Ҳамдиёрони арҷманд, дӯстони азиз!

           Ҳамаи Шумо ва дар симоятон тамоми мардуми меҳнатқарини ноҳияи файзбори Рӯдакиро ба муносибати ин санаи фархунда, Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самимона табрик гуфта, бароятон бахту саодат, оромиву осудагӣ, некбахтию пирӯзиҳо, хонаободӣ  ва дар хонадонатон файзу баракат таманно мекунам.

         Парчами имрӯзаи давлатӣ, ки ҳоло дар дастҳои шумо ҳамдиёрони гиромӣ алвонҷ хурда истода, болои саратон парафшонӣ дорад, воқеан яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосир, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузашта, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

         Дар он рангҳои сурх, сафед ва сабз талошу муборизаҳои халқи тоҷикро барои озодиву истиқлол ва барпо намудани зиндагии осудаву поянда ифода карда, тоҷ ва ҳафт ситора, ҳамчун рамзҳои барои миллати мо муқаддас, соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистонро инъикос менамоянд.

         Ин рамзи соҳибдавлатии мо низ дар баробари Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ зодаи Истиқлолият буда, рамзи тантанаи давлатдории миллӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Ватани маҳбубамон аст, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон таҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои бузург:  сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд, тасдиқ гардида,  эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони барои ҳар кадоми мо азизро, афзуд. 

         Ҷашнгирии Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтикори бевоси-таи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти мӯҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷониби  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷик-истон қабул карда шудааст.

         Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал соли 2009, ҳамчун, иди умумимилӣ ҷашн гирифта шуд.

         Сарвари давлат дар суханронияшон дар таҷлили нахустини Рӯзи Парчам изҳор намуданд, ки: «Миллати тоҷик, ки дорои таърих ва суннатҳои хеле қадимаи давлатсозиву давлатдорӣ мебошад, аз дав-раҳои бостонӣ соҳиби давлати мутамарказ ва рамзу рукнҳои хоси он буд.

          Дар ин маврид тасвиру хусусиятҳои хоси Дирафши Ковиёнро, ки ҳоло дар Ливои Президенти Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо инъикос ёфтаанд, хотирнишон кардан кофист.

 Бале ҳақ ба ҷониби Пешвои миллатамон аст: Барои хурду калони Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳимтар аз ҳама он аст, ки Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пай-васта ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад.

          Воқеаи фараҳбахш ва далели дигари нуфузи Парчами миллӣ ин бунёд гардидани рамзи давлатии пуршукуҳи Парчами миллӣ дар пойахти мамлакат мебошад.

           Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад. 

          Мо, Тоҷикистониён аз он сарбаландем, ки бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдатамон ва таҳти парафшонии Парчами давлатӣ дар роҳи инкишофи давлат ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузорем.

          Дар ин радиф, ҳар яки мо бояд пайваста кушиш намоем, ки ҷаҳду талошҳои Сарвари давлатамонро баҳри беҳдошти зиндагӣ ва рушди ҷомеа қадр намуда, Истиқлолият ва сулҳи бо заҳматҳои зиёд ба даст омадаро, ки Парчами миллӣ низ зодаи он аст, чун гаҳвараки чашм ҳифз намоем,  бо меҳнати ҳалол, ақлу хиради солим, донишу таҷриба, пешрафти ватани азизи худро таъмин намоем.

          Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши таҷлили Рӯзи Парчами Давлатӣ бори дигар шумо ҳамдиёрони гиромиро муборакбод намуда, бароятон азму иродаи қавӣ ва боварию эътимод ба ояндаи дурахшони Ватани азизро таманно мекунам.

 Саломат бошед.