- Диданд: 794
Дар як қатор кишварҳо пайдо шудани ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷараёну равияҳои моҷароҷӯю тафриқаандоз, назири «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати толибон» боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Аз таҳлилу баррасии барномаҳои алоҳидаи телевизионии баъзе кишварҳои хориҷӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаҳои интернетӣ бармеояд, ки масъулони бархе аз сомонаҳои ба ном динӣ, бо шеваҳои ба худ хос, наврасону ҷавонони гумроҳро ба доми фиреби худ афканда, онҳоро дар рӯҳияи пайравӣ аз террористон ва ифротгароён тарбия менамоянд. Аз 30 марти соли 2006 ва 11 марти соли 2008 фаъолияти созмонҳои тер-рористӣ ва экстремистӣ, аз ҷумла «ал -Қоида», «Ҳара-кати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳизби исломии Туркистон», «Бародарони мусулмон», «Лашкар-ут-Тайиба», гурӯҳи исломии «Ҷамъият-ут-таблиғ», таш-килоти динии мис-сионерии «Созмони таблиғот» дар мамлакат мамнуъ эълон гардиданд. Ҳамчунин, бо назардошти хусусияти ҷудо-ихоҳӣ доштани равияи динии «Салафия», дар асоси аризаи даъвогии Прокурори генералӣ, бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 8 январи соли 2009, ин равия ғайриқонунӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар ҳудуди кишвар манъ карда шуд. Моҳи сентябри соли 2015 бошад, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қатъ гашт.Пайравони равняи «Салафия» соли 2000 дар Тоҷикистон пайдо шуда, бо тарзи либоспушӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори кӯтоҳ ва баланд гуфтани «омин» дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд. Чунин амалҳо боиси тафриқаангезӣ миёни мусулмонон гардид. Мусаллам аст, ки «Салафия» дар ҳама гушаву канори дунё меҳмони нохонда буда, бо амалиёти террористӣ ба расму оин, фарҳанги мардумони таҳҷоӣ, амният ва суботи давлат-дории миллӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Салафиҳо барои сарнагун сохтани низоми демократӣ омодаанд, ки даст ба ҳама гуна ҷиноят зананд. Онҳо дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои террористию ифротгаро барои ноором сохтани вазъи сиёсӣ ва эҷоди ҷангҳои мазҳабӣ дар киш-варҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аз шеваҳои гуногун кор мегиранд.
Муроди МАСЪУЛ
- Диданд: 927
Имруз дар толори Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ мулоқоти Раиси ноҳия муҳтарам Акрамзода Рустам бо ҷавонон баргузор гардид.
Дар мулокот ҷавонон аз сохторҳои маҳалли, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, афсарон, варзишгарон, гирандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси ноҳия, омузгорони ҷавон, табибони ҷавон ва дигар фаъолони чавон иштирок намуданд.
Дар аввал Раиси ноҳия ба сухан баромада ҳамаи ҷавононро ба дуст доштани Ватан, дониши хубу аъло, омухтани забонҳои хориҷӣ, шомил нашудан ба гуруҳҳои тундрав, фаъолияти хуби корӣ нишон додан, содиқ будан ба Ватан даъват намуданд.
Сипас ҳисоботи Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Сатторӣ Абдулло доир ба фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти ҷавонон ва варзиш шунида шуд.
Муҳтарам Акрамзода Рустам ба муовинон ва дигар роҳбарони сохторҳои маҳаллии ноҳия ҷихати дастгирии ҷавонон ва иштироки варзишгарон дар мусобикаҳои чумхуриявӣ ва байналмиллалӣ дастуру супоришҳо доданд.
Дар маросими тантанавӣ ба ҷавонони фаъоли ноҳия, ки дар соҳаҳои гуногун кору фаъолияти хуб доштанд бо сипосномаҳои Раиси ноҳия кадрдони гардиданд.
Инчунин шаҳодатнома, сипоснома ба волидайни гирандагони стипендия ва маблағи стипендияи Раиси ноҳия ба барандагони стипендия супорида шуд.
- Диданд: 805
ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
Шуморо бо фарорасии соли нави мелодии 2019 аз самими қалб табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, бахту саодат, комёбиҳо ва рӯзгори ободро таманно дорам. Соли 2018 дар ноҳия, ҷиҳати расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоии сокинони он, доир ба ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ , ҷавонон, варзиш, ғанӣ гардонидани буҷет, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноату сохтмон, ҳарчи бештар истеҳсол намудани маҳсулот, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуд. Дар робита ба татбиқи сиёсати иҷтимоӣ чун ҳамасола таваҷҷуҳ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бештар гардид. Дар давоми соли сипаришуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, афзоиши музди меҳнат, таъмини шафофияти сарфи маблағҳои буҷетӣ, устувор гардонидани рушди иқтисодии ноҳия ва дастгирии соҳаи иҷтимоӣ, таъмини афзоиши буҷет аз ҳисоби рушди соҳибкории истеҳсолӣ, рушди маориф, фарҳанг, варзиш, беҳтар намудани хизматра - сонии тиббӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ , бунёди марказҳои савдову хизматрасонӣ, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ ва ғайра, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шудааст, ки омили асосии дастоварду комёбиҳои мардуми ноҳия, пеш аз ҳама дарки арзишҳои муқаддаси истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат, эҳсоси гарми ватандорию ватандӯстӣ ва қарзу масъулияти шаҳрвандӣ дар назди Ватанамон мебошад. Ҳамзамон, соли 2018 дар ёди Тоҷикистониён ва мардуми сарбаланду меҳнатқарини ноҳия, чун соли нек ва бобарор боқӣ мемонад. Бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2018 эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», оғози Барномаи даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» ва ба кор оғоз кардани чархаи аввали НБО «Роғун», аз ҷумлаи воқеаҳои фараҳбахшу хотирмон ба ҳисоб меравад. Боварӣ дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Рӯдакӣ сиёсати хирадмандона ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини ҳадафҳои олии мардум, нақшаҳои бузурги бунёдкорӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, сармашқи ободкориҳои навини худ қарор дода, баҳри пешбурди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа кушиш ба харҷ медиҳанд. Бигзор Соли нави фарорасида, ки «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо пешниҳоди Сардори давлат эълон гардид ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат ва осудаҳолӣ оварда, мардуми сарбаланд, меҳнатқарин, ватанпарвару инсондӯсти ноҳияро ба орзуҳои нек расонад. Соли Нав, соли зафарбунёд бод, Хушиҳои зиндагӣ дар хотири мо ёд бод! СОЛИ НАВАТОН МУБОРАК!
Подкатегории
Саҳифаи 56 аз 64