ПАРЧАМИ МИЛЛӢ-ИФТИХОРИ ВАТАНДОРИСТ.
«Дар ҷаҳони муосир соҳиби Парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад.Арҷгузорӣ ба Парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад» иброз доштанд Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Шукргузорӣ аз он бояд намоем, ки Ватани мо Тоҷикистони соҳибистиклол низ соҳиби Парчами миллӣ ва Нишони давлатии худ мебошад.Ҳар як фарди ин кишвари озод кӯшиш ба харҷ медиҳад,ки дар зери ливои Парчами давлатии худ бо меҳнати софдилона зиндагӣ ва фаъолият намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ Парчами Ватани азизи хешро баланд бардорад ва баҳри ободии ин диёри биҳиштосо камари ҳиммат бандад. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш баён намудаанд: «Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон таҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид».
Дар воқеъ, агар каме ба саҳифаи таърих назар афканем, маълум мегардад,ки ҳанӯз 24-ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи 16-умин Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Иҷлосия гузориши академик Муҳаммад Қосимиро дар бораи моҳият ва аҳамияти қабули «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима намуда, қабул намуданд.
Дар арафаи бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баландтарин бурси парчам дар ҷаҳон дар маркази пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар канори чапи Қасри миллат гузошта шуд.Парчами давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон бо сутуни дорои баландии 165 метр ба китоби рекордҳои Гинес ворид гардид. Дарозии матои ин парчам 60-метр дар бар гирифта, бари он 30-метр мебошад.Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед, сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода мекунад.Ранги сурх- ҳаммаънои байти Суруди миллӣ «Зидурии замонаҳо расидаем» мебошад.Шоир муборизаҳои халқи тоҷикро аз замонҳои қадим ба муқобили аҷнабиён барои ҳастии худ меҳофизати маданияташ, анъанаҳои миллиашро фаромӯш накарда, тасвир менамояд.
Ин хуни кист? Хуни ману туст, хуни мост,
Хуни «Авесто» хуни дили Бӯстони мост,
Ин хуни Офтобу Маҳ ин хуни Оташ аст,
Ин хуни Рустам, хуни Кай, хуни Сиёвуш аст.
Ранги сафед рамзи ростиву покист.Устод Лоиқ Шералӣ дар шеъри «Насиҳати модар» ба ростқавлӣ тарбият карданро тасвир мекунад. Шоирон покиро дар шеърҳояшон васф карда мардумро ба сӯи ростиву ростқавлӣ ҳидоят менамоянд. Ниёгони мо одамонро ба покизагии виҷдон адлу инсоф ҳидоят мекараданд. Зардушт дар китоби «Авесто» гуфтааст; «Ҳар як инсон бояд соҳиби рафтори нек ва пиндори нек бошад». Ранги сабз ранги баҳору деҳқонӣ мебошад. Мо хоҳони онеро дорем, ки Тоҷикистони азизи мо ҳамеша мисли баҳор сабзу хуррам боқӣ бимонад. Фақат мо бо меҳнати ҳалол метавонем Ватанамонро обод созем. «Беҳтарин захира барои фардо, кори неки мо имрӯз мебошад» гуфтааст Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлӯи чапи Қасри миллат санги асос ва нома ба наслҳои оянда дар ҷойи бунёди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони бошукӯхи наздаш гузошта ба бунёди он оғози расмӣ бахшиданд,ки қобили арзанда мебошад.
24 ноябр - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Диданд: 298