14-уми ноябри соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исматзода Азизулло,муовинони раиси ноҳия, директори муассисаи давлатии Коллеҷи техникӣ-омӯзгории ноҳия Ҳусейнзода Гулхумор, муовини аввали раиси суди ноҳия Нурулозода Шамъигул, муовини аввали прокурори ноҳия Ҳазратзода Хайём, намояндагони бахшу зерсохторҳои МИҲД-и ноҳия,ташкилоту муассисаҳо ва аъзоёни фаъоли ҷавонони ноҳия баргузор гардид.
Ҷаласаи мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, нахуст раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исматзода Азизулло ҳозиринро ба ин санаи таърихии Иҷлосияи тақдирсози миллати тамаддунофари тоҷик табрику таҳният намуда, аз лаҳзаҳои баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, суханҳои пурмуҳтаво иброз доштанд.
Зимни баргузории ҷаласаи мазкур муовини аввали раиси суди ноҳия Нурулозода Шамъигул, муовини аввали прокурори ноҳия Ҳазратзода Хайём ва директори муассисаи давлатии Коллеҷи техникӣ-омӯзгории ноҳия Ҳусейнзода Гулхумор бо маърӯзаҳои пурмазмун бори дигар ба аҳли ҳозирин аз давраҳои ҳассос фаромӯшнашавандаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки тақдири миллати тоҷикро ба сӯи ояндаи дурахшон роҳ кушод, маълумоти муҳими таърихиро баён намуданд.
Бо мақсади қадрдонии беандоза аз фурсати муносиби ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда, аз чониби раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исматзода Азизулло ба варзишгари шинохта ва паҳлавони маъруфи тоҷик, ҳамдиёрамон, Темур Раҳимов,ки бо ғалабаи наваш дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Baku Grand Slam 2022» рӯзҳои 4-6-уми ноябр дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку баргузор гардида буд, тӯҳфаи пулӣ ба миқдори 25000 сомонӣ тақдим гардонида шуд.
Дар охир ҷаласаи тантанавиро бо замзамаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни анҷом пазируфтанд.