- Диданд: 686
11.01.2019. Дар Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки раиси ноҳия Рустам Акрамзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Суфиев ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия мулоқот доир гардида, ба сокинони ҷамоат муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд. Дар ин бора ба хабарнигориАМИТ «Ховар» муовини раиси Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ Давлатбӣ Нурматова хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ меҳмонон роҷеъ ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ сухан гуфта, таъкид доштанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат бо диди хеле амиқ ва ҳаматарафа санҷидашуда вазъи мавҷудаи ҳаёти ҷомеа ва пешбинии самти инкишофи онро барои солҳои минбаъдаи ҷумҳурӣ муайян намудаанд. Ҳамчунин дарки муносиби муҳтавои Паём ҳар як сокини кишварамонро ба он умедвор менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир сол ба сол таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоиштаю сулҳомезро истеҳком мебахшад. Муқоисаи рақамҳои оморие, ки дар Паём барои нишон додани суръати рушди иқтисодии ватанамон оварда шудаанд, дар замири ҳар фарди ин диёр ҳисси баланди ифтихору масъулиятшиносиро ҷой медиҳад.
Сарнотариуси давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Музаффар Хингов мегӯяд, ки «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими таъсирбахши рушди ҷомеа ва рӯйдоди сарнавиштсози ватани азизамон ба ҳисоб меравад. Он дар назди сокинони кишвар вазифаҳои умдаи ҳалталаб мегузорад, ки иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли равон ва ояндаи наздик таъмин менамоянд. Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва барномаи мукаммали идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ барои таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мебошад».
- Диданд: 723
Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгаройи динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имрӯз амният ва мавҷудияти аксар кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти умумиҷаҳонӣ касб намудааст.
Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» роҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқро дар байни ҷавонон ба роҳмондаанд. Маҳз ҳамин равиши табли-ғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои пайдо кардани ҷойгоҳи байналмилалии ин гурӯҳ ба ҳисоб меравад.
Мушкили аслии ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мусулмоннишин он аст, ки онҳо аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ, бахусус, аз гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», иттилоъ надоранд ва аз ин ҷост, ки ба фиребу найранги онҳо дода мешаванд. Мувофиқи тафак-кур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динӣ ягон давлати мусулмоннишин бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо маҷбуран ишғол ва ба таркиби «хилофати ягонаи исломӣ» дохил карда шуда, ҳамчун як ноҳияи «хилофат» бе чуну чаро ба халифаи ягонаи онҳо итоат кунанд. Ҳамин тавр, ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмоннишинро эътироф намекунанд, балки онҳоро дар таркиби «хилофат» дидан мехоҳанд. Ин тарҳ ва ин андеша дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, низомномаҳо ва маълумоти таблиғотии гурӯҳҳои ифротии динӣ ба таври расмӣ, дақиқ ва возеҳ ифода шудааст ва ҳеҷ ҷойи шакке боқӣ намемонад. Масалан, ҳаракати ифротгаройи ҳизби таҳрир солҳост, ки дар оиннома ва варақаҳои таблиғотии худ ба таври расмӣ назарияи «бунёди хилофати ягонаи исломӣ»-ро таблиғу ташвиқ менамояд, ки дар он давлатҳои мустақили минта-қаи мо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, фақат ҳамчун ноҳияҳои хурди таркиби «хилофат» пешбинӣ шудаанд. Умуман, таъсиси «хилофат» ва маҷбуран ба он тобеъ кардани давлатҳои мустақили мусулмоннишин мақсади асосии оинномавии ҳизби ифротӣ ба ҳисоб меравад.
Созмони даҳшатангез ва ифротгаройи «Давлати исломӣ» (ДИИШ) харитаи сиёсии хилофати исломии худро тартиб дода, онро дар расонаҳо ҳамаҷониба паҳн ва таблиғ мекунад. Агар ба он харита нигарем, хоҳем дид, ки ягон давлати мустақил вуҷуд надорад, тамоми минтақа ва давлатҳои мусулмоннишини ҷаҳон, аз ҷумла давлати мустақили мо, ҳамчун вилоят ва ноҳияҳои тобеи хилофат пешбинӣ шудаанд.
Яке аз хусусиятҳои асосии ифротгаройии динӣ, хусусан гурӯҳҳои салафияи такфирӣ, дар он аст, ки аз ҳар ҷиҳат ба миллатгаройии ифротии арабӣ пайваст буда, араб буданро ҳамчун як имтиёз ва ифтихор ҳисоб мекунад. Масалан, гурӯҳи «Давлати исломӣ» барои асоснок кардани ҳуқуқҳои халифаи мусулмонон шуданро доштани роҳбарашон - Абубакри Бағдодӣ, на салоҳияти илмӣ, ахлоқӣ ё сиёсии ӯ, балки, пеш аз ҳама, гуё аз қавми араб ва аз аҳли қабилаи Қурайш будани гузаштагони дури ӯро далел овардааст. Айни замон, пайравони ин ҳаракат идомадиҳандаи ҳамон баҳси таърихии «арабу аҷам» буда, ба нажоду фарҳанги ориёӣ ҳамчун ба душмани таърихии арабҳо нафрати бисёр амиқ доранд.
Дар замони муосир низ ин баҳр дар сатҳи гуногун идома дошта, зери шиорҳои миллӣ, мазҳабӣ ва гоҳо сиёсию геополитикӣ сурат мегирад. Омӯзиши муҳит ва руҳияи ифротгароёни динӣ дар Ховари Миёна нишон медиҳад, ки онҳо нисбат ба мардуми ориёӣ ва ориётабор ҳамвора истилоҳҳои таҳқиромезе чун «манусон», «оташпарастон», «рофизиҳо» ва ғайраро истифода намуда, номҳои ориёиро «номҳои манусӣ» ва забони тоҷикӣ-форсиро «забони аҳли дузах» меноманд.
Яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти гурӯҳҳои навпайдои ифротии динӣ дар он аст, ки онҳо ба фарҳангу маърифат ва хусусан, ба тасаввуфу ирфон, назари шадидан манфӣ дошта, онро умуман эътироф намекунанд. Хусусан пешвоён ва назариясозони равияи салафияи такфирӣ ҳамеша тасаввуфу ирфони исломӣ ва адабиёту осори ирфониро маҳкум намуда, дар бораи он ҳукмҳои қатьии худро эълон намудаанд. Аз назари онҳо, пайравӣ аз тасаввуф як навъи «бидъат» буда, изҳори ишқу муҳаббат ба Худо ва пайравӣ аз пирони тариқат, ки аз сутунҳои асосии назарияи тасаввуф мебошанд, як навъ «ширк» дар ақидаю ибодати мусулмон ба ҳисоб меоянд.
Ҳамин тавр, яке аз хусусиятҳои асосии ифротгаройии муосири динӣ зиддият бо мардуми ориёинажод ва нафрат ба фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ-форсӣ мебошад.
Хусусан гурӯҳҳои салафияи такфирӣ ва ҷиҳодӣ моҳиятан тафаккури зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунӣ доранд. Онҳо бо ҳама гуна осори ҳунар, фарҳанг, таърих ва тамаддун дар ҷанг қарор дошта, чун як нерӯи торикию барбарии зиддитамаддунӣ тамоми осори фарҳангиву ҳунариву таърихиро огоҳона нобуд мекунанд.
Чунончӣ, гурӯҳи ифротгаройи «Толибон»-и Афғонистон баробари ба сари ҳокимият омадан (соли 1996), ба нобудсозии осори ҳунарӣ, таърихӣ ва тамаддунии кишвар оғоз намуд. «Толибон» дастхатҳои чандҳазорсола, ёдгориҳои арзишманд ва осори гаронбаҳои таърихиро аз марказҳои фарҳангӣ, донишгоҳҳо ва осорхонаҳои Афғонистон берун кашида, чун «осори куфру бидъат» бераҳмона нобуд сохтанд. Аз ҷумла, нобудсозии маъбади ҳиндуҳо дар Кобул ва бо тири тупу маводи тарканда пора кардани ёдгориҳои таърихии вилояти Бомиён аз манфуртарин амалҳои зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунии «Толибон» ба ҳисоб меравад. Ҳол он ки ёдгориҳои чандҳазорсолаи Балху Бомиён дар замони подшоҳони гузаштаи исломии Афғонистон, аз ҷумла дар аҳди Сомониёну Ғазнавиёну Темуриён, барҷой монданд ва уламои исломии ин сарзамин дар тули таърих ба хароб кардани онҳо фатво надоданд, аммо «Толибон» бо тафаккури зиддитамаддунии худ корро аз харобсозии ёдгориҳои таърихӣ оғоз намуданд.
Гурӯҳҳои ифротгаройи динии «Боку ҳаром» ва «Аш-шабоб», ки дар кишварҳои Нигер, Сомалӣ ва Молӣ фаъолият доранд, соли 2011, пас аз ишғоли шаҳри таърихии Тумбакту, бузургтарин ганҷинаи китобҳо ва дастхатҳои нодир дар Африкоро огоҳона хароб карда, бино ва китобҳои онро оташ заданд. Онҳо бо ин амали тахрибкорона на танҳо дастхатҳои қадими бостонӣ, балки ҳазорон нусха китоби илмии даврони исломӣ ва санаду ҳуҷҷатҳои нодири таърихи ин кишварҳоро нобуд карданд.
Гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ» дар баъзе минтақаҳои Ироқ ва Сурия даҳшатнокгарин амалҳои зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддуниро ба намоиш гузошт, ки барои ҳама маълум аст. Онҳо баробари ишғоли шаҳрҳо чун қабилаҳои ваҳшӣ вориди музейҳо шуда, ёдгориҳои ҳунариву фарҳангии бостониро бо табару зоғнулу арраҳои барқӣ шикастанд ва китобу мусаввараву нигораҳоро пора карданд. Хусусан, ҷанги ваҳшиёнаи ДИИШ бо фарҳангу таъриху тамаддуни башарӣ дар шаҳри бостонии Полмирои Сурия башариятро ба ҳайрат гузошт. Онҳо ин шаҳри таърихии чандҳазорсоларо, ки аз даврони Ошуриён ҳифз мешуд, бо тамоми восита хароб карданд, бинову манораву ёдгориҳоро тарконданд.
Умуман, ҷанг бо ҳунару фарҳанг, бо мактабу маориф, душманӣ бо илму огоҳӣ, нафрат ба таъриху тамаддун ва зиддият бо рушду ободӣ як ҷузъи тафаккури гурӯҳҳои ифротгаройи динӣ мебошад. Онҳо таълимоти исломиро аз фарҳанг, аз ҷумла, аз фарҳанги исломӣ, ҷудо карда, онро аз арзишҳои олитарине чун илм, огоҳӣ, раҳм, шафқат, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ, некӣ, зебоӣ, созандагӣ ва ғайра холӣ нигоҳ доштан мехоҳанд. Фаҳмиши онҳо аз ислом, дур аз фарҳанг ва арзишҳои тамаддунофарини исломӣ аст. Онҳо як «ислом»-и холӣ, танг, хашин ва торики худро сохтаанд, ки ҳеҷ умумияте бо таълимоти асили исломӣ надорад.
Бинобар ин, мавҷудияти онҳо таҳдид ба арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддунист. Бо омадани онҳо ба сари ҳукумат дар ҷомеа дигар барои таърих тамаддун, илм, огоҳӣ, ҳунар, мусиқӣ, наққошӣ, хушӣ, озодӣ, муҳаббат, зебоӣ ва ғайра ҷой намемонад. Аз ин рӯ, ҳар як инсони бофарҳанг ва огоҳу озод бояд шахсан дар мубориза бо ин офати азим саҳм бигирад ва ба ин муборизаи тамаддун алайҳи ҷафокорон ҳамроҳ шавад.
Ифротгароёни навпайдои динӣ, ки асосан пайравони равияи салафияи такфирӣ ва ҷиҳодӣ ҳастанд, фақат худро пайравони воқеии ислом дониста, ибодати мусулмононро дар доираи мазҳабҳо қабул надоранд ва танҳо эътиқод ба тарзи салафиягии диндориро дуруст медонанд. Пешвоёни ин равия, ҳам дар масъалаҳои ақидатӣ ва ҳам ибодатӣ ин мавқеъро талқин ва таблиғ мекунанд.
Масалан, дар рисолаи «Тавҳид»-и бунёдгузори ваҳҳобия Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ва дар рисолаи «Равиши намозгузории Паёмбар (с)»-и Носируддини Албонӣ - яке аз пешвоёни асосии салафияи муосир, метавон дид, ки чӣ тавр онҳо талош намудаанд меъёрҳои мазҳабии исломиро нодуруст нишон дода, равиши махсуси салафии худро ба пайравон омӯзонанд. Пайравони мавҷи нави ифротгаро - гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ» бошанд, ғайр аз худ тамоми мусулмонони ҷаҳон, ҳатто уламои маъруфи олами исломро кофир эълон карда, қатли онҳоро раво медонанд ва ба ғорат бурдани моликият, зану фарзанди онҳоро барои худ дуруст мешуморанд.
Имрӯз шахрвандоне, ки ба сафи равия ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан, хоинони ватан ва миллат маҳсуб меёбанд. Чаро онҳоро хоинони ватану миллат меноманд? Таркиби ҷинояти онҳо ҳамчун хоини ватану миллат дар чист?
Тавре аз зикри хатарҳои ин гурӯҳҳо маълум шуд, яке аз муҳимтарин барномаҳои гу-рӯҳҳои ифротӣ аз байн бурдани давлатҳои мустақил дар минтақа, аз ҷумла аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷи-кистон мебошад. Илова бар ин, онҳо ба сохти давлатдорӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихии мо муқобил буда, нисбат ба онҳо нафрати беандоза доранд. Хулоса, ба сари қудрат омадани онҳо маънои аз байн рафтани давлати мустақил, ҷангу ҷидол, нобудии таъриху фарҳанг ва миллати моро дорад.
Пас, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, бевосита дар мақсадҳои шуми онҳо ва фаъолияти зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик хоҳад буд. Яъне, барои аз байн бурдани давлату миллати худ ҳамроҳ бо ифротиён меҷангад, мақсади онҳоро амалӣ мегардонад. Ҳамин тавр, ӯ дар муқобили давлату ватану миллати худ қарор мегирад, хоини ватан ва хоини миллат мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ (26-уми июли соли 2015) дар бораи ин гуна шахсон гуфта буданд: «Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан - Модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд. Дар тули таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан - Модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад».
Худобердӣ ХОЛИҚНАЗАР
Директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Диданд: 711
Дар ҷомеаи мо нафароне ҳастанд, ки ба доми гумоштагони ташкилоти байналмилалии экстремистии «Ҳизб-ут-таҳрир» афтида, фирефтаи таблиғоти харобкоронаи онҳо мешавад. Гарчанде фаъолияти ин ташкилоти ифротгарои моҷароҷӯй дар кишварамон манъ гардидааст, як фирқа гумроҳшудагон бе ягон андеша узвияти онро қабул мекунанд. Ҳамин тавр, ба як навкари фармонбардори ин ташкилоти пинҳонкори зиддидавлатӣ табдил меёбанд. Бо супориши хоҷагони ҳизбиаш фаъолона аз пайи гирди худ ҷамъ овардани аъзою ҳамсангарҳои нав мешавад.
Аз ин бармеояд, ки шояд на ҳама аз мақсаду ҳадафҳои ин ташкилот хабар дошта бошанд. Бояд гуфт, ки «Ҳизб-ут-таҳрир» соли 1952 дар давлати Фаластин таъсис ёфта, мақсади ниҳоияш барпо кардани як хилофати исломӣ дар ҳудуди давлатҳои мусулмоннишин мебошад. Онҳо ҳамаи давлатдориҳоеро, ки ҳоло дар қаламрави кишварҳои мазкур вуҷуд доранд, зиддиисломӣ ҳисоб мекунанд. Бинобар ҳамин, тарафдоронашонро ба ҷиҳод алайҳи ин давлатдориҳо ва бо зурӣ, бо роҳи мусаллаҳона сарнагун сохтани онҳо даъват мекунанд. Ҳамаи ҷангу ҷидолҳо, қатлу кушторҳои одамони бегуноҳ дар давлатҳои гуногуни мусулмонӣ, ки имрӯз ҷаҳонро ба даҳшат овардаанд, аз ҷониби пайравони, ана ҳамин ҷунбишҳои харобкор содир мегарданд. Фарқе нест, ки онҳо имрӯз ҳар ҷо ташкилоту гурӯҳҳо ва номҳои ҳархела доранд. Роҳи ҳамаашон як, вайрон кардани сохторҳои давлатӣ ва расидан ба мақсадҳои нопоки шахсиашон мебошад. Барои ҳамин бе гап нест, ки ҳоло онҳо дар минтақаҳои ишғолкардаашон конҳои нафтро соҳиб гардида, онро худсарона ба фурӯш баровардаанд, бонкҳо, молу мулки одамонро ғорат ва бо пули ҳамаи онҳо яроқи марговар харидорӣ мекунанд. Ният ва амалу кирдорҳои ғайриинсонии ифротгаорён зидди Конститутсияи амалкунандаи давалати мо буда, ба барҳам додани кишвари ободу осоиштаи мо равона гардидаанд. Ҳамин нияти бади «Ҳизб-ут-таҳрир» буд, ки ҳанӯз соли 2001-ум Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро дар қаламрави кишварамон манъ карда буд. Амали аъзоёни ин ташкилот дар бисёр давлатҳои дигар ҳам қатъ гардидааст.
Аммо боиси нигаронист, ки ин гуна инсонҳо дар дунё яктову дуто нестанд. Одамони бегуноҳро дар Ироқу Сурия киҳо ба ҳалокат мерасонанд, гаравгон мегиранд, шаҳрҳоро хароб месозанд? Аъзоёни ҳамин гурӯҳҳо, албатта. Ҳамин гуна одамон ба халқи худ низ хиёнаткоранд ва сад таассуф, ки онҳо аз ноҳияи мо ҳам баъзе думравону бандагони хешро пайдо кардаанду дар хоки бегона ба кирдорҳои ғайриинсонии зидди мардумӣ: ба монанди ғорат ва қатлу куштори мусулмонон шарик шудаанд.
Агар фикр карда бинед, решаи ҳамаи ин зуҳуроти нобахшиданӣ дар чаласаводиву бедонишии динӣ аст. Чунки агар онҳо савод медоштанд, мефаҳмиданд, ки гурӯҳбозӣ, тафриқаандозӣ дар ислом гуноҳ аст. Ва шиаву суннӣ, ки ҳоло дар Ироқу Сурия бо ҳам меҷанганд, самараи ҳамин гурӯҳбозӣ дар ислом барои мансаб, барои тоҷу тахт аст. Мефаҳмиданд, ки ба як каси бегуноҳ ҳамла кардан назди Худо гуноҳи азим аст ва оқибати рафтори ҳар як кас хоҳ диндор ва хоҳ бедин, дар дасти Худост. Бандагон ҳақ надоранд дар бораи имони касе ҳукм бароранду дар ҳамин асос ба амали ваҳшиёнае даст бизананд. Мефаҳмиданд, ки дунё фақат аз мусулмонҳо иборат нест, ҳатто ҳамин Тоҷикистони мо ҳам. Дар олам дину мазҳабҳои гуногун ҳастанд ва ҳамаи онҳо ҳаққи мавҷудият доранду ҳукмкунанда фақат Худост, ки доност ба ҳамоне, ки кадомаш ҳақу кадомаш ноҳоқ аст. Инсон иҷозат надорад, ки ба хотири исботи дурустии ақидааш силоҳ бардорад. Агар ин тавр мешуд, дунё дар хоку хун оғушта мегардид.
Шукр, ки давлати тозаистиқлоли мо роҳи дунявии давлатдориро пеш гирифтааст, чунки он баробарии динҳо, демократияро таъмин мекунад ва намояндагони ҳамаи динҳо дар ибодату эътиқодҳояшон озоданд. Кӯшиши зиёдаравӣ кардан, ақидаҳои яктарафаю ифротии гурӯҳҳои иртиҷоии исломиро аз хоки бегона ба Тоҷикистон овардану сари мардум бор кунонидан ягон оқибати хуб надорад. Ин гуна касон зидди тамоми ҷомеа мешаванд, ҳатто зидди падару модари худашон, аз падару модар, аз зану фарзанд даст мекашанд. (ба таърихи ҷанги шаҳрвандӣ нигаред). Ҳақиқат ҳамин аст, ки мо бояд аз панду андарзҳои ниёгони худ истифода карда, фарзандонамонро огоҳ кунем, ки ин тариқаи рафтору зиндагӣ хатост ва оқибати хуб надорад. Мо бояд пеш аз ҳама маърифатпарвар бошем, бо дониш чашми фарзандонамонро кушоем. Махсусан, саҳми модарон дар ин кор хеле барҷаста буда, ба хотири он, ки онҳо фарзандонашонро хуб раҳнамоӣ карда тавонанд, бояд худашон донишманд, аз оламу одам бохабар бошанд, ба саводомӯзии фарзандонашон дар мактаб эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Фақат ҳамон вақт мо аз ин ҳодисаҳои ногувор эмин буда метавонем, ки дар пешрафту шукуфоии давлатамон саҳмгузор бошему амнияти давлатамонро ҳифз карда тавонем.
Воҳидов Б.
Подкатегории
Саҳифаи 55 аз 64