- Диданд: 118
Бо иштироки раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода санаи 27 сентябри соли 2023 дар деҳаи Насими кӯҳсори ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии МТМУ №100 мавриди истифода қарор гирифт.
Бинои мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби сокинони маҳаллӣ сохта шуда, дорои 6 синфхона буда, бо мизу курсии нав ва дигар ашёҳои аёнии таълим таъмин гардиба, бо фарогирии 240 хонанда дар ду баст фаъолият менамояд.
Норасогии ҷойи нишаст дар муассисаи таълимии мазкур бартараф карда шуд.
- Диданд: 157
Санаи 2-юми июли соли 2023 дар қисми низомии 06870-и Бригадаи ҳамлаовари десантӣ бахшида ба 26-солагии Рӯзи таъсисёбии неруҳои десантии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шералӣ Мирзо ва раиси ноҳияи Рӯдакӣ - Абдуғаффор Ҳикматуллозода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Пеш аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз шарту шароити қисми низомӣ, аз ҷумла хобгоҳ, ошхона, китобхона ва утоқҳои маишиву фароғатии сарбозон дидан карданд.
Дар рафти чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ - Абдуғаффор Ҳикматуллозода баромад намуда, афсарону сарбозони қисми низомиро ба муносибати 26-солагии Рӯзи таъсисёбии неруҳои десантии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфт.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ зикр кард, ки имрӯз халқи тоҷик дар симои Артиши миллӣ ҳимоятгарони боэътимод ва муҳофизони ҷасуру далери марзу буми Ватанро мебинанд. Аз ин рӯ, вазифаи ҷонииҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣаст, ки бароипойдор мондани сулҳуваҳдат ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ саҳмгузор бошанд.
Гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳимояти марзу буми кишвар ва нигоҳ доштани оромиву осудагии мамлакат аз худшиносӣ, худогоҳӣ ва садоқат ба давлату миллат гувоҳӣмедиҳад.
Дар ҳақиқат, волотарин меъёри ватандорию ватандӯстӣ расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол, ба ҷо овардани хизмати ватан ва ҳифзи марзу буми он аст.
Дар хотимаи суханронӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ - Абдуғаффор Ҳикматуллозода бори дигар афсарону сарбозони қисми низомиро ба муносибати солгарди ҷашнашон таҳният хонда, ба онҳо таманниёти неки худро иброз доштанд.
- Диданд: 174
Рузи 31.07.2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муҳтарам Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Аълоҳазрат,
Хабари даргузашти бародаратон Шайх Саид ибни Зоид Оли Наҳён боиси ғояти ҳузну андӯҳи мо гардид.
Вобаста ба ин талафоти гарон ба Шумо ва ҳамаи наздикону пайвандонатон таъзияву таслияти сидқии ин ҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил масъалат дорам. Парвардигор марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат ва ҷояшро ҷаннат гардонад.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун»
Маълумот аз Хадамоти матбуоти
Президенти Тоҷикистон гирифта шуд.
Подкатегории
Саҳифаи 11 аз 64