Дар як қатор кишварҳо пайдо шудани ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷараёну равияҳои моҷароҷӯю тафриқаандоз, назири «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати толибон» боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Аз таҳлилу баррасии барномаҳои алоҳидаи телевизионии баъзе кишварҳои хориҷӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаҳои интернетӣ бармеояд, ки масъулони бархе аз сомонаҳои ба ном динӣ, бо шеваҳои ба худ хос, наврасону ҷавонони гумроҳро ба доми фиреби худ афканда, онҳоро дар рӯҳияи пайравӣ аз террористон ва ифротгароён тарбия менамоянд.   Аз 30 марти соли 2006 ва 11 марти соли 2008 фаъолияти созмонҳои тер-рористӣ ва экстремистӣ, аз ҷумла «ал -Қоида», «Ҳара-кати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳизби исломии Туркистон», «Бародарони мусулмон», «Лашкар-ут-Тайиба», гурӯҳи исломии «Ҷамъият-ут-таблиғ», таш-килоти динии мис-сионерии «Созмони таблиғот» дар мамлакат мамнуъ эълон гардиданд. Ҳамчунин, бо назардошти хусусияти ҷудо-ихоҳӣ доштани равияи динии  «Салафия», дар асоси аризаи даъвогии  Прокурори генералӣ, бо Қарори Суди  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 8 ян­вари соли 2009, ин  равия ғайриқонунӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар ҳудуди кишвар манъ карда шуд. Моҳи сентябри соли 2015 бошад, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қатъ гашт.Пайравони равняи «Салафия» соли 2000 дар Тоҷикистон пайдо шуда, бо тарзи либоспушӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори кӯтоҳ ва баланд гуфтани «омин» дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд. Чунин амалҳо боиси тафриқаангезӣ  миёни мусулмонон гардид. Мусаллам аст, ки «Салафия» дар ҳама гушаву канори дунё меҳмони нохонда буда, бо амалиёти террористӣ ба расму оин, фарҳанги мардумони таҳҷоӣ, амният ва суботи давлат-дории миллӣ  хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Салафиҳо барои сарнагун сохтани низоми демократӣ омодаанд, ки даст ба ҳама гуна ҷиноят зананд. Онҳо дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои террористию ифротгаро барои ноором сохтани вазъи сиёсӣ ва эҷоди ҷангҳои мазҳабӣ дар киш-варҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аз шеваҳои гуногун кор мегиранд.

Муроди  МАСЪУЛ