Ба ҳамагон маълум аст, ки сулҳу суботи Тоҷикистон бар ивази ҷонфидоиҳои ҷавонмар-дони шуҷои Ватан ба даст омада, барои расидан ба чунин вазъи мусоид халқи тоҷик кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дода, рӯзҳои даҳшатноку фоҷиаборро сипарӣ намуда, даврони мушкили иқтисодиву иҷтимоиро паси сар кардааст.
Имрӯзҳо халқи тоҷик дар арафаи ҷашни бузург-Ваҳдати миллӣ қарор дорад. Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ басо намоёну бузург аст. ӯ ҳамчун меъмори сулҳи тоҷикон, пешвои ваҳдатофар ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хотима гузошта, бунёди сулҳу ризоияти миллиро бо такя ба арзишҳои таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии осоишта ба воқеият табдил дода, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам тақвият бахшид. Ҳамин Пешвои мо буд, ки бо қувваҳои мухолифин дар гуфтушунид шуд, музокиротро дар доираи васеи сиёсатсамадорон анҷом дод ва ниҳоят ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонида, барои санаи 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа заминаҳои ҳуқуқию сиёсиро фароҳам сохт. Сулҳи тоҷиконро ба даст овард, заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба кулли беҳтар кард, ки аз он эътибори сиёсии давлат дар арсаи байналмиллалӣ афзуд.
Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа, ҳамчун санаи фархундаи таърихӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд ва он ҳамчун дастоварди миллӣ ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Нодида гирифтани чунин хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пос надоштани арзиш-ҳои муқаддаси соҳибистиклолии давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ амали баръало равшани носипосӣ ва ношукрист. Дар ҳоле ки аз Ватан ношукрӣ кардан гуноҳ буда, ватандӯстӣ аз имондорист.
Таърих исбот намудааст миллатҳое, ки баҳри рушду нумӯи давлати миллии худ мубориза мебаранд, ҳадафҳои худро дар доираи мафкураи миллӣ асоснок менамоянд, имрӯз бисёр муваффақанд. Имрӯз вақти он расидааст, ки мафкураи миллиро дар байни оммаи васеи шаҳрвандон таблиғу ташвиқ намуда, онро ҳамчун ғоя ба хислати ҳамагонӣ табдил диҳему барои инкишофи босуръати Ватани азиз саҳм гузорем. Ҳамчунин Ваҳдати миллӣ дар баробари андешаи миллӣ моро ҳидоят менамояд, ки дар бораи рушди соҳаҳои муҳими афзалиятноки иҷтимоии ҷомеа, аз ҷумла соҳаи маориф зиёдтар таваҷҷӯҳ зоҳир намоем. Масъулияти бештарро дар тарбияи насли худогоху худшинос, ватандӯсту зираку ҳушёр эҳсос намоем. Аслан ба насли ҷавон талқин кунем, ки ҷавҳари худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ, пеш аз ҳама дӯст доштани модар, забон, Ватан, таърих ва арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад. Дар ҳамаи динҳо, алалхусус дини мубини ислом, тамоми ибодатҳо бар ахлоқ асос меёбанд. Ҳадафи ибодат низ сохиб гаштан ба ахлоқи нек аст. Ин ҷо фармудаи Пайғам-бари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ёдовар шудан бамаврид аст: «Мусулмон танҳо касе аст, ки аз дасту забони ӯ ҳамаи мусулмонон дар саломат бошанд ва ба касе азият нарасад. Муъмин касе аст, ки мардум дар хуну моли худ аз дасти ӯ дар ҳифзу амният қарор гиранд».
Чи тавре, ки огаҳӣ дорем бархе аз ҷавонон ба дасисаву ангезаҳои хаёлии аҷнабиён ва душманони миллат ихлос намуда, ҳатто пайрави онҳо мегарданд. Ҳар гуна рафтори бадро кӯр-кӯрона қабул мекунад. Тобеи фикрҳои дигарон, ё худ одамони норизо аз ҷомеа мегарданд.
Дар ҳамин ҳол вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, падару модарон пеш аз ҳама мустаҳкам намудани мафкураи миллӣ дар ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандустиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатхои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудани онҳо мебошад. Ҷавонон бояд соҳибилм, эҷодкор, бомаърифат, бофарҳанг, меҳнатдӯст ва солимфикр бошанд.
Ҳамзамон ташаккули зеҳнӣ, илмӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллии ҷавонон, муҳаббати беандоза ба Ватан, парҳез аз бегонапарастиву таассуби динӣ, моҷароҷӯйй, терроризм ва экстремизм вазифаи тамоми сокинони мамлакат маҳсуб меёбад.
Моро зарур аст, ки ба қадри суботу оромӣ бирасем ва аз пайи омӯзишу бунёдкорӣ, рушди иқтисодиёт ва пешрафти дигар самтҳои кишвари азизамон - Тоҷикистон бошем. Бешак, Ваҳдати миллӣ, иттиҳоду ягонагӣ, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими халқиятҳои хирадманд ва сулҳпарвари Тоҷикистон бори дигар собит месозад, ки имрӯз таҳким ва ҳифзи он қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад
М. Қаландаров