Дар чеҳраи роҳбарияти ҲНИТ золимону хиёнаткоронро мебинам, зеро, кайҳо собит шудааст, ки амалҳои террористии моҳи сентябри соли 2015 рухдода дар паси пардаи ҳизби мамнуъшудаи наҳзати ислом тарҳрезӣ шуда, мақсад табаддулоти давлатӣ дар кишвар буд. Созмондиҳандаи он роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ буд, ки имрӯз худро мусичаи бегуноҳ шуморида, таҳти ҳимояи баъзе доираҳои худкомаи Иттиҳоди Аврупо қарор дорад.
Дар баробари ифшо шудани чеҳраи ҳақиқии ҳизби мазкур, ахиран андешаҳои ошкору ниҳони раҳбари собиқи он низ намоён мешавад. Вақте ки мақсаду мароми инсон танҳо дар ғасби ҳокимият асос ёфта, барои ӯ хуни ноҳақ рехтан амри маъмулӣ бошад, аз чунин фарди манфиатхоҳ сар задани иштибоҳоти дигар низ дур нест. Мақсад тафриқаандозӣ ва барангехтани кинаву адоват аст. Кабирӣ миллатро соддаву зудбовар хонда, тамоми иллатҳои ҷомеаро ба ин сифатҳои мардум мансуб донистааст.
Барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки Кабирӣ шаш моҳ қабл аз хиёнату балвои сентябрии наҳзатиҳо бо сарварии Назарзода аз Тоҷикистон дум хода кард, то зери ҳидояту роҳнамоии хоҷагони эрони-аш Тоҷикистонро мисли роҳбарони аввалаи ин ҳизби террористӣ ба хоку хун кашад. Ӯ худу фарзандонашро берун бурду ҳамҳизбонашро ба содир кардани ин ҷинояти вазнин дастур дод.
Хушбахтона ин ҷиноят бо дастгирию кӯмаки худи мардуми Тоҷикистон пешгирӣ гардид. Мардуми шарифи Тоҷикистон дигар сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонад, бо бозиҳои Кабирию хоҷагонаш кайҳо ошноянд. Бо ин нолаву шевани сохтае, ки Кабирӣ дар назди аврупоиҳои ба қавли худашон «ҳомии ҳуқуқи башар» баромад мекунад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависаду ҳамарӯза паҳн меку-над, танҳо як-ду террористе мисли худу ҳамдастонаш бовар мекунанду онҳое, ки мехоҳанд ба ин васила бар сари Тоҷикистони соҳибистиқлол борони туҳмату сиёҳӣ сарозер созанд.
Ҳамчунин, Кабирӣ дар бораи «пешво» андешаҳои ғаразноки худро иброз дошта, онро хоси миллати мустақил намедонад. Ба ақидаи Кабирӣ амри пешвосозӣ танҳо дар қабилаву тӯда ва дигар сохтори издиҳом аст. Бо ин шарҳи ғаразнок роҳбари созмони террористӣ Муҳиддин Кабирӣ на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки мардуми Қазоқистон ва дигар миллатҳоеро, ки соҳиби пешвои сазоворанд, таҳқир кардааст.
Суоле ба миён меояд, ки оё вақте Кабирӣ аз фосилаҳои дур ҳар чизеро, ки мехоҳад ба забон меорад. Оё ӯ ба худ мақоми золимиву худхоҳиро нагирифтааст, ки танҳо барои худ дар қалби Иттиҳоди Аврупо қароргоҳ пайдо карда, мунтазам дасиса ва иғвои дуруғинро дар ҳаққи миллату давлати тоҷик паҳн мекунад, дар сурате ки гуноҳи ӯ аз дигарон дида бузургтар аст. Магар ин ҳамон хиёнаткору золим нест, ки солҳои 90-ум асри гузашта ва моҳи сентябри соли 2015 нисбати мардуми Тоҷикистон хиёнату террор кардааст. Пас золиму хиёнаткор кист?..
Зиёвиддини АВЛИЁПУР
***