25 нафар аъзо дорад.
Масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ 5 гектар замини корами обиро ташкил дода, дар 2 гектари он гармхона ташкил карда шуда, дар 1.5 гектар кишт гузаронида мешавад.
Яке аз мақсадҳои асосии хоҷагии деҳқонӣ ин дар ҳамаи фаслҳо бо сабзавоти тару тоза ва
маҳсулоти гуштӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе мебошад.
Айни замон дар майдони 0.25 га. кишти тайёри помидор мавҷуд буда, дар 0.30 га. кишт оғоз гардидааст. Истеҳсолот аз майдони мавҷуда дар 11 моҳи соли 2018 60 тонна помидорро, ташкил додаст.
Хоҷагӣ, ҳамчунин дорои иншоотҳои ёрирасон ва молхонаҳои мавсимӣ буда, айни замон ба парвариши 30 сар чорвои калони шохдор ва 30 сар моли майдаи шохдор машғул аст.
Давоми соли ҷорӣ, ҳамагӣ зиёда аз 100 сар чорвои калон ва 150 сар чорвои майдаи шохдорро парвариш карда, зиёда аз 20 тонна гушти гов ва беш аз 6 тонна гушти гусфанд ба фурӯш баровардааст.
Маълумотнома
оид ба деҳоти Гулистон
Шумораи умумии аҳолӣ: 47036 нафар мардҳо
23753 нафар, занҳо 23283 нафар
Шумораи хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ 7496 адад
Шумораи деҳаҳо 15 адад
Замин:
-дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1730 га.
-замини корам 1215 га.
-замини корами обӣ 905 га.
-замини корами лалмӣ 310 га.
-боғ 250 га.
-токзор 45 га.
-чарогоҳ 20 га.
-боир 19 га.
-хоҷагиҳои фермерии деҳқонӣ 355 адад
-зери плёнка 3 га.
Замини хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ: 1162 га
-заминҳои корам 734 га.
-замини корами обӣ 640 га.
-заминҳои корами лалмӣ 94 га.
-боғ 85 га.
-токзор 23 га.
-чарогоҳ 200 га.
-боир 19 га.
Замини хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ:
-заминҳои корам 568 га.
-замини корами обӣ 265 га.
боғ 65 га.
токзор 22 га.
Чорво:
-калони шохдор 3238 сар
-бузу гусфанд 2194 сар
-парранда 7736 сар
- асп 26 сар
-корхонаҳои саноатӣ 22 адад
-корхонаои сохтмонӣ 1 адад
-марказҳои савдо 8 адад
-мағозаҳо 112 адад
-дорухонаҳо 8 адад
-сартарошхонаҳо 22 адад
-ҳамом 2 адад
Мактабҳо: 11 адад
-Шумораи хонандагон 11541 нафар
аз он духтарон 5590 нафар
-Шумораи омӯзгорон 462 нафар
аз он занон 314 нафар
-маркази саломатӣ 3 адад
-бунгоҳҳои тиббӣ 11 адад
-китобхонаҳо 2 адад
-толорои варзишӣ 2 адад
Масҷидҳо: 18 адад
-ҷомеъ 3 адад
-панҷвақта 15 адад