Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба Шумо барои  анҷоми аъмоли нек, махсусан аз ғарқшавӣ наҷот додани сокинони деҳаи Ҳоҷиёни шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзода изҳори сипос намуда, ҳамзамон Шуморо ба муносибати иди бузург ва муқаддаси Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик менамояд.

           Ин амали неки Шумо бо фарҳанги инсонпарварӣ ва инсондустӣ ҳаммаъно буда, дар қалби мардум меҳру шафқат ва саховатро ҷой дода, ба инкишофи ҳамдилию ҳамрайъӣ мусоидат намуда, яке аз қисматҳои таркибии асосии ваҳдати миллии Тоҷикистон дониста мешавад.

        Ҷасурӣ ва шӯҷоати Шумо ба хотири дарёфти мартабаву обрӯю эътибор миёни аҳли ҷомеа, байни мардумони Тоҷикистон, хусусан ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун як амали ҷавонмардона паҳн гардида, садҳо ҳазор нафар Тоҷикистонӣ аз ҳамватанӣ бо Шумо ифтихор доранд. Шумо намунаи ибрати ҳамсолон ва ҳамватанон гардидаед ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ низ аз шуҷоату далерии Шумо қаноатманд мебошад.

 

                Саломату сарбаланд бошед, ҳамватани ҷасуру шуҷоъ!  

 

             Конференсияи муштараки ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб, ки имрўз дар толори Қасри фарҳанги ба номи К. Қурбон баргузор гардид, дар доираи баррасиву муҳокимаи масъалаи рўзномаи худ-«Пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Рӯдакӣ, №9», номзадии аъзои ҲХДТ, раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳаммадулло Умарро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.
                Маврид ба зикр аст, ки дар кори Конференсияи мазкур намояндаи КИМ ҲХДТ, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Ҳабибзода Зоҳир Иззат, муовинони раиси ноҳияи Рӯдакӣ, раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳаммадулло Умар ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб Шеров Бахтиёр Ҷалолович ширкат варзиданд.
          Вакилони Конференсияи муштараки ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб низ дар кори Конференсия фаъолона ширкат варзида, дар ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аксарият ҷонибдории худро аз номзади пешбаригардида изҳор доштанд...
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
          Дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ маросими савганёдкунии наваскарони кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
               Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумита, рохбари дастгоҳи Раиси ноҳия ва дигар масъулини соҳа  иштирок намуданд.
 
 
 
 
 
 

Подкатегории