ИҶЛОСИЯИ XIV МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ !!!
29 сентябри соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, таҳти раёсати раиси Маҷлис Исматзода Азизулло Убайдулло Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарияти ноҳия, вакилони халқӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони идораву сохторҳо ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок доштанд.
Пас аз интихоби котибот, рӯзномаи Иҷлосияи навбатӣ аз рӯйи нуҳ масъала тасдиқ гардида, вакилон ба баррасии масъалаҳо шурӯъ намуданд.
Доир ба масъалаи якуми рӯзномаи Иҷлосия ахбороти раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ Пирзода Абдулло дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаҳои интихоботии “Марказӣ”, №2 Очилдиев И.А., “Алибоӣ”, №9 Ҷурақулов А.А., “Навобод”, №40 Расулова Ш.Ш. ва таъин намудани интихоботи дигар дар ҳавзаҳои мазкур шунида шуда, бо қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ваколати вакилони номбаршуда пеш аз муҳлат қатъ карда шуд.
Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи Иҷлосия ба ҳайати Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ оид ба қонуният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ тағйирот ворид карда шуда, вакил аз ҳавзаи интихоботии “Истиқлол”, №4 Манучеҳр Ҳамидзод раиси Комиссияи мазкур интихоб гардид.
Ҳангоми баррасии масъалаи сеюми рӯзнома дар бораи омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 муовини раиси ноҳия Азиззода Ҳабибулло ахборот пешниҳод намуда, ба вакилони халқ доир ба иҷрои корҳои анҷомдодашуда ва андешидани чорабиниҳои зарурӣ маълумот доданд. Зимни муҳокимаи лоиҳаи қарори дахлдор дар ин самт таваҷҷуҳ ба пешгирии баландшавии нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозор равона гардида, ба масъулин як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар Иҷлосияи навбатӣ ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба саноат, сохтмон, коммуникатсия, савдо ва хизматрасонӣ Эргашзода Туйчӣ доир ба фаъолияти Комиссияи мазкур дар давраи ҳисоботӣ шунида шуда, вобаста ба ҷоннок намудани корҳо дар соҳаҳои болозикр як зумра таклифҳо низ манзур гардиданд.
Зикр гардид, ки бо мақсади ба вуҷуд овардани заводу фабрикаҳои калон низ дар ноҳия тавассути ҷалби сармоя тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд, зеро ноҳияи Рӯдакӣ аҳолии зиёд ва ҳанӯз хеле имкониятҳои истифоданашуда дорад. Бинобар ин, дар навбати аввал таҳия намудани лоиҳаҳои заводу фабрикаҳои истеҳсолии пуриқтидор мувофиқи мақсад дониста мешавад, чунки дар сурати пурра омода будани лоиҳа ва макони банақшагирифташудаи заводу фабрика ҷалби сармоя хеле осон мегардад.
Дар самти сохтмон ва меъморӣ низ дар ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дошта, ба симои ноҳия ҳусни нав зам мекунанд, ки ҳамаи мову Шумо ҳамарӯза шоҳиди ин созандагиҳо ҳастем. Вале ба як нукта таваҷҷуҳ бояд кард, ки тамоми корҳои сохтмонӣ бояд қатъиян тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, бахусус, Кодекси замин, Кодекси шаҳрсозӣ, Кодекси манзил, дигар қонунҳои соҳавӣ ва Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005, №342 тасдиқ шудааст, ба роҳ монда шуда, сифати сохтмон ва тарҳи он ба талаботи имрӯза ҳамаҷониба ҷавобгӯ бошанд.
Боиси таассуф аст, ки дар баъзе иншоотҳои нав талаботи лоиҳа пурра риоя нагардида, қисмати пеши бино рангу бор ва ороиш ёфта, қисмати паси он умуман рангу бор карда намешаванд, ки ин камбудиҳо ба ҳусни ноҳия костагӣ ворид месозад. Бинобар ин, масъулинро зарур аст, ки пеш аз қабули иншоот пурра онро мавриди санҷиш қарор диҳанд ва камбудиҳои ҷойдоштаро дар ин самт бартараф намоянд.
Ҳамзамон, ба як масъала бояд ба таври ҷиддӣ диққат диҳем, ки он ҳама иншоотҳое, ки сохта ва ба истифода дода мешаванд, бояд солҳои тӯлонӣ барои мардум ва давлат хизмат намоянд, дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия саҳмгузор бошанд ва сокинонро бо ҷойи кору маоши доимӣ таъмин карда тавонанд.
Зимни баррасии масъалаҳои панҷум ва шашуми рӯзномаи Иҷлосия қарорҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқ дар бораи ворид намудани тағйирот ба нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи сеюми соли 2022 ва дар бораи қабул намудани даромадҳои иловагӣ, ворид намудани тағйирот ба нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллӣ ва ҷудо намудани маблағ аз ҳисоби барзиёд иҷро гардидани қисми даромад дар семоҳаи сеюми соли 2022 қабул гардиданд.
Вобаста ба масъалаҳои дигари Иҷлосияи навбатӣ масоили тағйироти кадрӣ ва тасдиқи як қатор қарорҳои раиси ноҳия мавриди баррасии вакилон қарор дода шуда, аз рӯйи масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Ҳамчунин, дар Иҷлосияи навбатӣ тибқи таклифи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Истиқлол”, №4 Манучеҳр Ҳамидзод масъалаи ҳолати риоя ва иҷроиши қонунгузорӣ оид ба самараноку оқилона истифодабарии замин дар соли 2021 ва нуҳ моҳи соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зимни баррасии масъалаи мазкур маърӯзаи прокурори ноҳияи Рӯдакӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1 Давлатзода Ҳ.Ҳ. шунида шуда, ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани ҳамагуна қонуншиканиҳои мавҷуда дар соҳаи замин ва таъмини иҷрои талаботи қонунгузорӣ масъалагузорӣ карда шуд.
Дар маҷмӯъ, аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида дар Иҷлосияи навбатӣ вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ 11 қарори дахлдор қабул намуданд.
Манучеҳр ҲАМИДЗОД,
вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия