Тибқи нақшаи чорабиниҳои бунёдкорию ободонӣ, сохтмони иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ ва корхонаҳои нав дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳои Чимтеппаи ноҳия майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Иншоот бо маблағи аз 120 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфта, масоҳати умумиаш 800 метри квадратиро ташкил медиҳад. Дар расми ифтитоҳи майдончаи мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, инчунин омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳа иштирок намуданд.