25-Январ дар Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбонови ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии судманд доир ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 23-уми декабри соли 2022 ба мардуми кишвар ироа гардида буд, баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, Назриён Васлибек Қурбон-сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобошоҳзода Муҳаммадшариф-муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Муҳаммадии Салим-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Абдулло Сатторӣ-мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Муслима Саидмуродова-мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ва аҳли ҷамоатчигӣ ширкат варзиданд.
Зимни вохӯрӣ, сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриён Васлибек Қурбон баромад намуда, мавриди нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда таъкид доштанд, ки: “Чуноне ба ҳамагон маълум аст, тамоми ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат, баҳри осоиштагии Меҳани биҳиштосои Тоҷикистон дар тӯли таърихи на чандон дури миллати тоҷик беҳамтост.
Дар асоси дастуру супоришҳо ва нуқтаҳои асосии Паёми Роҳбари давлат мо бояд вобаста ба авзои ҷаҳон захираи зеҳнии хешро зиёд намоем.
Масъулияти баланди кории тамоми роҳбарону кормандон натиҷаи мусбат ва намунаи ибрат ба насли ояндаи миллат хоҳад буд. Зеро агар ҳар як хизматчии давлатӣ бо дилу виҷдони пок фаъолият накунад, таъсири манфии хешро метавонад ба табақаи поёнӣ низ расонад.
Ҳамчунин, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат қайд гардид, ки бояд ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз синни 18-солагӣ соҳиби ин ё он касбу ҳунар гардад, ки ин албатта аз манфиат орӣ нахоҳад буд.
Равандҳои ҷаҳонишавӣ, бархурди тамаддунҳо, ифротгароиву одамрабоӣ, экстремизму терроризм, тамоюли шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳарактаҳои гуногуни ифротгароӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука овардааст.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори хеш қарор дода, дар ҳамкориву ҳамоҳангӣ саҳми беандозаи худро ба рушду нумӯи мамлакатамон гузорем”.
ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУҚТАҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ.
- Диданд: 265