ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!

Шуморо бо фарорасии соли нави мелодии 2019 аз самими қалб табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, бахту саодат, комёбиҳо ва рӯзгори ободро таманно дорам. Соли 2018 дар ноҳия, ҷиҳати расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоии сокинони он, доир ба ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ , ҷавонон, варзиш, ғанӣ гардонидани буҷет, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноату сохтмон, ҳарчи бештар истеҳсол намудани маҳсулот, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуд. Дар робита ба татбиқи сиёсати иҷтимоӣ чун ҳамасола таваҷҷуҳ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бештар гардид. Дар давоми соли сипаришуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, афзоиши музди меҳнат, таъмини шафофияти сарфи маблағҳои буҷетӣ, устувор гардонидани рушди иқтисодии ноҳия ва дастгирии соҳаи иҷтимоӣ, таъмини афзоиши буҷет аз ҳисоби рушди соҳибкории истеҳсолӣ, рушди маориф, фарҳанг, варзиш, беҳтар намудани хизматра - сонии тиббӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ , бунёди марказҳои савдову хизматрасонӣ, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ ва ғайра, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шудааст, ки омили асосии дастоварду комёбиҳои мардуми ноҳия, пеш аз ҳама дарки арзишҳои муқаддаси истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат, эҳсоси гарми ватандорию ватандӯстӣ ва қарзу масъулияти шаҳрвандӣ дар назди Ватанамон мебошад. Ҳамзамон, соли 2018 дар ёди Тоҷикистониён ва мардуми сарбаланду меҳнатқарини ноҳия, чун соли нек ва бобарор боқӣ мемонад. Бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2018 эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», оғози Барномаи даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» ва ба кор оғоз кардани чархаи аввали НБО «Роғун», аз ҷумлаи воқеаҳои фараҳбахшу хотирмон ба ҳисоб меравад. Боварӣ дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Рӯдакӣ сиёсати хирадмандона ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини ҳадафҳои олии мардум, нақшаҳои бузурги бунёдкорӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, сармашқи ободкориҳои навини худ қарор дода, баҳри пешбурди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа кушиш ба харҷ медиҳанд. Бигзор Соли нави фарорасида, ки «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо пешниҳоди Сардори давлат эълон гардид ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат ва осудаҳолӣ оварда, мардуми сарбаланд, меҳнатқарин, ватанпарвару инсондӯсти ноҳияро ба орзуҳои нек расонад. Соли Нав, соли зафарбунёд бод, Хушиҳои зиндагӣ дар хотири мо ёд бод! СОЛИ НАВАТОН МУБОРАК!