- Диданд: 1087
Ҳамдиёрони арҷманд, дӯстони азиз!
Ҳамаи Шумо ва дар симоятон тамоми мардуми меҳнатқарини ноҳияи файзбори Рӯдакиро ба муносибати ин санаи фархунда, Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самимона табрик гуфта, бароятон бахту саодат, оромиву осудагӣ, некбахтию пирӯзиҳо, хонаободӣ ва дар хонадонатон файзу баракат таманно мекунам.
Парчами имрӯзаи давлатӣ, ки ҳоло дар дастҳои шумо ҳамдиёрони гиромӣ алвонҷ хурда истода, болои саратон парафшонӣ дорад, воқеан яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосир, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузашта, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Дар он рангҳои сурх, сафед ва сабз талошу муборизаҳои халқи тоҷикро барои озодиву истиқлол ва барпо намудани зиндагии осудаву поянда ифода карда, тоҷ ва ҳафт ситора, ҳамчун рамзҳои барои миллати мо муқаддас, соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистонро инъикос менамоянд.
Ин рамзи соҳибдавлатии мо низ дар баробари Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ зодаи Истиқлолият буда, рамзи тантанаи давлатдории миллӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Ватани маҳбубамон аст, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон таҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои бузург: сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд, тасдиқ гардида, эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони барои ҳар кадоми мо азизро, афзуд.
Ҷашнгирии Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтикори бевоси-таи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти мӯҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷик-истон қабул карда шудааст.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал соли 2009, ҳамчун, иди умумимилӣ ҷашн гирифта шуд.
Сарвари давлат дар суханронияшон дар таҷлили нахустини Рӯзи Парчам изҳор намуданд, ки: «Миллати тоҷик, ки дорои таърих ва суннатҳои хеле қадимаи давлатсозиву давлатдорӣ мебошад, аз дав-раҳои бостонӣ соҳиби давлати мутамарказ ва рамзу рукнҳои хоси он буд.
Дар ин маврид тасвиру хусусиятҳои хоси Дирафши Ковиёнро, ки ҳоло дар Ливои Президенти Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо инъикос ёфтаанд, хотирнишон кардан кофист.
Бале ҳақ ба ҷониби Пешвои миллатамон аст: Барои хурду калони Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳимтар аз ҳама он аст, ки Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пай-васта ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад.
Воқеаи фараҳбахш ва далели дигари нуфузи Парчами миллӣ ин бунёд гардидани рамзи давлатии пуршукуҳи Парчами миллӣ дар пойахти мамлакат мебошад.
Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.
Мо, Тоҷикистониён аз он сарбаландем, ки бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдатамон ва таҳти парафшонии Парчами давлатӣ дар роҳи инкишофи давлат ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузорем.
Дар ин радиф, ҳар яки мо бояд пайваста кушиш намоем, ки ҷаҳду талошҳои Сарвари давлатамонро баҳри беҳдошти зиндагӣ ва рушди ҷомеа қадр намуда, Истиқлолият ва сулҳи бо заҳматҳои зиёд ба даст омадаро, ки Парчами миллӣ низ зодаи он аст, чун гаҳвараки чашм ҳифз намоем, бо меҳнати ҳалол, ақлу хиради солим, донишу таҷриба, пешрафти ватани азизи худро таъмин намоем.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши таҷлили Рӯзи Парчами Давлатӣ бори дигар шумо ҳамдиёрони гиромиро муборакбод намуда, бароятон азму иродаи қавӣ ва боварию эътимод ба ояндаи дурахшони Ватани азизро таманно мекунам.
Саломат бошед.
- Диданд: 705
Ҳамдиёрони гиромӣ,
Меҳмони басо арҷманди диёри мардумони сарбаланди ноҳияи Рӯдакӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, муҳтарам Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд!
Мо, дар лаҳзаҳои гуворои ҷашни яке аз тадбирҳои фархундаи таърихӣ, иди бузурги умумихалқӣ ва барои ҳамаи Тоҷикистониён муқаддас - Маросими ба истифодадиҳии иқтидори аввал - Чархи якуми Нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун қарор дошта, бо шодкомӣ дар ин майдони муҳташам сарҷамъ омадем, то ки шукуҳу шаҳомоти иншооти аср будани ин манбаи Нурамонро, бори дигар собит созем.
Ҳамаи шумо ва дар симоятон тамоми мардуми диёрамонро, бо камоли ифтихору сарфарозӣ, ба муносибати ин ҷашни бузургу тақдирсоз - мавриди истифода қарор гирифтани чархи якуми иншооти асри Тоҷикистониён, аз самими қалб ва садоқати бепоён, табрику муборакбод, менамоям.
Бо набарди халқ Роғун нурборон мешавад,
Иқтидораш иқтидори Тоҷикистон мешавад,
Рушд меёбад зи нерӯяш тамоми соҳаҳо,
Зиндагӣ осудаю ҳар мушкил осон мешавад.
Бо шукрона аз ин давлат, таманно менамоем, ки Нури Роғун бароямон раҳнамо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Прези-денти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоятгари фатҳу нусратҳоямон бошад!
Мутмаинем ва бо такрор мегуем, ки НОБ-и Роғун рамзи соҳибистиқ-лолиятии энергетикӣ кулли Тоҷикис-тониён аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кардааст.
Сохтмон ва ба кор даровардани ин иншооти бузурги энергетикӣ ба навиштани достонҳо меарзад ва он худ достони қаҳрамонии баёнгари иродаи устувору ҷасорати рустамона, хиради беҳамто, дилбастагӣ ба Ватан ва садоқати бепоён ба давлат, мебошад.
Нерӯгоҳи Роғун бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнерге-тикии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Бе нерӯгоҳи Роғун рушду тараққиёти босуръат ва ояндаи пурсаодати давлати Тоҷикистонро тасаввур кардан мушкил аст. Маҳз ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд: «Ҳаёту мамоти Тоҷикистон вобаста ба Роғун аст».
Агар аз худ пурсем мо - Чист Роғун? Мегӯем: «Роғун - ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷкистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишо-варзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рушноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад!
Роғун-воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемо-ристону ятимхонаҳо, хонаҳои пирон-солон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад!
Роғун сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои мост!
Агар боз пурсем - Чист Роғун? Боз гӯем: Роғун майдони мехнату набард, Роғун матонат, чойи заҳмат ва Роғун макони ҳосили меҳнат аст.
Мавриди истифода қарор гирфитани чархи нахустини НОБ-и Роғун гувоҳи сиёсати пайгирона ва марҳила ба марҳилаи Сарвари давлат дар роҳи расидани Тоҷикистон ба давлати аз нигоҳи иқтисодӣ тавоно ва хуррамиву саодатмандии мардумонаш ба ҳисоб меравад. НОБ-и Роғун аз он сабаб иншооти аср номида шудааст, ки дар баробари бахшидани нуру гармӣ манбаи фароҳам овардани шароити хуби маишии мардуми шаҳру деҳот хоҳад гашт.
Бо ба кор даромадани ин иншооти бузурги аср, имконоти шодобгардонии садҳо ҳазор гектар заминҳо дар минтақа муҳайё мегардад. Гузашта аз ин имконоти Тоҷикистон доир ба истеҳсол ва ва содироти нерӯи барқ ба маротиб боло меравад ва аз ин сарвати аз ҷиҳати экологӣ безарар, дигар кишварҳои ҳамсоя низ метавонанд баҳравар гарданд.
Бегуфтугӯ, бунёди НОБ-и «Роғун» ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст, ки барҳақ гуфтаанд: «Нерӯгоҳи барқии обии Роғун чун ҷабҳаи кору пайкор барои насли имрӯзаи тоҷик воқеан ба як мактаби бузурги касбомӯзӣ, бунёдкорӣ ва афзудани маҳорату малакаи касбӣ табдил ёфтаст». Воқеан ҳам чунин аст.
Ин рӯзи некро, тамоми Точик-истониён солхо интизор буданд. Фарзандони бо нангу номуси Ватан, мутахассисону сохтмончиёни баланд-ихтиссос барои наздик овардани ин рӯзи таърихи шабонарӯз заҳмат кашиданд.
Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур, расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Точикистони азизамон мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки дар ин мактаби ҳунару одамият дар ҷараёни сохтмон ҳазорҳо ҷавонони Тоҷикистон соҳиби касбу ҳунар гардина, аз мутахассисони одӣ то дараҷаи устоҳо расиданд.
Бо назардошти фидокориҳои ана ҳамин бунёдкорон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 ноябр дар Қасри миллат ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофотҳои давлатӣ супорида, дар ҷараёни маросими қадрдонӣ таъкид карданд, ки: «Неругоҳи барқи обии «Роғун» иншооти муҳиму стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ роҳбарияти олии кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба сохтмони иншооти гидроэнер-гетикӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои бунёди неругоҳҳои хурду бузург дар қаламрави кишварамон ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намуд».
Ҳамчунин таъкид гардид, ки «Бунёди пурраи ин кохи нур роҳи асосии ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шудани Тоҷикистон буда, омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, сабаби таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии сокинони мамлакат мегардад».
Ҳамдиёрони азиз, Истиқлолияти энергетикӣ, ки чоряк аср боз интизораш будем, дар ҳақиқат як неъмати бебаҳо ва бахти бузурги мо мардумони Тоҷикистон мебошад. Ҳамаи ин осоиштагӣ, тинҷию оромӣ, комёбӣ ва мувафақиятҳо, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба даст омадаанд, бор оварданд.
Ва ин бор таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳои аз бунбасти комуни-катсионӣ ва имрӯз истиқлолияти энергетикӣ мебошад, ки мо Тоҷик-истониён бо роҳбарии Пешвои миллатамон, ба он ноил гардидем.
Ва акнун аз пештара ҳам муташаккилтар, сарҷамъ ва якдил бошем. Дар якҷоягӣ мардумро ба иштироки фаъолона ва саҳмгузориҳо баҳри ободии ватан ҳидоят намоем. Дар хотир дошта бошем, ки барои худ мо худ бояд бикунем.
Умуман, ояндаи давлат, миллат ва Тоҷикистони азиз аз муносибати мою шумо нисбати кору фаъолиятамон вобаста аст.
Аз ин рӯ, бояд ҳар яки мо, ҳар фарди худогоҳу худшинос, ҳар шахси бонангу номус, ба хотири пешрафту тараққиёти кишвар, ба раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳамроҳ шуда, беш аз пеш дар ободсозии сарзамини аҷдодии худ саҳмгузор гардад.
Пас биёед, якдилу яктан шуда, дар атрофи ғояи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мо» муттаҳид шуда, муташаккилона фаъолият ва зиндагӣ намоем.
Бо шукрона аз Ватандориямон, бояд пайваста кушиш намоем, ки ҳар як хишти бинои давлати соҳиб-истиқлолу ҳуқуқбунёди тоҷикон мус-таҳкамтар гузошта шуда, давлатдории миллати куҳанбунёдамон дар ҷаҳони мураккаби асри навин, симои хешро дошта бошад.
Ҷиҳати нигоҳ доштану инкишофи дастовардҳои бо заҳматҳои зиёд ба даст омада, бо меҳнати ҳалол ва ақлу хиради солим талошҳо намоем. Ин замон аз кӯҳи Роғун сури Ваҳдат мерасад,
Аз ривоҷи корҳо пайғоми нусрат мерасад.
Пешво бо даъвати худ, кард моро муттаҳид,
Аз ҳама атроф саҳми халқу миллат мерасад!
Бори дигар ҳамагонро ба муносибати ба истифода дода шудани чархи якуми Неругоҳи обӣ -барқии Роғун табрик гуфта, бароятон ҷаҳду талош, азму иродаи қавӣ, боварию эътимод ба ояндаи дурахшони кишвари азиз ва рӯзгори осударо таманно дорам.
Бигзор, Нури Нерӯгоҳи Роғун, дар дилу дидаи ҳар яки мо меҳри Ватанро афзунтар намояд!
Бигзор, азму иродаи шикастно-пазир ва нерӯи офарандаи халқамон моро ба сӯйи пайкорҳои созанда, ҳидоят намояд.
Бо як овоз мегӯем: Чист Роғун?
Роғун ин иқтидори давлат аст,
Кони ганҷу маҳзани нуру сарват аст
Роғун ҳастии миллати мо ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст!»
Сарбаланду саломат бошед!
Подкатегории
Саҳифаи 60 аз 64