5-ноябр дар Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Курбони ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба рӯзи Koнститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид ва дар он роҳбарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахшу зерсохторҳои он ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо иштирок карданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас раиси нохия муҳтарам Азизулло Исматзода ҳозирин ва тамоми сокинони ноҳияро ба ин рузи саид табрику муборакбод намуда ва зимни сухаронӣ қайд карданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон ҳамчун хуҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат санади асосии таърихи навини мардум ва қавму халқиятҳои Тоҷикистон буда, рузи қабули он яке аз санаҳои муҳимтарин дар таърихи давлатдорӣ маҳсуб меёбад ва ҳамчун руйдоди арзишманду фараҳбахш дар зиндагии ҷомеа барои мардуми Точикистони озоду соҳибихтиёра Рӯзи иду фараҳманди ва рузи мурод ба ҳисоб меравад.
Инчунин омузгори МТМУ 82 Файзиддин Зувайдуллоев ва муовини Колечи техникию омузгори Рахмонали Шарипов дар бораи муҳимияти ин хуччати таърихиву сарнавиштсози миллат маърузаи пурмуҳтаво намуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ бошад, ҳунармандони Қасри фарҳанг бо роҳбарии мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Хайриддини Бозор, бо барномаи нави консерти ва шеъру таронаҳои ватандӯстона хотири ҳозиринро шод гардониданд.